Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, акс аз бойгонӣ

Нигаронии шаҳрдори Душанбе аз камбудиҳо дар бахшҳои маорифу тандурустӣ

113
(Таҷдидшуда 21:02 10.01.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз камбудиҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ дар пойтахт гуфтааст

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ,  Рустами Эмомалӣ дар ҷаласа гуфт, бо вуҷуди фароҳам гардидани шароити мусоид ва таваҷҷуҳу дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат, дар соҳаи маорифи пойтахт ҳанӯз нуқсону камбудиҳо ҷой доранд. Ӯ таъкид намудаст, ки камбудиҳо бояд дар кутоҳтарин фурсат ислоҳ  гардида, роҳи ҳалли худро пайдо намоянд.

Ба иттилои котиботи шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ ба мақомдорон дастур додаст, ки бо мақсади рушди фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро такмил дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ намоянд. Ӯ ҳамчунин зарур хондаст, ки назорат барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин забонҳои русиву англисӣ дар ҳар як муассисаи таълимӣ роҳандозӣ гардад.

Раиси шаҳр ҳамчунин аз фаъолияти сохторҳои соҳаи тандурустии шаҳр, таъмини хизматрасониҳои босифат, назорати ҳолати санитарӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ёдовар шуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати сари вақт бартараф намудани норасоиҳо супоришҳои мушаххас дод, омадааст дар иттилои котиботи шаҳрдорӣ.

Манбаъ илова намуд, ки шаҳрдори Душанбе ҳамчунин масъулини соҳаҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки бобати баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, аз ҷумла китобхонаҳо ва боғҳои фарҳангӣ фароғатӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

113
Барчаспҳо:
тандурустӣ, маориф, Душанбе, Тоҷикистон