Ташкили китобхонаи электронӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкКомпьютеры, архивное фото
Компьютеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон китобхонаи электронии навтаъсисашро муаррифӣ кард, ки феълан 500 китобро фаро мегирад

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Носирҷон Салимӣ, мудири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, мегӯяд, китобхонаи электронӣ дорои махзани бузурги китобҳо буда, дар он дар навбати аввал, китобҳои тахассусӣ ва луғатномаҳою нусхаи дастхатҳо ҷой дода мешаванд.

Библиотека новой школы №55 в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Муаррифии китоби “Сангнавиштаҳои олимони Самарқанд” дар Душанбе

"Ният дорем, ки бо китобхонаҳои ҷаҳонӣ шартнома баста, нусхаи қадимтарин дастхатҳоро аз кишварҳои хориҷӣ дастрас ва ба китобхонаи электронӣ ворид намоем. Зеро институт, ки муассисаи тадқиқотӣ ба ҳисоб меравад, барои корҳои тадқиқотӣ ин нусхаи дастхатҳо ба олимон хеле кумак мерасонад", - хабар додааст “Ховар” аз қавли Салимӣ.

Ба иттилои манбаъ, шакли  электронии  адабиёт дар як утоқи институт, дар чор адад компютер ҷойгир карда шуда, асосан китобҳои нодирро фаро мегиранд.

Дар китобхонаи электронӣ дархост бо ду забон - русӣ ва тоҷикӣ сурат мегирад ва дар оянда нақша доранд, ки бо забони англисӣ низ онро ба роҳ монанд.

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбе моҳи октябр ифтитоҳ мешавад

Истифодабарандагон имконият доранд, ки китобҳоро  тариқи электронӣ мутолиа ва нусхаафзоӣ намоянд.

Дар иттилоия таъкид шудааст, ки агар аз як тараф китобхонаи  электронӣ имконияти  истифода  аз  мақолаҳои  илмии  муаллифони  ватанию хориҷиро  фароҳам  орад, аз ҷониби дигар мақолаҳои илмии олимони тоҷикро дар кишварҳои хориҷӣ муаррифӣ менамояд.

Лентаи хабарҳо
0