Строительство медицинского университета Хатлона в Дангаре

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон соҳиби бинои нав мешавад

476
(Таҷдидшуда 14:30 20.07.2019)
Бинои ҷадиди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода панҷошёна буда, дар масоҳати беш аз 106 метри мукааб сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik.  Донишкадаи давлатии забонҳо ба наздикӣ соҳиби бинои нави иловагии таълимӣ мешавад.

Дар ин бора ректори донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон маҳмадулло Раҷабзода мазкур зимни нишасти матбуотӣ дар душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи Раҷабзода, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти таълимӣ ва илмӣ барои устодон ва донишҷӯён, бо дастури  раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои нави замонавӣ ба роҳ монда шуд.

Раҷабзода илова намуд, ки бинои ҷадиди иловагии таълимии  Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода панҷошёна буда, дар масоҳати беш аз 106 метри мукааб сохта мешавад.

Пул ҳасту дониш не: вазири маориф роҳи ҳуқуқшиносу дипломатшавии пулдорҳоро гуфт

Бинои мазкур  барои 1380 ба нақша гирифта шудааст. Ба изҳори Раҷабзода инчунин, бинои навсохт  дорои 50 синфхонаи замонавӣ буда, синфхонаи компютерӣ ва лингафонӣ, таҳхона ва амборро дар бар дорад.

Гуруҳи тоҷикӣ дар донишкадаи Чирчиқи Узбакистон низ кушода шуд

Ректори донишгоҳ қайд намуд, ки айни замон корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад ва Ҳукумату давлат дар вақти зарурӣ ин иншоотро ба истифода медиҳад.

476
Барчаспҳо:
нав, бино, донишкада, Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва профессор Лутфулло Солиев

Даргузашти профессор Солиев, чанд ҳафта баъд аз гирифтани ҷоизаи махсус

4328
(Таҷдидшуда 15:27 21.09.2020)
Профессор, олими маъруфи кимиё, Лутфулло Солиев, ки чанд ҳафта қабл бо ҷоизаи махсуси Президент дар соҳаи маориф қадрдонӣ шуда буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik.  Дар бораи даргузашти Солиев, ки тайи солҳои охир мудири кафедраи кимиёи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд, сомонаи расмии ин муассиса хабар додааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Солиев 79 сол дошт. Феълан дар бораи сабаби даргузашташ чизе маълум нест. Ӯ чанд ҳафта қабл аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф қадрдонӣ шуда буд.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, ки “бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бо Амри Президенти мамлакат ба хотири қадршиносии омӯзгорони беҳтарин мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуда, 5 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардид”.

Бар асоси донишномаи озод, Лутфулло Солиев, кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2002), академики шӯъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ буд. Ӯ соли 1941 дар ноҳияи Рӯдакӣ,  собиқ ноҳияи Ленин таваллуд шуда, солҳои 1959–1964 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст.

“Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Солҳои 1966–1969 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии АИ ҶШС Украина (ш. Киев), 1970–1989 ходими хурди илмӣ, ходими калон илмӣ ва ходими пешбари институти мазкур, 1989–1997 дотсент ва профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1997–1998 декани факултети химия, 1998–2007 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ буд”, - омадааст дар ҳолномаи Солиев дар донишномаи озод.

Ӯ аз соли 2007 то дами марг ба ҳайси мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст. Шогирдону ҳамкорон ӯро ҳамчун омӯзгори ҳалим, олими пуркор пухтакор ва хоксор ёд мекунанд.

4328
Барчаспҳо:
профессори фахрӣ, даргузашт, Тоҷикистон
Студенты на лекции

Вазорати маориф сабти номи донишҷӯёни машғули таҳсил дар хориҷаро оғоз кард

489
(Таҷдидшуда 16:48 15.09.2020)
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сабти донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷа дохил шуданд ё таҳсил мекунанд ва бинобар сабаби қатъи алоқаи ҳавоӣ ба муассисаҳои таълимиашон рафта наметавонанд, оғоз кард

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таъкид кардааст, ки  бақайдгирии донишҷӯён дар Маркази барномаҳои байналмилалии вазорат ба роҳ монда мешавад.

“Аз донишҷӯёне, ки дар соли таҳсили 2020-2021 ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар дохил шудаанд ва донишҷӯёне, ки ҳангоми таътил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, вобаста ба вазъи эпидемиявӣ ҷорӣ шудани маҳдудият ва баста шудани сарҳадҳо ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар баргашта натавонистанд, хоҳиш карда мешавад, ки тибқи ҷадвали замимашуда ба суроғаи электронии Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм - mbb-2008@mail.ru (ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47) маълумоти заруриро ирсол намоянд”, -таъкид доштааст вазорати маориф.

Бояд қайд кард, ки қаблан ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, ду парвози чартерӣ ба шаҳри Минск ташкил кард.

Ҳамчунин донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои Русия таҳисл мекунанд, интизори оғози парвозҳо мебошанд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, шумори донишҷӯёнро, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд беш аз 4 ҳазор нафар эълон карда буд. Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон аз ин шумор зиёда аз 1 ҳазор нафарашон ҳамин сол дохил шудаанд.

489
Барчаспҳо:
хориҷ, таҳсил, алоқа, ҳавоӣ, мактаб, донишҷӯён, вазорати маориф, Тоҷикистон

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

0
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

0
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон