Дарси Кумитаи дин барои ходимони дини ВМКБ

© SputnikПразднование Рамазана в Душанбе
Празднование Рамазана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод, ки руҳониёни Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо омӯзиш фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи дин, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита ба 50 ходими дини ВМКБ, ки ба курси ҳафтрӯзаи омӯзишӣ ҷалб гардида буданд, гувоҳнома тақдим намуд.

Верующие  во время праздника Иди Курбон в центральной мечети Душанбе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Эълони оғози Рамазон, пули нисоби закот ва фитри рӯза дар Тоҷикистон

“Дар гузашта ходимони дини дигар минтақаҳои кишвар низ ба дарсҳои омӯзишӣ ҷалб гардида буданд”, - изҳор дошт Кумита. Манбаъ тафсилоти ин дарсҳоро барои ходимони динӣ ироа накардааст.

Қаблан мактуби Кумитаи дини Тоҷикистон, зери имзои муовини раиси Кумита, Фаррухулло Олимзода ба интернет роҳ ёфта буд.  Дар ин мактуб ба мақомоти ВМКБ бо такя ба маълумоти мақомоти қудратии кишвар таъкид шуда буд, ки гӯиё "Анҷумани тариқаи исмоилӣ ва таълимоти динӣ” (ITREB) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо баҳонаи дарсҳои забони хориҷӣ таълимоти мазҳаби шиаи имомии исмоилиро ба роҳ мондааст.

Азим Ғуломҳайдаров, сокини деҳаи Даштаки ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон, ки аз “Жигулӣ” “трактор” сохт  - Sputnik Тоҷикистон
Аз “жигулӣ” трактор сохту дар хидмати мардум гузошт: ихтироъкории Ғуломҳайдаров дар ВМКБ

Ҳукумати ВМКБ дар посух ба ин иддаои Кумитаи дин гуфт, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин ташкилоти динии исмоилӣ бо номи Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилии шаҳри Хоруғ 20 марти соли 2014 №132 дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, то ҳоло фаъолият карда истодааст, ки Анҷумани тариқаи исмоилӣ ва таълимоти динӣ як сохтори таркибии он маҳсуб меёбад. Дар доираи салоҳиятҳои оинномавии Кумитаи рушди ҷамоаатхонаҳо Анҷумани таълимоти мазҳабӣ аслан ба омӯзиши забони хориҷӣ машғул набуда, балки дарсеро бо номи “Ахлоқ ва маърифат” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сарпарастӣ мекунад, ки он дар ҳақиқат дар мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва умумӣ берун аз барномаи давлатӣ гузаронида мешавад. Таълими фанни мазкур бо розигии Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1994 №4\197 ва Қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 3 июли соли 1997 №111 ҷиҳати арзиши маънавӣ, тарбиявӣ ва ахлоқӣ доштанаш бо розигии волидайн дар мактабҳо берун аз нақшаи таълимии давлатӣ иҷозат дода шудааст. Маводи таълимии фанни “Ахлоқ ва маърифат” хусусияти иттилоотӣ- маърифатӣ дошта, ҷанбаи ибодатӣ ва расму оинҳои диниро доро намебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Тасодуфию камсаводҳо нагиранд: Президент квота барои ВМКБ-ро 2 баробар зиёд кард

Мақомоти ВМКБ афзуд, ҳадафи умумии барнома омӯзиши таърихи ислом ва фарҳанги мусулмонон ва бархӯрди ахлоқӣ дар ҷомеа буда, кӯшиш шудааст, ки таълим ва тарбияи динӣ ва дунявӣ бо ҳам яксон бошанд, то мувозинаро байни ҷанбаҳои моддӣ ва маънавии зиндагӣ ташвиқ намояд. Маводҳои таълимии ин фан, ки 39 номгӯй адабиёти таълимиро фарогиранд, 30 сентябри соли 2011 дар Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хулосаи №322 аз ташхиси давлатӣ гузашта, тибқи хулосаи мазкур истифобарии он мақбул дониста шуда, иҷозат додани таълими ин фан дар мактабҳо мутааллиқ ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ шудааст.

Таълими ин фан аз он ҷиҳат муфид дониста шудааст, ки шомилшавии наврасону ҷавонони вилоятро ба гурӯҳу равияҳои ифротӣ ва экстремистиву террористӣ пешгирӣ мекунад, таъкид кард Ҳукумати ВМКБ.

Лентаи хабарҳо
0