Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи мактаби бунёдкардаи соҳибкор Абдухалил Ғуломов дар ноҳияи Рӯдакӣ

Ғуломов 21 миллионашро доду боз бунёди мактаби дигарро дар Кӯлоб ба уҳда гирифт

4770
Соҳибкор Абдухалил Ғуломов, ки декабри соли 2018 бо харҷи 21 миллион сомонӣ мактаби рақами 35-ро дар ноҳияи Рӯдакӣ ба истифода дод, бунёди мактаби дигарро барои 2 ҳазор талаба ба уҳда гирифтааст

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба Кӯлоб хабар дод, ки дар маркази шаҳр соҳибкори маҳаллӣ - Ғуломов Халил бунёди муассисаи таълимиро барои 2000 нафар хонанда шурӯъ кардааст, ки то соли 2021 ба истифода дода мешавад.

Худи Ғуломов мактабсозиҳояшро як садақа хонда буд ва дар гузашта барои дастаи “Равшан”-и Кӯлоб низ кумаки молиявӣ расондааст.

Раисиҷумҳур илова намуд, ки то ҳол аз ҳисоби соҳибкорон – фарзандони шаҳри Кӯлоб 150 синфхонаи иловагӣ бунёд гардида, 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.

“Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорон дар маҳаллаҳои Чаманзору Ҷомӣ, деҳаҳои Шамсов, Файзобод, Гултеппа ва Хонобод сохтмони чандин мактабҳои нав ва даҳҳо синфхонаи иловагӣ оғоз шудааст”, - хабар дод Эмомалӣ Раҳмон.

Дастури Эмомалӣ Раҳмон: номгузории кӯчае ба номи Нусратулло Махсум дар арафаи Иди Ғалаба

Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки то ҷашни 30-солагии истиқлол мушкилоти соҳаи маориф дар шаҳру деҳоти Кӯлоб пурра бартараф гардида, барои фарзандони сокинон тамоми шароити зарурии таълим муҳайё карда мешавад.

Раисиҷумҳур дар хитоб ба кормандони соҳаи маориф ва устодону омӯзгорон зарур хонд, ки ба сатҳу сифати таълиму тарбия эътибори ҷиддӣ диҳанд, омӯзиши илмҳои дақиқ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дуруст ба роҳ монда, наврасону хонандагонро дар рӯҳияи баланди ватандустӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия намоянд.

4770
Барчаспҳо:
садақа, сохтмон, мактаб, маориф, ш. Кӯлоб, Тоҷикистон
Школьная ярмарка на рынке Душанбе перед 1 сентября

Бо дастури Қоҳир Расулзода: дар Тоҷикистон ярмаркаи фурӯши либоси мактабӣ баргузор мешавад

56
(Таҷдидшуда 15:08 10.07.2020)
Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз авоили моҳи август ярмаркаи фурӯши либос ва дигар маводи зарурии мактабӣ оғоз меёбад

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон ин якмарка бо пешниҳоди Вазорат, дархостии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва дастури бевоситаи сарвазир Қоҳир Расулзода баргузор мешавад.

"Оғоз аз 1 августи соли 2020 дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ярмаркаи фурӯши либос ва дигар маводи зарурии мактабӣ оғоз меёбад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар миқёси ҷумҳурӣ иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда мебошад ва дар ҳолати саривақт, сифатнок ва назорати ҷиддии масъулин имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо дар давоми сол фароҳам оварда шуда, хонандагон ба пуррагӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд.

Аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, роҳандозӣ карда мешавад.

Инчунин, бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Либосҳои мактабӣ – шартҳои умумии техникӣ» бо қайди давлатӣ СТ ҶТ 1110-2018 таҳия гардида, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол намудани молу маҳсулоти худ пешниҳод карда шудааст.

Ҳамзамон, дар робита ба баргузории ярмаркаи фурӯши либос ва дигар маводи зарурии мактабӣ ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати ройгон ҷудо намудани нуқтаи алоҳида барои баргузории ярмарка ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дар сатҳи хуб доир намудани он дастур дода шудааст.

56
Барчаспҳо:
Вазорати саноат ва технологияи нави ҶТ, Вазорати маориф, ярмарка-намоиш, ярмарка, Тоҷикистон
Шоири мардумии Тоҷикистон Фарзона

Нашри “Найсон” китоби нави Фарзона баъди пирӯзӣ бар "вируси корона"-акс

329
(Таҷдидшуда 13:08 08.07.2020)
Китоби тозаи Фарзона, шоири халқии Тоҷикистон бо номи “Найсон” аз тариқи нашриёти “Хуросон” чоп шуд. Ба чопи он, ҳанӯз соли 2019 иҷоза шуда, вале ин китоби ҷадиди шоира Фарзона тоза дар замони “вируси корона” ба дасти адабпарварони тоҷик мерасад

ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Китоби “Найсон” дар чанд бахш силсилаи рубоиву дубайтӣ ва тарҷумаҳои шиор Фарзонаро гирди ҳам овардааст.

Дар бахшҳои “Чаҳ-чаҳи гули сурх” ва “Чорзарби дил”- и ин асари ҷадид, ҳудуди 800 рубоиву дубайтӣ ҷой дода шудаанд, ки шоир дар онҳо мавзӯъҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро инъикос намудааст.

Дар бахши дигари “Найсон” тарҷумаҳои худи шоир аз осори адибони ҷаҳон, Гёте, Экзюпери, Байрон, Пушкин, Фёдор Тётчев, Анна Ахматова, Марина Светаева, Сергей Есенин, Александр Блок, Темур Зулфиқоров, Абай мунташир шудааст.  

Маҷмӯаи рӯбоӣ ва дубайтиҳои шоир қаблан бо номи “Резаборон” (Душанбе, 1984), “Қатрае аз Мӯлиён” (Хуҷанд, 2003) “Мӯҳри гули мино”, “Себарга”, “Ҳама гул, ҳама тарона”, “Сини салом” ва “Найшакар” ба нашр расонида шудаанд.

Найсон, китоби нави шоир Фарзона
акс аз саҳифаи Боҳир Раҷабов
Найсон, китоби нави шоир Фарзона

Ин китоб  бо дастгирии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба дасти чоп расидааст.

Дар китоби ҷадиди шоир, Матлуба Мирзоюнус, профессори илмҳои филологӣ ва Аҳмадҷони Раҳматзод, шоири халқии Тоҷикистон ва раиси Иттифоқи нависандагони Суғд назар навиштаанд.

Фарзона ва Озарахш, ахиран баъд аз ҳудуди се ҳафтаи табобат бар бемории “вируси корона” пирӯз шуда, рӯзи 7-уми май аз бемористони Шайх Бурҳони ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров мурахас шуданд. Онҳо баъди бозгашт ба манзилашон аз ҳамаи табибону масъулон изҳори сипос намуда, ба дӯстону ҳаводорон ва ҳамаи мардуми тоҷик таъкид намуданд, ки худу назиконашонро аз беморӣ эҳтиёт кунанд.

Фарзона ва Озарахш, аз намоёнтарин шоирони Тоҷикистон ба шумор мераванд, шеърашон то ба маҳфилҳои адабии кишварҳои форсизабон ва Порису Инглистон расидааст. Шоир Толиби (Каримов) Озарахш дар соли 1963 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, соли 2019 унвони шоири халқии Тоҷикистонро гирифтаст. Дар 2015 сардабири маҷаллаи адабии "Паёми Суғд"-и ҳукумати Суғд мебошад.

Дар тӯли бештар аз 35 соли фаъолияти эҷодияш Озарахш як зумра маҷмӯаи шеърҳояшро бо номҳои “Аз чашмасор омадам”, “Намози мусофир”, “Чархболи Офтоб”, “Девони Ишқ” ва “Ватаннома” ба нашр расонидааст. Ҳамчунин то ин муддат матни чандин таронаи ҳофизон аз ҷумла дар васфи ватан, сулҳ, дунёро эҷод намудааст.

Фарзонаи (Хоҷаева) Хуҷандӣ соли 1962 дар ноҳияи Хуҷанд (Бобоҷон Ғафуров) таваллуд шудааст. Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, соли 1995 унвони шоири халқии Тоҷикистонро гирифт. Ӯ аз шогирдони шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ ба ҳисоб меравад. То ин замон китобҳои шеърии ӯ бо номи "Тулӯи хандарез”, “Шабохуни барқ”, “Ояти ишқ”, “Қатрае аз Мӯлиён”, “Сӯзи нотамом” ва “Муҳри гули мино” дар Тоҷикистон нашр шудаву дар соири кишварҳои Афғонистону Эрон, Инглистон ва Фаронса рунамоӣ шудаанд.

329
Барчаспҳо:
Шоира, Тоҷикистон
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Се қарори Ҳукумат: Раҳмон сардори Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ - ро аз вазифа озод кард

0
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, чанде аз масъулини баландпояро ҷо ба ҷо кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, дар мақомоти қудратӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини мақомоти қудратӣ ва давлатиро ҷо ба ҷо кард

Бо қарори дигар Пиракзода Ҳикматулло ба ҷойи ӯ, сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Тибқи қарори сеюми Ҳукумат, Нурализода Нуриддин Файзиддин директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

0
Барчаспҳо:
Ҳукумат, тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон