Школьные парты, архивное фото

Дар Самарқанд барои кӯдакони тоҷикзабон боз як синфи тоҷикӣ кушода шуд

117
(Таҷдидшуда 11:43 06.09.2019)
Бо дархости волидон ва бо мусоидати мудири макотиби таҳсилоти миёна дар шаҳри Самарқанд боз як синфи сирф тоҷикӣ дарашро ба суйи шогирдони тоҷикзабон кушода намуд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 22 дар шаҳри Самарқанд барои хонандагони тоҷикзабон синфи тоҷикиро кушодаст, хабар медиҳад сомонаи Фараж.

Бар хабари манбаъ,  дар рӯзи хониш долони ин мактаб аз ҳарвақта дида серодаму оростатар буд. Зеро теъдоди зиёди одамон ба ин ҷо ба хотири ифтитоҳ ёфтани як синфи тоҷикӣ омаданд.

Мактабҳои русӣ баъди 2 сол дар 5 шаҳри Тоҷикистон бунёд мегарданд

Манбаъ аз қавли Амина Шарофиддинова яке аз чеҳраҳои маъруфи фарҳанг хабар медиҳад, ки таъсис додани синфи тоҷикӣ дар ин макотиб кайҳо мадди назар гирифта шуда буд.

"Имсол бо мусоидати мудири мактаб Нодирхонум Ҳайдарова ва як гурӯҳ волидон, тавонистем синфи тоҷикиро кушоем ва бо ин кор рӯҳи устоди бузургамон Садриддин Айниро шод намудем", - изҳор намудаст Шарофиддинова.

Ба гуфтаи ӯ, акнун дар мактаби номбурда лаҳни гуворои тоҷикӣ бештар садо медиҳад ва кӯдакон аз тарғибгарони асосии ин забони ноб мегарданд.

117
Барчаспҳо:
тоҷикӣ, синф, мактаб, Самарқанд