Встреча Председателя ГБАО с представителями Всемирного Банка

Аз супориши Раҳмон то кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ: дар ВМКБ барномаи рушди кӯдак роҳандозӣ мешавад

239
(Таҷдидшуда 12:07 30.08.2019)
Дар деҳаҳои дурдасттарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барномаи рушди барвақтии кӯдак роҳандозӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ вохӯрдааст.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти ВМКБ, дар вохӯрӣ раиси вилоятро як қатор роҳабарони муассисаҳои вилоятӣ -  моля, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигарон ҳамроҳӣ намудаанд.

Зимни мулоқот раиси вилоят меҳмононро ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хайри мақдам гуфта миннатдории самимии худро ба роҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳамкорӣ баён намудааст.

Кӯмак ба занон, ҷалби 57 миллион доллар: сӯҳбати Ёдгор Файзов бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ

Тибқи иттилои манбаъ, намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ иброз доштаанд, ки мақсади ташрифашон ба Тоҷикистон - пешниҳоди барномаҳо барои беҳбудии соҳаи иҷтимоии вилоят аз ҷумла маориф ва тандурустӣ мебошад ва махсусан ҷорӣ намудани барномаҳои бештари рушди барвақтии кӯдак дар деҳаҳои дурдаст мебошад.

Файзов ба масъулини маориф: дохилшавӣ ба донишгоҳҳо қонеъкунанда нест

Қайд карда шудааст, ки на ҳамаи кӯдакон дар деҳотҳо дурдаст дастрасӣ ба барномаҳои рушди барвақтии кӯдак доранд.

"Имрӯз мо мехоҳем аз шароити барномаҳое, ки аллакай ҷорӣ гардидаанд дидан намоем ва баҳри рушди зеҳнӣ ва саломатии кӯдакони куҳистон дигар барномаҳоро низ пиёда намоем", - омадааст дар хабарнома. 

Раиси вилоят пешниҳодҳои намояндагони Бонки Ҷаҳониро қабул намуда иброз доштааст, ки дар ҳақиқат дар баъзе ҷамоатҳои дурдаст имрӯз кудакони ба барномаи рушди барвақтии кӯдак дастрасӣ надоранд, лекин бояд қайд намоем, ки маҳз сиёсати дарҳои кушоди Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки соҳаи маорифро ҳама тарафа дастгирӣ намуда истодаанд,  мо тавонистем дар бештари ноҳияҳои вилоят ин барномаҳоро амалӣ намоем.

Аз кӯчонидани хонаҳо то сохтмони канал: омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳи "Себзор"

Раиси вилоят афзуда, ки Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат ба Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки ҳамаи муассисаҳои таълимии ВМКБ таъмир ва аз навсозӣ карда шаванд, ки ин хело ба маврид мебошад.

239
Барчаспҳо:
Бонки Ҷаҳонӣ, намояндагон, раис, ВМКБ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
Мактаби деҳаи Равмеди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон

Хушхабар: Хайрхоҳе мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди Рӯшонро аз нав месозад-видео

1352
(Таҷдидшуда 11:40 27.10.2020)
Мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро, ки қаблан навори ҳоли бади он мавриди шарҳборон дар интернет қарор гирифт, аз нав бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, ки навори ин мактабро дар интернет нашр кард гуфт, пас аз нашри навор як нафар тамос гирифтаву хостори бунёди мактаби нав дар ин макон шудааст.

Ӯ бидуни ифшои номи хайрхоҳе гуфтааст, пас аз нашри навор ӯ ба наздашон омадаву хостори бунёди мактаби нав шудааст.

Музаффари Имомдод, мегӯяд бо дарёфти чунин таклиф ба раҳбарияти ВМКБ пешниҳод кард, ки ӯ дар мариди худ онро хуш пазируфт ва ба масъулини минтақавӣ дастур дод, то ҳуҷҷатҳои заруриро фавран омода созанд.

Ба навиштаи ӯ ҳуҷҷатҳо дар ҳоли ҳозир пурра омода буда, корҳо аллакай оғоз шудаанд.

Номбурда таъкид кардааст, ки умедворам, таҷрибаи мо барои минтақаҳои дигари кишварамон дарси ибрат хоҳад шуд, ки дар он ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати мардуми худ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем навори мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, нашр кард, ки он ҷавобгӯи талаботҳои имрӯз нест.

Дар пайи нашри навор ҳукумати ВМКБ, посух дода, гуфта буд, маблағгузории чунин макотиб мушкил буда, хуб мешуд, ки мардум кумак кунанд.

Ҳукумат гуфт, азнавсозии мактабҳои калон дар навбати аввал қарор дошта, таъмири мактабҳои хурд вақт мехоҳад ва масъала мавриди омузиши ҳаматарафа қарор дорад.

1352
Барчаспҳо:
мактаб, Рӯшон, ВМКБ, Тоҷикистон

Дари як донишгоҳи бонуфуз дар Маскав баста шуд: шумораи дардмандони коронавирус зиёд буд

699
(Таҷдидшуда 15:47 21.10.2020)
Роспотребнадзор дари Донишгоҳи давлатии техникии Маскавро мӯҳр зад. Иллати баста шудани донишгоҳ ба шумораи зиёди мубталоёни коронавирус дар ин таълимгоҳ рабт дода мешавад

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Яке аз бонуфузтарин донишгоҳи техникии Маскав баста шуд, хабар медиҳад Ситоди фаврии коронавирус дар Русия.

Марги 332 маризи коронавирус дар Эрон давоми як рӯз

Ба иттилои манбаъ, ДДТМ ба номи Бауман ба далели нақзи қоидаҳои профилактикӣ ва афзун шудани шумораи мубталоёни коронавирус аз ҳисоби муҳассилин ва намояндагони ин боргоҳ маҳкам намуданд.

"Донишгоҳи давлатии техникии Маскав ба номи Бауман ба далели шумораи зиёди ҳолатҳои гирифторшавӣ ба COVID - 19 ва риоя накардани режими санитарию эпидемиологӣ бастаанд", - омадааст дар иттилоия.

Зикр мегардад, ки қарори мазкуро Роспотребнадзор ба тасвиб расонд.

Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз дар аввали моҳи октябр, вақте ки таътили дуҳафтаина ҷорӣ карда шуд, Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия эълон кард, ки донишҷӯёни донишгоҳҳоро ба таҳсили фосилавӣ намефиристад.

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

Аммо, баъдан департамент илова кард, ки вазъи эпидемиологӣ дар ҳама донишгоҳҳо таҳти назорат қарор дорад ва тасмим дар мавриди фиристодани донишгоҳҳо ба таҳсили фосилавӣ аз вазъият дар ҳар як минтақаи алоҳида ва дар маҷмӯъ дар кишвар вобаста аст.

699
Барчаспҳо:
баста, донишгоҳ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Эмомалӣ Раҳмон бо ниқоб, акс аз бойгонӣ

Қарори Ҳукумат барои сабукӣ: дору, ниқоб ва тестҳо алайҳи СОVID-19 арзон мешаванд?

38
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат дорую дастгоҳҳои тиббиеро, ки барои мубориза бо СОVID-19 вориди кишвар мешаванд, аз пардохти боҷу андоз озод кард

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон охири сентябр имзо кардааст, доруворӣ ва дастгоҳҳое, ки барои муайянсозию мубориза бо коронавирус ворид мешаванд, аз пардохти аксизҳо, боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки расмиёти заруриро зимни воридоти маводи мубориза бо коронавирус саривақт анҷом диҳад.

Ба феҳрасти колое, ки аз пардохтҳои ҳатмӣ озод шудаанд, аз ҷумла мавод барои истеҳсоли воситаҳои  безараргардонӣ, дору, либосҳои муҳофизатӣ ва таҷҳизот барои муайянсозии бемории сироятии коронавирус зикр гардидаанд.

Аз ҷумла воридоти тестҳое, ки гирифтории шахс ба ин бемориро фавран муайян месозанд, аз боҷу андоз озод гардидаанд.

Дар феҳраст инчунин матоъ барои дӯхтани ниқобу либосворӣ, дастгоҳҳои ҳаводиҳӣ, дастгоҳҳои ренгению ташхиси компютерӣ ва даҳҳо маводу дастгоҳи дигар зикр шудаанд.

Ироаи сабукӣ дар ҳолест, ки қаблан корафтодагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гарон будани дорувориҳо ва воситаҳои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон шикоят карда буданд.

38
Барчаспҳо:
сабукӣ, қарори ҳукумат, дору, Тоҷикистон