Майдони сохтмон, акс аз бойгонӣ

Соҳибкорон дар Данғара 33 мактаб месозанд: Раҳмон аз сокинон хост, фаъолтар бошанд

52
(Таҷдидшуда 16:10 12.07.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни сафараш ба ноҳияи Данғара гуфт, танҳо соли 2018 аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон дар ин ноҳия 7 муассисаи таълимии нав сохта, ба истифода дода шуд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки ҳоло сохтмон, таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии даҳҳо муассисаи таълимӣ дар деҳаву маҳалҳои дурдасти аҳолинишини ноҳия босуръат идома дорад.

“Дар доираи корҳои ободонӣ танҳо аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 33 муассисаи таҳсилоти умумии хурду миёна бунёд мегардад, ки ин иқдом ба рушди минбаъдаи соҳаи маориф такони ҷиддӣ хоҳад бахшид”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ илова намудааст, ки инчунин дар ноҳия сохтмони биноҳои нав дар назди 10 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва даҳҳо синфхонаи иловагӣ барои зиёда аз 7000 ҷойи нишаст идома дорад.

Раисиҷумҳур иттилоъ дод, ки дар оянда барои таъмин намудани шароити боз ҳам беҳтари илму ҳунаромӯзӣ ва машқу тамрини хонандагон дар муассисаҳои навбунёд сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ, маҷлисгоҳу ошхона ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла барои таъминот бо гармӣ ва оби ошомиданӣ ба нақша гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба сокинони заҳматпешаи ноҳияи Данғара изҳори боварӣ намудааст, ки барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон азму талоши бештар мекунанд ва зодгоҳу диёри хешро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд.

52
Барчаспҳо:
ҳисобу китоб, соҳибкорон, ҷашн, мактаб, сохтмон, ободкорӣ, зодгоҳ, Тоҷикистон-Данғара