Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Фармоиши Нуриддин Саид барои се рӯзи таътил дар Душанбе: Чаро?

454
(Таҷдидшуда 13:13 23.07.2019)
Се рӯзи таътил дар мактабу донишгоҳ ва донишкадаҳои Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бино ба фармоне эълон мешавад, ки Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон имзо кардааст

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Ин фармон, ки нусхааш дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифтааст, “дар бораи тағйирот ба баргузории рӯзҳои аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ, имтиҳонҳои ҷорӣ ва аттестатсияҳои давлатии хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе” мебошад.

Дар ин санади расмӣ омадааст, ки фармон бо назардошти дар рӯзҳои 14  – 16 июли соли 2019 баргузор шудани саммити 5 – уми Машварати ҳамкорӣ ва таъбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар шаҳри Душанбе ва риояти тартиботи ҷамъиятӣ содир шудааст.

Бино ба он, дар ҳамаи муассисаҳои таълимоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ рӯзҳои 14, 15 ва 16 июни соли 2019 таътил эълон карда мешавад.

Аз ин хотир, баргузории аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, имтиҳонҳои ҷорӣ ва аттестатсияи давлатии хатм дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе ба вақти дигар гузаронида хоҳад шуд.

Фармон ҳанӯз 6 июли соли 2019 имзо шуда, асоси он нусхаи протоколи маҷлиси назди раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин протокол як моҳ қабл 6 майи соли 2019 таҳти рақами 10 – 1 содир шудааст.

Бино ба «Барномаи таълимии макотиби таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2018 - 2019», мӯҳлати таҳсил барои мактабиён аз 1 сентябр то 14 июн, барои синфҳои якум то 7 июн муқаррар шудааст.

Вазорати маориф ба ҷуз протоколи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, моддаи 33 – и Қонуни ҶТ дар бораи маориф ва Низомномаи вазорати маориф ва илми ҶТ (қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 03.03. 2014, №145) – ро мадраки қонунии тасмими худ меорад.

Таҷрибаи эълони таътил дар мактабу донишгоҳ ва донишкадаҳои Душанбе бесобиқа ва дар ҳолест, ки ин шаҳр дар гузашта мизбони даҳҳо ҳамоишу ҷаласаҳои байнулмилалии бузург бо ширкати раҳбарони кишварҳои ҷаҳон будааст, аммо ҳеҷ гоҳ мақомот ба таътили мактабиёну донишҷӯён иқдом накардаанд.

Бино ба бархе иттилооти дарёфтӣ, рӯзҳои 14 ба 16 июн марокизи бузурги савдо ва бозорҳои Душанбе низ таътил хоҳанд шуд.

Вазири маориф мегӯяд, ки ин тасмим ба хотири риояти тартиботи ҷамъиятӣ гирифта шудааст. Дар шарҳи мавзӯъ як мақом дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба “Спутник” гуфт, хавфи ҳамлаҳои террористӣ вуҷуд надорад ва сабаби таътил додани мактаббачагону донишҷӯён танҳо ба хотири кам кардани ҳаракати мардум дар кӯчаҳои протоколӣ аст.

“Азбаски меҳмонони пойтахт хеле баландмартаба ва муҳиманд, мулоқоти дуҷонибаву чандҷонибаи онҳо низ ба истиснои худи ҳамоиш дар назар гирифта шудааст ва бояд ҳаракати озоди онҳо дар кӯчаҳои шаҳр таъмин гардад” – афзуд ӯ. 

Бино ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё 15 июни соли 2019 баргузор мешавад.

Машварати ҳамкорӣ ва таъбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) як ҳамоиши байнулмилалӣ ба хотири тақвияти ҳамкорӣ ба хотири таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиё аст. Идеяи онро собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар иҷлосияи 47-и Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 5 октябри соли 1992 пешниҳод карда буд.

Эъломияи ҳамоиш 14 сентябри соли 1999 ва Акти Алмато ва оинномаи МҲТБО дар нишасти сарони кишварҳои узв 4 июни соли 2002 дар шаҳри Алмато ба тасвиб расидаанд.

Ҳоло МҲТБО 27 кишвари осиёиро дарбар мегирад, ки 90% қаламрав ва аҳолии қораро ташкил мекунанд. 8 кишвар ва 5 созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла СММ, мақоми нозирро доранд. Дафтари марказии МҲТБО дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мустақар шудааст.

Дар ҳамоиши Душанбе тамоми кишварҳои узв, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун,  Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея,  Қирғизистон, Муғулистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Русия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка ва кишварҳои нозир - Беларус, Индонезия, Филиппин, Малайзия, Украина, Амрико, Ҷопон, созмонҳои байнулмилалӣ – СММ, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Анҷумани парламентии кишварҳои туркзабон, созмонҳои шарик - Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш - Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 650 намояндаи расонаҳои дохиливу хориҷӣ аз Тоҷикистон, ИМА,Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Русия, Ироқ, Иттиҳоди Аврупо ва ғайраро сабти ном кардааст.

Ҳамоиши охирин 21 майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Чин баргузор шуд. Раёсати ҳамоиши 5 – уми Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.

Макони асосии баргузории ҳамоиши МҲТБО Кохи Наврӯзи шаҳри Душанбе буда, дар он маркази матбуотӣ ташкил шудааст.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиш пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни истиқболи сарони давлатҳои иштироккунанда, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр насб гардидаанд.

454