Класс. Ученики

Вазири маориф ва илм ҷамъоварии маблағ аз толибилмон ва волидонро қатъиян манъ намуд

1397
(Таҷдидшуда 16:59 02.10.2019)
Минбаъд ба маъмурияти макотиб ва ҳайати омӯзгорони Қирғизистон дастур дода шуд, ки ба рӯёнидани маблағ барои ниёзи дабистон ва ё баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ аз ҳисоби волидони хонандагон хотима диҳанд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Вазири маориф ва илми Қирғизистон Канибек Исоқов имрӯз қарореро ба тасвиб расонид, ки тибқи он минбаъд  талаб намудани маблағ аз хонандагон ва волидони онҳо қатъиян манъ карда мешавад, иттилоъ медиҳад сомонаи КирТАГ.

Бар хабари манбаъ, вазири маориф тақозо намудаст, ки қарори мазкурро ба саҳми ҳамаи мудирон ва омӯзгорони дурдасти Қирғизистон бо гирифтани имзои онҳо, расонида шавад.

На аз кисаи волидон: Рустам Эмомалӣ таъмири мактабро бар дӯши раисони ноҳия вогузошт

Вазири маориф ҷиддан талаб намудаст, ки минбаъ рӯёнидани маблағ аз падару модарон барои доир намудани дилхоҳ чорабиниҳои фарҳангӣ набояд сурат гирад.

Зимнан, Исоқов дастур дод, то почта ва телефонҳои боварӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ фаъол шаванд, то волидон бевосита тавонанд барои нақзи қарори тозақабулкардаи ӯ, арзу шикоят намоянд.

Соҳибкор аз ҳисоби худ дар Ашт бо арзиши наздик ба 9 миллион сомонӣ мактаб месозад

Дар сурати нақз шудани қарори вазир, эҳтимоли аз кор ронда шудан, таҳдид мекунад.

1397
Барчаспҳо:
манъ, мактаб, пул, маориф, вазир, Қирғизистон
Тотальный диктант в Душанбе

Хобгоҳҳо каму иҷорахонаҳо қимат: шикваи донишҷӯёни тоҷик аз гаронии нарх

579
То оғози таҳсил дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳои Тоҷикистон, камтар аз 4 рӯзи дигар боқӣ мондааст, аммо мушкили камбуди хобгоҳ ва гароншавии арзиши хонаҳои иҷоравӣ бисёре аз донишҷӯёнро ба тавшвиш овардааст

ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик мегуянд, ба фарқ аз соли гузашта дарёфти хонаҳои иҷроравӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд душвортар шудааст.

Иқбол Раҳимов шуморе аз донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе мегуяд, қимати хонаҳои иҷоравӣ аз ҳар вақт дида ҳоло баланд шудааст.

"Ба 1000 сомонӣ ҳам ёфтани хонаи иҷоравӣ дар шаҳри Душанбе қариб ки номумкин шудааст. Соли гузашта мо бо ин қиммат хона иҷора гирифта будем, аммо имсол соҳибхона бо ин нарх хонаро ба иҷора намедиҳад", - гуфт Раҳимов.

Донишҷӯёни Хуҷанд низ аз мушкили дарёфти хонаҳои иҷоравӣ таъкид меварзанд.

Санҷар Шаропов, аз ҷумлаи донишҷӯёнест, ки баъди хатми таҳсили Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд азм дорад, имсол барои гирифтани маълумотии олии тахассусаш ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил намояд, аммо гарон шудани қиммати хонаҳои иҷоравӣ ӯро дар ташвиш гузоштааст.

"Дар соли қаблӣ мо 4 нафар донишҷӯён бар ивази 600 сомонӣ дар як хонаи як ҳуҷрагӣ иқомат мекардем. Ҳоло бо ин нарх пайдо кардани хонаи иҷоравӣ душвор аст. Нархи хонаҳо то ба 800 -1000 сомонӣ баланд шудааст", - гуфт донишҷӯ.

Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд, чаҳор муассисаи таҳсилоти олӣ аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехкиникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ фаъолият мекунанд ва дар онҳо бештар аз 30 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад.

Бемории 7 донишҷӯи тоҷик бо таби баланд дар Вуҳан маълум шуд: шарҳи сафорат

Аммо ин донишгоҳҳо дар мувозинати худ ҳамагӣ як ва ё дутоӣ хобгоҳ барои донишҷӯён доранд. Дар ин миён танҳо ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар мувозинаи худ чаҳор хобгоҳ дорад, ки дар онҳо кам ё беш аз 2500 ҳазор донишҷӯ, умдатан онҳое, ки тибқи Квотаи президентӣ дохил шудаанд таъмин мешаванд, аммо беш аз 20 ҳазор донишҷӯи дигари ин донишгоҳ аз ҳисоби худ хонаи иҷорави мегиранд.

Дар ҳоли ҳозир донишгоҳҳои кишвар имкони бо хобгоҳ таъмин кардани шумори қобили мулоҳизаи донишҷӯёнро надоранд ва дарёфти хонаҳои иҷоравӣ барои донишҷӯён мушкили аслӣ боқӣ мемонад.

579
Открытие нового детского сада в Душанбе

Кӯдакистонҳо низ дар Тоҷикистон 17 август ба кор оғоз мекунанд

579
(Таҷдидшуда 15:07 12.08.2020)
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, санаи 17 август дар баробари донишгоҳу мактабҳо муассисаҳои томактабӣ низ ба кор оғоз хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорат ин тасмим дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ, шоми 11-уми августи Вазорати маориф расман ба тамоми сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маориф эълон намуд, ки шурӯъ аз 17-уми августи соли ҷорӣ муассисаҳои томактабӣ дар асоси “Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ ба фаъолият оғоз менамоянд.

Вазорат гуфтааст, ки бурдани кӯдакон ба кӯдакистонҳо ихтиёрӣ буда, падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, метавонанд кӯдаконашонро ба кӯдакистон то ба эътидол омадани вазъият наоранд.

“Дар чунин ҳолат ҷойи кӯдак дар кӯдакистон нигоҳ дошта мешавад. Илова ба ин, дар ин муддат маблағ барои нигоҳубини кӯдак пардохт карда намешавад”,- афзудааст манбаъ. 

Бар асоси дастуроти қаблии вазорат таҳсил дар донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои таълимии кишвар бо риояи талаботҳои беҳлоштӣ, аз қабили санҷиши таб ва пушидани ниқобу риояи фосила доир мегардад.

579
Барчаспҳо:
донишгоҳҳо, мактабҳо, таҳсил, кӯдакистон, Вазорати маориф, Тоҷикистон
Первая в мире вакцина от коронавируса

Ваксинаи коронавируси Русия: "олӣ, мисли ҳамагуна олиҳо"

0
Дар роҳи наҷот аз коронавирус - роҳи дигар ҳам ҳаст: одамонро аз олудашавӣ аз он наҷот додан. Ин роҳи беҳтарин аст -ҳам худи одам бемор нест, ҳам атрофиёнашро олуда намекунад.

Мо, пизишкон, дар табобати беморони коронавирус бо истифодаи "антитела", "стероидҳо" ва маводҳои зиддивирусӣ муваффақ шудем. Дар натиҷа марг аз коронавирус камтар шуд, аммо дар ҳолатҳои вазнин мо маҷбурем, ки беморонро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст кунем. Аз даҳ бемор шаш-ҳашт нафарашон аз инфексияи дохилибемористонӣ мемиранд. Ин гуна беморонро антибиотикҳои нав метавонистанд наҷот диҳанд, аммо барои коркарди онҳо солҳо лозим аст.

Роҳи дигар ҳам ҳаст: одамонро аз олудашавӣ ба коронавирус наҷот додан. Ин роҳи беҳтарин аст -ҳам худи одам бемор нест, ҳам атрофиёнашро олуда намекунад. Зеро то кадом андоза ба ин беморӣ нафарони устувор бештар шаванд, ҳамон андоза қабати иммунии ҷамъият ғафстар мешавад, ба эпидемия хотима меёбад.

Феълан, нафароне нисбати ин беморӣ устувор дониста мешаванд, ки ин бемориро аз сар гузаронанд. Аммо як роҳи бехатари дигар ҳам ҳаст - сироятнопазир кардан. Дар ҳоле, ки ваксинаи бехатар ва самаранок, ки мутахассисони маркази илмии ба номи Гамалеи сохтаанд, омода аст. Ин пажӯҳишгоҳ дар ҷомеаи микробиологӣ мисли бренди "Мерседес" дар мошинсозӣ аст.

Русия ба озмоиши ваксин алайҳи коронавирус оғоз кард

Ман чанд сол аст, ки академикҳо Гинсбург ва Логуновро мешиносам. Бо онҳо ва кормандонашон мо роҳҳои нави мубориза бо бактерияҳои устуворро меомӯзем. Афзун бар ин, олимони пажӯҳишгоҳ аллакай зидди эбола ва MERS ваксин сохтаанд.

Ва на танҳо сохтанд, роҳи сохтани бехатар ва самаранок - векториро кашф намуданд. Ба аденовируси барои инсон беозор, мисли ба машаки ҳомил, истгоҳи мадорӣ - бурдаи коронавирусро мечаспонанд. Ва ба бадани инсон сар медиҳанд. Пас аз ин ҳам  ба мушаки ҳомил ва ҳам ба истгоҳи мадорӣ иммунитет ҳосил мешавад. Барои ин дастовардро мустаҳкамтар кардан, пас аз се ҳафта, ҳамин гуна "истгоҳи мадорӣ"-ро дар дигар "мушаки ҳомил", дигар аденовирус сар медиҳанд. Ва боз иммунитет ҳосил мешавад. Дар натиҷа ба ҳарду аденовирус иммунитети заифтар ҳосил мешавад (зеро он ба организм лозим нест), ба коронавирус бошад - иммунаи пойдор ва устувор.

Олӣ, мисли ҳамагуна олиҳо. Зеро касе мисли мо то ин дараҷа нозукиҳои ваксинасозиро фикр накарданд. Дар ҷаҳон боз чанд ваксинаҳои векторӣ сохта мешаванд, аммо мисли ваксинаи коронавирус ду "мушаки ҳомил" надоранд.

Ваксин аллакай дар бадани довталабон озмоиш шудааст. Бояд қайд кард, ки довталабони нахустин ҳамон кормандони пажӯҳишгоҳи ба номи Гамалеи буданд. Онҳо мисли созандагони пуле буданд, ки то қатораи аввал гузаштан, зери пул худашон истоданд. Пас аз онҳо ваксина дар бадани низомиён озоиш шуд! Ягон ҳолати зарари ваксин ба қайд гирифта нашудааст, ҳама иммунитети қавӣ доранд.

Ҷои тааҷҷуб нест, ки дар рафти сохтани ваксин мавҷи танқидҳо боло шуданд. Аз овозаҳои дурӯғи технологияҳои дуздидашуда сар карда, то бад шудани аҳволи довталабони озмоиши ваксин. Охиронашон  мудҳиш садо медиҳад: тақвияти вобастаи антителӣ (ADE). Ин барои ғайримутахассисон мудҳиш аст. Вирусологҳо медонанд, ки осори ADE танҳо барои лихорадкаи Денге шарҳ дода шудааст, ҳамон ҳам ба ваксингузаронӣ вобаста нест. Дар дигар ҳолатҳо осори ваксинаро танҳо дар пробирка мебинанд. Бояд қайд кард, ки на дар ҳолати инфексияи коронавирус.

Путин аз сабтиноми нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия эълон кард

 Аз ин ҷо як савол бармеояд. Ин ширкатҳоро дар расонаҳо кӣ маблағгузорӣ мекунад? Он коршиносони мастақил аз кӣ вобастаанд. Ҷавобаш рӯшан аст: истеҳсолкунандагони дигар ваксинҳо ки феълан аз олимони Русия ақиб мондаанд. Баъзан аз истеҳсолкунандагонии доруҳои зиддивирусӣ, ки камсамаранд.

 Ба мо пизишкон ҳамаи ин шармовар аст. Мо интизорем, ки кай коронавирус маҳв мешавад ва мо бо дигар бемориҳои эпидемикӣ, ки то ҳол дастамон намерасид, машғул мешавем.

0