Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини соҳаи маорифро ҷо ба ҷо кард

2960
(Таҷдидшуда 16:25 21.01.2020)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарор дар соҳаи маорифи Тоҷикистон тағйироти кадрӣ амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо амалӣ кардани тағйироти кадрӣ масъулини соҳаи маорифро ҷо ба ҷо кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон муовини якуми вазири маориф ва илм Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович бо сабаби ба нафақа баромадан, аз вазифа озод гардида ба ҷои ӯ Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм муовини якуми вазири маориф таъин шуд.

"Усмонзода Хайриддин Усмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" гардида Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ректори ин муассиса таъин гардид".

Дар баробари ин, Табарӣ Абдулло Ҳабибулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ" озод шуда, ба ҷояш Мирализода Абдусалом Мустафо таъйин гардид.

"Идизода Файзалӣ Фузайлшо бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт" озод шуда Шоҳиён Маҳмуд Эргаш ректор таъин шуд", - омадааст дар қарори дигар.

2960
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон