Школа, архивное фото

Дар Суғд барои дарсгурезии толибилмон муаллимон ҷарима шуданд

130
(Таҷдидшуда 14:33 31.07.2019)
Додситони Тоҷикистон аз ҷаримабандии ду омӯзгори мактаб барои дарсгурезии толибилмонашон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Бар хабари дафтари матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд барои ба дарсҳо ҳозир нашудани хонандагон ду омӯзгори мактаб ҷаримабандӣ шуданд.

Бар хабари манбаъ, омӯзгорон дар Муасисаи таҳсилоти умумии миёнаи рақами №34 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарс мегуфтанд.

Ҷаримаи Султоншоев ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ

Қайд мегардад, ки  муаллимон Матлуба Раҳматуллоева ва Файзулло Файзуллоев барои нақзи моддаи 90- и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ҳар кадоми онҳо ба маблағи 220 сомонӣ ҷарима шуданд.

Коршиносон: омӯзгор набояд алфози қабеҳро ба забон орад

Манбаъ зикр намуд, чор нафар шогирдони Раҳматуллоева ба сурати умум дар 970 соат дарсҳо дар мактаб иштирок надоштаанд. Се шогирди Файзуллоев аз 42 то 93 соат дар машғулиятҳо ҳузур надошта, ба оворагардӣ машғул шудаанд.

Дар бораи чӣ гуна ҷазо гирифтани волидони хонандагон, ки ба дарсҳо ҳозир нашудаанд, маълумот дода намешавад.

130
Барчаспҳо:
ҷарима, муаллимон, дарс, хонандагон, мактаб, Суғд
Студент ЮУрГУ из Таджикистана

Русия ба донишҷӯёни ғайр ҳам бурсияи бештар ва ҳам шароити беҳтар ваъда кард

333
(Таҷдидшуда 16:07 25.09.2020)
Раҳбари Россотрудничества Евгений Примаков ҷонибдори тағйир додани системаи ихтисоси бурсияҳо барои донишҷӯёни кишварҳои ИДМ ва Балтика мебошад

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вакили Думаи давлатии Русия Евгений Примаков авохири моҳи июни соли ҷорӣ ба курсии роҳбари Россотрудничества такя зад.

Примаков аз нахустин рӯзи сари роҳбарии ин агентӣ омадан, изҳор дошт, ки дар кори агентӣ тағйироти куллӣ меорад.

Яке аз масоиле, ки боиси нигаронии Примаков гардидааст, ин шакли пешниҳоди бурсиҳо барои донишҷӯёни хориҷ аз кишварҳои ИДМ ва Балтика мебошад.

Примаков бо такя ба қарори кишвардори Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки шумораи бурсияҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки ҳавасманди таҳсил дар муассисаҳои Русия мебошанд, афзоиш меёбанд.

Номбурда дар мусоҳиба бо Sputnik хабар дод, ки то соли 2023 шумораи бурсияҳо барои донишҷӯёни хориҷи то ду маротиба зиёд мешаванд.

“Забони стратегӣ”: ҳузури Русия дар маорифи Тоҷикистон

Ӯ мегӯяд, дар баробари зиёд шудани шумораи бурсияҳо, бояд барои донишҷӯён шароити созгор низ ташкил карда шавад.

Примаков системаи Лаҳистон дар ҳамин равияро мисол оварда гуфт, ки барои шаҳрвандони хориҷ дар баробари додани бурсияҳо, инчунин имкони гирифтани идрорпуливу дигар имкониятҳо фароҳат меоранд.

"Мо низ барои равнақ додани ин система, бояд дигаргуние ворид созем. Барои донишҷӯён дар баробари фароҳам овардани имконияти таҳсил, ҳамзамон пули чиптаи онҳо ва ё маблағи иҷораи манзилро пардохт кунем", - шарҳ додааст роҳбари Россотрудничества.

Вакили рус ҷонибдори он аст, ки донишҷӯёни хориҷ пас аз хатми муассисаҳои таълимии Русия мутахассис хуб шаванд ва дар ватани худ вобаста ба ихтисосашон кори хуб пайдо кунанд.

Аммо, ба гуфтаи ӯ  системаи мавҷуда ин нақшаҳо амалӣ карда наметавонад, зеро донишҷӯён маҷбурданд, ки дар баробари таҳсил ба ҳайси роҳрӯб ё ронандаи таксӣ кор кунанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, Примаков зарур донист, ки дар системаи мазкур тағйироти ҷиддӣ ворид гардад.

Масъалаи афзун намудани бурсия барои донишҷӯёни хориҷӣ ҳанӯз аввоили соли ҷорӣ дар Думаи давлатӣ мавриди баҳс қарор гирифт.

Он замон, Леонид Калашников намояндаи Думаи давлатии Русия оид ба масъалаҳои кишварҳои ИДМ гуфт, ки ихтисоси 15 ҳазор бурсия ниҳоят кам аст. Пешниҳод шуд, ки шумораи квотаҳо то 30 ҳазор бештар карда шаванд.

333
Барчаспҳо:
шароит, донишҷӯён, бештар, бурсия, Русия
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва профессор Лутфулло Солиев

Даргузашти профессор Солиев, чанд ҳафта баъд аз гирифтани ҷоизаи махсус

4399
(Таҷдидшуда 15:27 21.09.2020)
Профессор, олими маъруфи кимиё, Лутфулло Солиев, ки чанд ҳафта қабл бо ҷоизаи махсуси Президент дар соҳаи маориф қадрдонӣ шуда буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik.  Дар бораи даргузашти Солиев, ки тайи солҳои охир мудири кафедраи кимиёи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд, сомонаи расмии ин муассиса хабар додааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Солиев 79 сол дошт. Феълан дар бораи сабаби даргузашташ чизе маълум нест. Ӯ чанд ҳафта қабл аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф қадрдонӣ шуда буд.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, ки “бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бо Амри Президенти мамлакат ба хотири қадршиносии омӯзгорони беҳтарин мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуда, 5 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардид”.

Бар асоси донишномаи озод, Лутфулло Солиев, кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2002), академики шӯъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ буд. Ӯ соли 1941 дар ноҳияи Рӯдакӣ,  собиқ ноҳияи Ленин таваллуд шуда, солҳои 1959–1964 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст.

“Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Солҳои 1966–1969 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии АИ ҶШС Украина (ш. Киев), 1970–1989 ходими хурди илмӣ, ходими калон илмӣ ва ходими пешбари институти мазкур, 1989–1997 дотсент ва профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1997–1998 декани факултети химия, 1998–2007 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ буд”, - омадааст дар ҳолномаи Солиев дар донишномаи озод.

Ӯ аз соли 2007 то дами марг ба ҳайси мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст. Шогирдону ҳамкорон ӯро ҳамчун омӯзгори ҳалим, олими пуркор пухтакор ва хоксор ёд мекунанд.

4399
Барчаспҳо:
профессори фахрӣ, даргузашт, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1586
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1586