Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Эълони Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои таҳсил дар Академияи Русия

828
(Таҷдидшуда 18:23 15.05.2019)
Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо нашри як эълон аз довталабони таҳсил дар Академияи гумруки Русия хост, ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод кунанд

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Тибқи иттилои Хадамоти гумрук, хатмкунандагони макотиби кишвар бар асоси созишномаи байнидавлатӣ барои таҳсил ба Академияи гумрукии Русия фиристонида мешаванд.

“Дар соли таҳсили 2019 - 2020 ба Академияи гумруки Русия дар шаҳри Маскав ва филиалҳояш дар шаҳри Санкт – Петербург, инчунин, шаҳри Ростови лаби Дон аз рӯйи ихтисосҳои “Фаъолияти гумрук” – мутахассис, “Ҳуқуқшиносӣ”-бакалавр ва “Иқтисодиёт” - бакалавр довталабон қабул карда мешаванд”, - омадааст дар иттилоияи Хадамоти гумрук.

Манбаъ афзуд, барои ба Академияи гумруки Русия дохил шудан, аризаи довталабон ба номи сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон то 28 майи соли 2019 қабул карда мешавад.

“Суроға - шаҳри Душанбе кӯчаи Бухоро - 50/1, бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ -  223-12-16 ва 221-16-92”, - таъкид шудааст дар эълон.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони гумрук, андоз ва молия аз Шаҳбоз Раҷабзода, сардори терминали рақами 1-и Душанбе интиқод намуд, ки барои камсаводияш ӯро аз Академияи Русия рондаанд. Раисиҷумҳур аз хонаю мошинҳои гаронарзиш ва ҳавобаландии Раҷабзода, ки тайи камтар аз ду соли кораш дар хадамоти гумрук ба даст овардааст, зикр карда, дастур дод, ки аризаашро навишта “гум” шавад.

828