Коршинос Зенкович гуфт чаро омӯзгорони рус дар Тоҷикистон муваффақ шуданд

497
Омӯзгорон аз Русия, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, сатҳи олӣ нишон дода, муваффақ шуданд. Ба ин барнома дар кишварҳои дигар низ аҳамият доданд

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Муовини аввали вазири маорифи Русия Павел Зенкович, эълон кард, ки  бидуни шак омӯзгорони Русия дар мактабҳои Тоҷикистон муваффақ шуданд.

“Дар баробари омӯзгороне, ки забони русӣ дарс медиҳанд, устодоне ҳастанд, ки дигар дарсҳоро ба зобони русӣ омузиш медиҳанд. Назари мутахассисони Тоҷикистон ба мо мувофиқ аст. Кӯдакон забони русиро хубтар омӯхтанд ва ба фарҳанги Русия наздиктар ошнои пайдо карданд. Онҳо инчунин дониши худро дар самти омӯзиши риёзиёт, физика, кимиё ва биология беҳтар намуданд” –гуфт Зенкович.

Дидори сафири Русия бо омӯзгорони рус дар Душанбе

Ҳамзамон вай афзуд, ки ба ин барнома соли оянда Қирғизистон низ ҳамроҳ мешавад.

“Мо дархостҳои мусбии зиёде гирифтем ва ҳоло имкони роҳандозии ин гуна барномаро дар дигар кишварҳо низ баррасӣ дорем”, гуфт муовини вазири маорифи Русия.

Вай инчунин илова кард, ки ба ин барнома Виетнам низ алоқамандӣ пайдо кардааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тҷикистон таъкид намуда буд, ки дар кившар ниёз ба омӯзгорони забони русӣ ва адабиёт бештар шудааст.

497
Барчаспҳо:
таҳсил, мактаб, омӯзгорони рус, омӯзгор, Русия, Тоҷикистон
Открытие нового здания факультета политики и государственного управления Государственного университета Бохтара

ММТ қоидаҳои қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистонро дар соли 2020 эълон кард

1012
(Таҷдидшуда 11:33 29.05.2020)
Маркази миллии тестии Тоҷикистон эълон кард, ки қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ чӣ гуна сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Тоҷикистон тасмим нагирифтааст, ки қоидаҳои баргузории имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро тағйир диҳад.

Гуфта мешавад, ки довталабон аз 1 июл то 7 июл метавонанд дар имтиҳонҳо иштирок кунанд.

"Дар сурати ворид намудани тағирот ба қоидаҳои баргузории СЕЕ, мо дар ин бора дар вебсайти расмии худ ва тавассути васоити ахбори омма иттилоъ хоҳем дод. Довталабон бояд аз 10 то 30 июн дубора сабти ном шаванд", - омадааст дар иттилоияи ММТ.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз беш аз 110 ҳазор нафар барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ҳуҷҷат супоридаанд.

Соли 2020 дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор ҷой ҷудо карда шудааст.

Масъулини ММТ мегӯянд имсол довталабон бешиар ҳуҷҷатҳояшонро дар риштаҳои  тиб, ҳуқуқ, биология, тарбияи ҷисмонӣ, филология, педагогика ва санъат супоридаанд.

Сабти ном барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар соли 2020 2 март оғоз шуда, 30 апрел ба анҷом расид.

1012
Дети собирают конфеты по обычаю идгардак

Омӯзгорон муваззаф шуданд дар рӯзи ид рафтори шогирдонашонро зери назорат гиранд

1079
(Таҷдидшуда 22:12 22.05.2020)
Вазорати маорифи Тоҷикистон устодону омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилотро вазифадор кардааст, ки дар рӯзҳои ид рафтору муносибати хонандагону донишҷӯёни маҳалли зисти худро зери назорат гиранд

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон дар як муроҷиатномае аз хонандагону донишҷӯён хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Рамазон ва рӯзҳои дигари таътил ба вазъи саломатии худ ва атрофиёнашон таваҷҷуҳи бештаре зоҳир карда, тартибу низоми вазъи кунунии кишварро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.

"Дар рӯзҳои ид барои идгардак ба хонаи якдигар нараванд, ҳамсинфону ҳамкурсони худро ба зиёфатҳои идона даъват нанамоянд ва шиори Вазорати маориф ва илмро, ки "Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем" аст, ба таври қатъӣ риоя кунанд.Устодону омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилот даъват ва вазифадор мешаванд, ки дар рӯзҳои ид рафтору муносибати хонандагону донишҷӯёни маҳалли зисти худро зери назорат қарор дода, бетарафӣ зоҳир накунанд", - омадааст дар муроҷиатномаи Вазорат.

Дар баробари ин, ин ниҳод дар муроҷиат ба падару модарон хоҳиш кардааст, ки вазъи имрӯзаи эпидемикии кишвар ва оламро дуруст дарк намуда, ба заҳмату талошҳои духтурон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони дорухонаҳо ва санитарию эпидемикии деҳа, ноҳия ва шаҳри худ эҳтиром гузоранд ва ба онҳо кумаку дастгириҳои хешро ба хонадони онҳо дареғ надоред, зеро онҳо ҳастии худро барои ҳифзи саломатии мардум равона кардаанд.

"Падару модарони меҳрубон, бо назардошти эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳамаи анъанаву суннатҳои миллӣ оид ба таҷлили идҳои динӣ аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар рӯзҳои ид садди роҳи идгардаки кӯдакон шуда,  аз оростани дастурхонҳои пурдабдабаи идона, омода кардани хӯроку хӯришҳои гуногун, даъвати хешу табору наздикон худдорӣ карда, маблағҳои худро барои ҳифзи саломатии хонадону пайвандон, харидории китобу лавозимоти таълимӣ ва вазъи беҳдоштии фарзандони худ равона сохта, ба шахсони ятим, беморону дармондагони маҳалли зисти худ дасти ёрию навозиш дароз намоед", - таъкид намудааст Вазорат. 

Зиёда аз ин Вазорат дар хитоб ба волидайн хоҳиш кардааст, ки ҷиҳати самаранок гузаронидани таътили тобистонаи фарзандон, ҳифзи саломатии онҳо  таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, рафтору муносибат ва фазои иттилоотии онҳоро дар ин рӯзҳои ниҳоят душвори паҳншавии бемории оламро фарогир – КОВИД-19 зери назорати ҷиддӣ қарор диҳандд.

"Нагузоред, ки гурӯҳҳои мухолифу манфиатҷӯ аз ин вазъият истифода карда, фарзандони мову шуморо гирифтори доми фиребу найранги худ созанд", - омадааст дар муроҷиатнома. 

Ҳамчунин роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки дар чунин рӯзҳои ҳассос бо тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва аҳли пешоҳанги ҷомеа ҳамкорӣ карда, дар паст гардидани шиддати паҳншавӣ, аз байн бурдани бемории коронавирусу дигар маризиҳои сироятӣ саҳмгузор бошанд ва дар самти иҷрои ҳамаи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм доир ба раванди таълиму тарбия ва ҳифзи саломатии мардум чораҳои зарурӣ андешанд.

1079
Барчаспҳо:
муроҷиатнома, Вазорати маориф, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Преступник за решеткой

Куштор дар Вахш: писар ба хотири ҳамсари худ падарашро бо қарабоӣ зада кушт

169
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати сокини 58 - солаи Вахш хабар медиҳад, ки аз дасти писари худ кушта шуд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Кормандони милитсия сокини 35 - солаи ноҳияи Вахшро боздошт намуданд, ки дар қатли падари худ гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур шаби 28-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа рух додааст.

Сохтмоне, ки поёнаш бо куштор анҷомид: коргарро ба қатл расонидаю пеши хона гӯр кардаанд

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки номбурда бо мақсади қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба падараш, марди 58-солаи сокини ҳамон ҷо дар манзили истиқоматиашон бо зарфи обгираки оҳанин (қарабои) аз ҷойгаҳи хобаш бедор карда, бо баҳонаи он, ки ӯ қаблан ҳамсараш, зани 30-солаи сокини ҳамонҷоро лату кӯб кардааст, ба сару руяш се маротиба задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуда, ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

169
Барчаспҳо:
писар, падар, Вахш, куштор