Китоб, акс аз бойгонӣ

“Интиҳорӣ” дар Душанбе ба чоп тайёр шуд

256
(Таҷдидшуда 20:30 23.11.2019)
“Интиҳорӣ” - достони Аҳмад Фаҳими Кӯҳдоманӣ, нависандаи тоҷики Афғонистон дар Душанбе аз форсӣ ба сириллик баргардон шуд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Аҳмад Фаҳими Кӯҳдоманӣ гуфт, ин китоб дар Кобул бо теъдоди назаррас ба нашр расида, мавриди писанди хонандагон шуд ва ӯ тасмим гирифт, ки чопи онро дар Душанбе низ пиёда кунад.

Вай ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки баргардони роман аз форсӣ ба сириллик тариқи як барномаи компутарӣ анҷом ёфта, нависахонии он низ анҷом шудааст ва ҳамин рӯзҳо ба дасти чоп хоҳад рафт.

Ӯ тавзеҳ дод, ки терроризм ба масобаи микроби наҷас дар бадани ҷомеаҳои мо – кишварҳои минтақа нуфуз карда, бо ҳилаву макр афроди ноогоҳ ва тундмизоҷро аз миёни ҷавонони мо шикор ва тавассути онҳо ҷиноятҳои ҳавлноки зидди башариятро анҷом медиҳад.

“Қабл аз террорист афкору андешаи террористӣ вуҷуд дорад, ки ҷавононро фавҷ – фавҷ қурбонии хостҳои шайтонии худ мекунад. Аммо барои банда як мушкили калон мӯҷиби нигаронӣ шудааст, ки терроризм бо чеҳраи ба зоҳир исломӣ аз миёни мо сарбозгирӣ мекунад ва баробари бадном кардани исломи ноби муҳаммадӣ, дар кишварҳои исломӣ ноамнӣ меофарад ва миёни мардуми мусалмон тафриқа меангезад”, - гуфт нависанда.

“Интиҳорӣ” қиссаи як навраси синфи 12 – и яке аз макотиби вилояти Ғазнии Афғонистон аст, ки мехоҳад ҳангоми таътили мактаб сабақи исломӣ гирад ва барои таҳсил ба як мадрасаи ба зоҳир динӣ, аммо дар асл мутааллиқ ба як созмони террористӣ меравад.

Азбакси дили софу бекина дошт, ба ҳарфҳои мударрис – масъули сарбозгирии созмони террористӣ бовар карда, озими Покистон мешавад. Дар он ҷо ӯ бо кӯмаки созмони истихборотии Покистон дар як пойгоҳи “Шабакаи Ҳаққонӣ” таълими диниву низомӣ гирифта, анҷом додани амалиёти террористӣ омода мешавад.

Ӯ бо кӯмаки афроди хоси он шабака ва ҳамкории як вакили парлумон ба Кобул – пойтахти Афғонистон омада, худро дар байни кӯча инфиҷор медиҳад. Хуллас, ин достони ғамангези ба як террористи худкуш ё интиҳорӣ табдил ёфтани як ҷавони толибилму соддаву дилсоф аст.

“Паёми ман ба хонанда ва мардуми Афғонистону минтақаи мо ин аст, ки муроқиби дарсу таълими фарзандонашон бошанд, ки мабодо дар доми шабакаҳои террористӣ ва даҳшатафкан биафтанд. Ҳамчунон дар ин достон мехонед, ки маконҳои террористпарвар фақат зоҳири динӣ доранд, балки дар даруни он корҳое сурат мегирад, ки ҳеҷ гуна мутобиқат ба фарҳанги динӣ надорад”, - гуфт Фаҳими Кӯҳдоманӣ.

Фаҳими Кӯҳдоманӣ аз рӯзноманигорон ва нависандагони забардасти Афғонистон аст. Ӯ дар минтақаи Кӯҳдомани вилояти Парвони Афғонистон ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар Кобул ва олиро дар риштаи рӯзноманигорӣ дар донишгоҳҳои Пешовару Теҳрон ва Кобул гирифтааст. Ҳоло дар сафорати Афғонистон дар Душанбе кор мекунад ва ҳамзамон донишҷӯи риштаи байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

256
Барчаспҳо:
амният, террорист, Афғонистон, китоб, Тоҷикистон