Дар Қирғизистон маоши омӯзгорон 30 дарсад зиёд мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевПервоклассники на первом уроке новой школы №31
Первоклассники на первом уроке новой школы №31 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад дар Қирғизистон сар аз 1 - уми октябр маоши муаллимон се маротиба зиёд карда шавад

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Ба иттилои сомонаи 24.Kg, ҳамакнун сар аз моҳи дуюми соли хониш ҳақмузди омӯзгорони қирғиз ба андозаи 30 дарсад боло бардошта мешавад.

Ученики школы Дангаринского района - Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф: Русия ба Тоҷикистон лоиҳаи мактабҳои минтақаҳои Қафқозро пешниҳод кард

Ба иттилои манбаъ, омӯзгоре, ки 20 соати дарсӣ мегузаронд ва 12 ҳазор сом мегирифт, акнун музди меҳнати ӯ барои чунин соати корӣ 18 ҳазор сомро ташкил медиҳад.

Гумерова: камбудиҳои лоиҳаи таълимии Русия дар Тоҷикистон бояд бартараф шавад

Дар Қирғизистон 18 000сом муодили 257 доллари амрикоӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки маоши миёна дар Қирғизистон 15,7 ҳазор сом буда, сокинони Бишкек 19, 3 ҳазор сом ҳақмузди миёна мегиранд.

Вазорати маорифи Русия барои кор дар Тоҷикистон омӯзгорони бо таҷриба меҷӯяд

Зимнан гуфта мешавад, ки қарори боло бардоштани маоши омӯзгорон дар ин кишвар ҳанӯз аз соли 2018 ба нақша гирифта шуда буд ва танҳо имсол онро амалӣ хоҳанд намуд.

Лентаи хабарҳо
0