Толибилмон. акс аз бойгонь

Раисҷумҳур номаи кӯдаки 10 соларо хонда ба вазири маориф супориш дод

1201
(Таҷдидшуда 12:32 08.11.2019)
Толибилми 10 - сола дар мактуби худ унвонии раисҷумҳурии Қазоқистон дархост намуд, то шумораи рӯзҳои истироҳат зиёд карда шавад ва фанҳои мушкилфаҳм аз ҷадвали дарсӣ комилан бардошта шаванд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим - Жомарт Тоқаев номаи хонадаи 10 - солаи қазоқро хонда, ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки ба дархостҳои толибилм фавран посух диҳанд.

Навраси 10 - сола бо ирсол намудани мактуб унвонии раисҷумҳур дархост намуд, ки мӯҳлати рӯзҳои таътил дарозтар ва омӯзиши фанҳои мушкилфаҳм дар мактабҳо тамоман манъ карда шавад.

Ба мактуби Нурбакит Ҳалимҷони 10 - сола, худи Вазири маорифи Қазоқистон Асхат Аймагамбетова посух дод.

"Кори Вазорати маориф ба он равона шудааст, ки шумо, Нурбакит ва кулли дӯстонат, одамони бомаърифат ба воя расед ва дар рушди Қазоқистон саҳм гузоред. Ман ҳамчунин мехоҳам бигӯям, ки ҳамаи фанҳои барномаи таълимӣ муҳиманд ва омӯхтани як фан бидуни донистани фанни дигар ғайриимкон аст." "Табиатшиносӣ" бисёр фанни ҷолиб аст, чун ҷаҳони атрофро ба шумо муаррифӣ мекунад. Фанни "Кишваршиносӣ" бошад, ба шумо  дар бораи таърихи маконе, ки  дар он ҷо таваллуд шуда, зиндагӣ мекунед, дониш меомӯзад", - навиштааст вазири маориф дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии  Facebook.

Ба фасодкорӣ даст назанед: ҳушдори Раёсати мубориза бо фасод ба мансабдорони Суғд

Нурбакит аз бархӯрди раисҷумҳур ба номаи худ ва супориши ӯ ба Вазорати маориф болида гардида, ба кишвардор ва вазири маорифи Қазоқистон изҳори сипос намудаст.

Зимнан, Ҳалимҷон қайд намудаст, ки минбаъд дар мактаб ба фанҳои душвор бо усули дигар  нигҳ мекунад.

1201
Барчаспҳо:
маориф, вазир, раисҷумҳур, нома, кӯдак