Вазорати маориф рӯзи оғози соли хонишро эълом кард

Обуна шудан
Новобаста аз он, ки имсол 1- уми сентябр ба рӯзи якшанбе рост омад, аммо муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар ин рӯз ба таҳсил фаро гирифта мешаванд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, рӯзи 1 - уми сетябр дар ҷумҳурӣ "Рӯзи дониш" қайд гирифта мешавад.

Таджикские студенты в Томске, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қариб 24 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия таҳсил мекунанд

Бар хабари манбаъ, қарори мазкурро Нуриддин Саид вазири маорифи Тоҷикистон рӯзи 26 - уми август қабул намуд, ва новобаста аз он ки имсол рӯзи хониш ба рӯзи истироҳатии якшанбе рост омад, муҳассилини тоҷик ба мактаб мераванд.

Рейди “Тоҷикстандарт”: либосҳову ашёи мактабии бидуни иҷозатнома аз фурӯш гирифта шуд

Дар қарори Нуриддин Саид омадаст, ки бо дарназардошти он ки имсол 1 - уми сентябр ба рӯзи якшанбе рост омад, аз ин рӯ  шанбеи 7 - уми сентябр рӯзи истироҳатӣ эълон мешавад.

Зимнан тибқи ҳамин фармоиш Нуриддин Саид  ба сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, директорони мактабҳои президентӣ, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дастур дода шудааст, ки иштироки хонандагону донишҷӯёнро рӯзи 1-уми сентябри соли 2019 ба дарс таъмин намоянд.

Соҳибкорзан аз Хуҷанд ба 21 кӯдаки камбизоат лавозимоти мактабӣ тақдим кард

Маврид ба зикр аст, ки дар аксар кишварҳо имсол бинобар рост омадани 1- уми сентябр ба рӯзи истироҳатӣ, "Рӯзи хониш"- ро аз душанбеи 2- сентябр оғоз мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0