ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати маорифи Тоҷикистон, ахиран вохӯрии Саид Нуриддин, вазири маориф ва илм кишвар бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири навтаъйини Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он тарафҳо аз ҳамкориҳои судманду ҷойдошта дар самти маориф ва илм ибрози андеша намуданд.
Зимни мулоқот Муҳаммадтақӣ Собирӣ таъкид доштааст, ки сафорати Эрон дар Тоҷикистон омода аст, ки дар самти табодули донишҷӯён, ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни ду кишвар, дифои рисолаҳои унвонҷӯёну муҳаққиқони эронӣ дар Шӯроҳои дифои Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон, табодули таҷрибаи олимону профессорон, баргузор кардани ҳамоишҳои илмию фарҳангии муштарак ҳамкориҳоро ба роҳ монад.
Талоши Эрон барои тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарӣ
Инчунин сафири Эрон қайд намудааст, ки кишвараш омода аст барои таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ, таҳсилоти инклюзивӣ ва дигар масоили мубрам ҳамкориҳоро ҳамаҷонибаро ба роҳ монад.
Дар навбати худ, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид иброз дошт, ки барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо тамоми асноди меъёрии ҳуқуқӣ коркард шудааст ва он дар доираи созишномаҳои баимзорасида ба роҳ монда мешавад.
Эрон омода аст Тоҷикистонро сармоягузорӣ кунад
“Хуб мебуд, ки бештар табодули донишҷӯён дар риштаву ихтисосҳое ба роҳ монда шавад, ки аз рӯйи он ихтисосҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассис омода карда намешаванд ва ҳамзамон, баргузор кардани ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ, табодули таҷрибаи олимону профессорон, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ба мақсад мувофиқ аст”, - зикр намудааст Нуриддин Саид.
Дар охири мулоқот, тарафҳо ибрози назар намуданд, ки барои вусъат ёфтани ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар самти маориф ва илм тамоми чораҳо андешида хоҳад шуд.
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Пешниҳоди боло бурдани стипендияи донишҷӯёну магистрон ва аспирантону доктарантҳо имрӯз зимни ироаи паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон садо дод.
Бо дастури раисиҷумҳури кишвар ҳамакнун, дар соли таҳсили 2021- 2022 ин тасмим амалӣ мешавад.
Таъсиис ниҳоди нав дар Тоҷикистон бо дастури Эмомалӣ Раҳмон
Президент, ҳамзамон зимни ироаи паём ба масъалаи сафарбарнамоии омӯзгорону унвонҷӯён ҷиҳати табодули таҷриба дахолат намуда, иброз дошт, ки тибқи маълумот ҳар сол аз институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар то 500 нафар омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва доктарантура ба хориҷа сафарбар карда мешаванд.
Раисиҷумҳур гуфт, ин нишондиҳанда ҳанӯз кам аст ва бояд он зиёдтар карда шавад.
Бурсия, грант ва стипендия: донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия чӣ хоҳанд гирифт
Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳодҳои марбута дастур дод, барои бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои риёзӣ ва табиӣ Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030 – ро таҳия карда, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ҳайати нави мушовараи Вазорати маориф ва илмро тасдиқ кард.
Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо кард, Шоҳиён Нуралӣ Набот узви ҳайати мушовараи Вазорати маориф шудааст.
Шоҳиён аз соли 2016 то ҳол ректори Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад. Ӯ соли 1959 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии Киев мебошад. Бар асоси ҳолномаи расмияш, ки дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Данғара нашр шудааст, ӯ забонҳои русӣ ва украиниро бо луғат медонад.
Тибқи тасмими Ҳукумат Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович аз ҳайати мушовараи Вазорати маориф хориҷ карда шудааст.
Ҳамидуллохон Фақеров охири соли гузашта аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод шуда, ба ҷои ӯ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори долнишгоҳи мазкур таъйин гардида буд. Далели барканории Фақеров гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шуда буд.
ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Собиқ президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии кишардори навинтихоб Содир Ҷабборов даъват шудааст. Ин хабарро сухангӯи президент Галина Байтерек таъйид кард.
Ба гуфти ӯ, ба маросим савгандёдкунӣ Роза Отунбоева ва чанде аз номзадҳои пешин ба мақоми президентӣ даъват шудаанд.
Жээнбеков, ки се сол дар сари қудрати Қирғизистон буд, пас аз ҳодисоти моҳи октябри соли 2020 ба истеъфо рафт. Содир Ҷабборов, ки он замон иҷрокунандаи вазифаи президент буд, қарор дар бораи собиқ президенти кишвар будани Жээнбековро имзо кард.
Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири ин кишвар таъйин гардид.
Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид
Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Акнун маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.