Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қарори нави Раҳмон: 10 сол барои англисию русидон шудани тоҷикистониён

8793
(Таҷдидшуда 11:50 06.10.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарори нави Ҳукуматро имзо кард, ки ба англисию русидон кардани мардуми кишвар тайи даҳ соли оянда нигаронида шудааст

ДУШАНБЕ, 6 окт - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, барномаи махсуси давлатӣ барои такмили таълиму омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар Тоҷикистон барои то соли 2030 имзо карда, Вазорати маорифро муваззаф намудааст, ки ҳар сол аз иҷрои барнома ба Ҳукумат гузориш диҳад.

Раисиҷумҳур ба Вазорати молия дастур додааст, ки аз 1 январи соли 2021 барои беҳбуди омӯзиши забонҳои англисию русӣ дар Тоҷикистон маблағ ҷудо кунад ва истифодаи дигар сарчашмаҳои қонунии маблағгузориро низ ҷоиз хондааст.

Дар барномаи тасдиқшуда, таъкид гардидааст, ки омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва англисӣ, ки паҳншудатарин дар ҷаҳон аст, имконоти насли наврасро бештар  мекунаду барои амалисозии зарфиятҳо дар бахшҳои гуногун мусоидат менамояд.

Қайд шудааст, ки аз сатҳи таълиму омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, сатҳи маълумоти умумию тахассусӣ вобаста буда, барои рушди минбаъдаи шаҳрвандон дар соҳаҳои гуногун омили муҳим мебошад. Ҳамчунин муҳим хонда шудааст, ки тариқи омӯзиши забонҳои русию англисӣ тоҷикистониён бо фарҳангу адабиёти ин миллатҳо шинос мешаванд.

Раҳмон гуфт, кай забон расман "тоҷикӣ" шуд: изҳороти Президент баъди баҳсҳо атрофи ном

Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари Вазорати маориф, инчунин Академияи улум, муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҳамаи сатҳҳоро вазифадор кардааст, ки иҷрои барномаи мазкурро таъмин намоянд.

8793
Барчаспҳо:
Ҳукумат, қарор, омӯзгори забони англисӣ, забони русӣ, маориф, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон (41)
Открытие нового детского сада в Душанбе

Кӯдакистонҳо низ дар Тоҷикистон 17 август ба кор оғоз мекунанд

520
(Таҷдидшуда 15:07 12.08.2020)
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, санаи 17 август дар баробари донишгоҳу мактабҳо муассисаҳои томактабӣ низ ба кор оғоз хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорат ин тасмим дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ, шоми 11-уми августи Вазорати маориф расман ба тамоми сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маориф эълон намуд, ки шурӯъ аз 17-уми августи соли ҷорӣ муассисаҳои томактабӣ дар асоси “Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ ба фаъолият оғоз менамоянд.

Вазорат гуфтааст, ки бурдани кӯдакон ба кӯдакистонҳо ихтиёрӣ буда, падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, метавонанд кӯдаконашонро ба кӯдакистон то ба эътидол омадани вазъият наоранд.

“Дар чунин ҳолат ҷойи кӯдак дар кӯдакистон нигоҳ дошта мешавад. Илова ба ин, дар ин муддат маблағ барои нигоҳубини кӯдак пардохт карда намешавад”,- афзудааст манбаъ. 

Бар асоси дастуроти қаблии вазорат таҳсил дар донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои таълимии кишвар бо риояи талаботҳои беҳлоштӣ, аз қабили санҷиши таб ва пушидани ниқобу риояи фосила доир мегардад.

520
Барчаспҳо:
донишгоҳҳо, мактабҳо, таҳсил, кӯдакистон, Вазорати маориф, Тоҷикистон
XIX Всемирный фестиваль молодежи и студентов. Дискуссионная программа

Донишгоҳҳои Русия барои донишҷӯёни хориҷӣ онлайн дарс медиҳанд

216
(Таҷдидшуда 15:04 10.08.2020)
Барои донишҷӯёни хориҷие, ки наметавонанд то 1 сентябр ба Русия биёянд, дарсҳо дар шакли онлайн баргузор карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Аз 1 сентябр бархе аз макотиби олии Русия барои донишҷӯёне, ки ба сабаби ҳамагирии коронавирус наметавонанд ба донишгоҳҳо ҳозир шаванд, дарсҳои онлайн баргузор мекунанд, хабар медиҳад "Российская газета".

Интизор меравад, ки барои чунин донишҷӯён як гурӯҳ созмон дода мешавад, ки танҳо тариқи онлайн дарс хоҳанд хонд.

Аллакай маълум шуда, ки Донишгоҳи давлатии электротехникии шаҳри Санкт-Петербург, Донишгоҳи федеролии Қазон ва Донишгоҳи политехникии Томск барномаи таълимиро тариқи онлайн баргузор мекунанд.

Дар баробири ин барномаи омӯзишии онлайнро Донишгоҳи федеролии Балтики ба номи Иммануил Кант, Донишгоҳи федеролии Шарқи Дур, Донишгоҳи давлатии Новосибирск ва Донишгоҳи давлатии Тюмен тасдиқ карданд.

Толибилмон дар соли хониши нав чӣ қадар таътил доранд? Тақвими истироҳати хонандагон

Ҳамин тавр, ноиби ректори Донишкадаи техникии Маскав Марина Невская гуфт, дар баробари донишҷӯёни хориҷӣ донишҷӯёни русиягӣ низ, ки наметавонанд то 1 сентябр ба компус ҳозир шаванд, тариқи онлайн дарс мехонанд.

Пештар дар Русия қонуне қабул шуд, ки мувофиқи он донишҷӯёни хориҷӣ ҳуқуқ пайдо карданд, бидуни иҷозатномаи корӣ ва патент расман кор кунанд.

Барои кор кардан, донишҷӯ бояд аз донишгоҳ ё донишкада танҳо як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯиро барои корфармо ҳозир кунад.

216
Барчаспҳо:
онлайн, омӯзиш, донишгоҳ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Наздикони Гулназар Келдӣ: вазъаш рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст

2297
(Таҷдидшуда 21:57 12.08.2020)
Вазъи саломатии Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷик, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, ки қаблан ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шуда буд, феълан муътадил мебошад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Табибон дар пайи бадтар шудани вазъи Гулназар Келдӣ, ӯро ба дастоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карда буданд, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

"Гулназар Келдӣ худро бадтар эҳсос кард ва табибон тасмими гирифтанд, ки ӯро зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронанд”, - изҳор дошт манбаъ.

Аммо наздикони шоири халқӣ мегӯянд, вазъаш рӯ ба беҳбуд ва феълан муътадил мебошад. Дориюш Раҷабиён, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва яке аз наздикони Гулназар Келдӣ дар саҳифааш миннатдории устодро ба ҳамаи онҳое, ки ҷӯёи ҳолашанд, баён дошт.

"Яке-ду рӯзи аввал ба дастгоҳи танаффуси маснӯъӣ ниёз доштанду акнун ҳолашон рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст. Орзумандем, ки базудӣ бо такмили давраи муъолиҷаи худ ба оғӯши хонавода баргарданд", - навишт Раҷабиён.

Қаблан шоири халқӣ ва муаллифи суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” интиқол ёфта буд.

Худи шоир 11 август ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як рӯзи қабл дарди ногуворе саропои вуҷудашро ларзонд ва наздиконаш салоҳ донистанд, ки ӯро ба шифохона интиқол диҳанд.

“Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфт шоири халқии Тоҷикистон.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

2297