Пресс-конференция Россотрудничества по вопросам квотной кампании поступления граждан Таджикистана в российские вузы в 2020-2021 учебном году

"Ҳамин тавр шуд": Тоҷикистон аз ҳама бештар бурсияҳои Русияро ба даст овард

648
(Таҷдидшуда 20:54 21.01.2020)
Тоҷикистон аз миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ бештарин ҳиссаи бурсияҳои таҳсилии Русияро ба даст овардааст. Ҳамзамон пас аз Чину Ветнам сеюмин кишвари ҷаҳон аст, ки мавриди инояти Маскав қарор мегирад

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Игор Лякин – Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, аз 15 ҳазор квотае, ки ҳукумати Русия барои кишварҳои ҷаҳон тахсис додааст, 630 адад ҳиссаи Тоҷикистон аст.

Вай афзуд, ин далели барҷастаи мушорикати стратегӣ ва омодагии Русия дар тарбияи кадрҳо барои Тоҷикистон аст.

"Агар ин рақамро бо ҳиссаи кишварҳои дигар муқоиса кунем, мебинем, ки Русия ва раҳбарияташ таваҷҷӯҳи вижа маҳз ба Тоҷикистон доранд. Ҳамин тавр шуд. Аз ин хотир, мо то ҷое дар тамоми кураи замин он чӣ марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аст, пешсаф ҳастем", – гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон.

Бурсияҳое, ки ҳукумати Русия барои довталабони тоҷик тахсис додааст, бар асоси тавофуқ ва ҳамкории "Россотрудничество", ниҳоди фарҳангии Русия ва вазорати маорифи Тоҷикистон ва дар пайи як барномаи вижа тақсим мешаванд.

Таджикские студенты в Томске, архивное фото
© Фото : страница Мубориза Мирзоева в Facebook

Михаил Вождаев, раҳбари "Россотрудничество" дар Тоҷикистон мегӯяд, довталабони тоҷик барои ба даст овардани ин бурсияҳо бояд аз имтиҳонҳои хаттиву тестӣ гузаранд.

Бурсияҳои таҳсилӣ барои довталабони тоҷик: Русия – 630, Украина – 20

"Онҳо ҳамагӣ аз забони русӣ хаттӣ имтиҳон мешаванд. Дар идома, бино ба кластерҳое, ки интихоб кардаанд, аз санҷиши тестӣ хоҳанд гузашт. Ҳамин тавр, дар кластери фаннӣ аз фанҳои физикаву математика, тиббӣ – химияву биология, башарӣ – таъриху табиатшиносӣ ва агар ихтисоси иқтисодӣ дошта бошанд, аз математика тест месупоранд", - гуфт Вождаев.

Имтиҳонҳо дар ду марҳала ва дар 5 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб баргузор мешаванд.

Ҳуҷҷатсупорӣ тариқи сомонаи "Россотрудничество" 20 январ шурӯъ шудааст.

Ҷадвали санҷишҳо миёни "Россотрудничество" ва вазорати маорифи Тоҷикистон мувофиқа мешавад.

Дар гузашта марҳилаи аввали санҷишҳои интихобӣ 21 феврал оғоз мешуд, аммо ба қавли Вождаев, соли равон ҳанӯз ҷадвал дақиқ нашудааст, зеро дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва кормандони соҳаи маориф бо он машғул хоҳанд шуд.

Вай афзуд, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамватаноне, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд ва ашхоси бидуни тобеият имкон доранд, ки ин бурсияҳоро ба даст оранд.

Барномаи санҷишҳо ва мӯҳтавои онро мутахассисони Русия дар ҳамдастӣ бо намояндагони 10 донишгоҳи мӯътабар ва шарики кори "Россотрудничество" омода кардаанд.

Дар умум довталабон метавонанд бурсияи таҳсили 36 мактаби олии Русияро ба даст оранд.

Бино ба иттилои "Россотрудничество", соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 3,5 ҳазор нафар барои ба даст овардани бурсияҳои таҳсилии Русия ҳуҷҷат супорида буданд, ки аз ин теъдод ҳудуди 700 нафар талабгори таҳсил дар магистратура, аспирантура и ординатураҳои Русия буданд.

Бино ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, ҷалби шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба макотиби олии Русия бар пояи як барномаи федералӣ, ки аз сӯи президенти ин кишвар тасдиқ шудааст ва содироти маорифи Русияро ҳадаф қарор додааст, анҷом мегирад.

Игор Бурулко, котиби аввали сафорати Русия дар Тоҷикистон, мегӯяд, пеши мо вазифаи стратегӣ гузошта шудааст, ки то соли 2024 теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар Русияро ду баробар афзуда, ба 420 ҳазор нафар расонем.

"Мо фақат ба миқдор на, ба сифат низ такя мекунем. Бояд донишҷӯи зиёд бошад, аммо бояд донишҷӯи соҳибистеъдоди зиёд низ бошад. Ва бурсия дақиқан абзори умумиест, ки аз як сӯ сатҳи ҳамкориҳои башариро боло мебарад, аз сӯи дигар, имкон медиҳад довталабони соҳибистеъдодро ба донишгоҳҳои пешгоми Русия ҷалб кунад", - гуфт Бурулко.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои "Россотрудничество", 630 бурсияи таҳсилӣ теъдоди ҳудуди 10% - и довталабони тоҷикро ташкил мекунад, ки ҳамасола барои таҳсил ба Русия мераванд.

Ба қавли Михаил Вождаев, раҳбари ин ниҳод, теъдоди миёнаи довталабони тоҷик, ки ҳамасола вориди макотиби олии Русия мешаванд, ҳудуди 6 то 7 ҳазор нафар аст, ки аксарият бо стипендияҳои ҳукуматӣ ва мустақилона озими Русия мешаванд.

"Қисме ҳам бо маболиғи шахсӣ ё пуштибонони молии худ ба донишгоҳҳои Русия дохил мешаванд, аммо теъдоди онҳо хеле кам, тақрибан 30% аст", - гуфт Вождаев.

Тибқи иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар макотиби олии Русия 24 ҳазору 600 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 18 ҳазор нафар ё беш аз 70% аз буҷаи Русия таъмини молӣ мешаванд.

Илҳом Камолзода, сарвари Раёсати равобити байнулмилалии вазорати маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, Русия дар ҳоли ҳозир дар ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил миёни кишварҳои дигар пешгом аст.

"Меъёрҳои таълими ду кишвар хеле наздиканд, аз сӯи дигар, шарикии стратегии ду кишвар ва ҳам имтиёзҳои Русия барои шаҳрвандони кишварҳои собиқ Шӯравӣ сабабҳои асосии интихоби донишгоҳҳои он кишвар аз сӯи шаҳрвандони мо шудаанд", - гуфт Камолзода.

648
Барчаспҳо:
афзун намудани бурсияҳои таҳсил, бурсия, Тоҷикистон, Русия

“Омӯзгорони замонаҳои вазнин”: аз “вируси корона” то Афғонистон

316
(Таҷдидшуда 18:51 16.10.2020)
Панҷоҳ омӯзгори рус дар ҳоле вориди Тоҷикистон мешаванд, ки роҳҳо баставу ҷанги Афғонистон ташдид меёбад

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ин нукта дар нишасте, ки барои пазироӣ аз 50 омӯзгори рус дар толори маркази илму фарҳангии “Россотрудничество” анҷом ёфт, зикр шуд.

Шамил Шамсутдинов, мушовири сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, гуфт, интиқоли омӯзгорон дар вазъияте, ки ба далели беҳдоштӣ марзҳо баставу тайёраҳо парвоз намекунанд, бо кӯмаки ҳамкорони тоҷик фароҳам шуд. Вай гуфт, Тоҷикистон вижагиҳои худро дорад ва авомиле ҳастанд, ки ба вазъи умумӣ таъсир мерасонанд.

 “Қабл аз ҳама ин ба таҳдидҳои хориҷӣ рабт мегирад, зеро кишвар бо Афғонистон, ҷое ки даҳсолаҳо ба ин сӯ оташи ҷанг хомӯш намешавад, ҳамсоя аст. Вазъи он ҷо рӯ ба ташаннуҷ гароидааст. Дар 200 – километрии Душанбе, ки дарёи Панҷ равон аст, марзи Афғонистон мегузарад. Дар як калом, он ҷо сахт ноором аст, ҳамчунон бояд шароити кӯҳистонӣ ва вазъи беҳдоштии Тоҷикистонро низ бояд ба назар гиред”, - гуфт Шамил Шамсутдинов.

Вуруди омӯзгорони рус ба Тоҷикистон замоне иттифоқ меафтад, ки мактабҳои ин кишвар ҳанӯз аз моҳи август ба ин сӯ фаъолият доранд, аммо кишвар ҳамоно бо пандемияи “вируси корона” дасту панҷа нарм мекунад.

Аз маълумоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки ҳамарӯза пахш мешавад, вазъи беҳдоштӣ дар кишвар он қадар вахим наменамояд. Аммо аз гирифтории даҳҳо нафар ва фавти одамон низ хабар пахш мешавад.

Ирина Сулжина, ҳамоҳангсози барномаҳои забони русии намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, мегӯяд, бо вуҷуди шароити ногувор ба Тоҷикистон омадани омӯзгорон ҳамаро хуш кардааст.

“Шумо, воқеан, сифати таълимро аз рӯи фанҳо баланд бурдед, ки пирӯзии шогирдони шумо дар олимпиадаҳо ва ширкати онҳо дар конфронсҳои илмиву амалӣ инро собит мекунад. Шумо ба фаъолияти тарҳ низ дастовардҳои бузург овардед. Аз ин хотир, дар Тоҷикистон ба шумо ниёз аст. Шумо набудед, аммо омӯзгорон аз мо мепурсиданд, ки онҳо кай меоянд, мо онҳоро хеле интизорем. Ин суханҳои самимӣ буданд”, - гуфт Ирина Сулжина.

 Тарҳи маърифатии эъзоми омӯзгорони рус барои тадрис дар макотиби Тоҷикистон таҳти сарпарастии палатаҳои болоии Русияву Тоҷикистон - Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллӣ соли 2017 оғоз ёфт.

Дар соли таҳсили 2017 – 2018 26 нафари онҳо ба Тоҷикистон омаданд ва дар соли таҳсили 2018 – 2019 теъдоди онҳо ба 44 нафар расид.

Имсол омӯзгорони рус боз шаш нафари дигар зиёд шуданд, ки ин далели боризи афзудани таваҷҷӯҳи онҳо барои тадрис дар Тоҷикистон аст, он ҳам дар замонае, ки дар ҷаҳон пандемияи “вируси корона” ҳукмронӣ мекунад.

Аз сӯи дигар, бино ба иттилои намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, дар саросари ин кишвари кӯҳистонӣ ва шароити мухталиф машғули тадрис хоҳанд шуд.

Дар баробари шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, ки шароити зиндагии шаҳриёна доранд, онҳо дар навоҳии дур аз шаҳрҳо, назири Ашт, Данғара, Рашт, Ашт, Кушониён, Бӯстон ва Бобоҷон Ғафуров низ ба тадрис хоҳанд пардохт.

Ба қавли ҳамоҳангсози барномаҳои забони русии намояндагии “Россотрудничество”, онҳо аз рӯи дархости шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии Тоҷикистон барои таълим даъват шудаанд.

“Мо бар асоси ин дархостҳо омӯзгоронро дар макотиби кишвар тақсим кардем. Маъмулан, онҳо дар макотиби тоҷикӣ ба тадриси забони русӣ ва дар макотиби русзабон ба таълими фанҳои дигар машғул хоҳанд буд”, - гуфт Ирина Сулжина.

Бино ба иттилои масъулин, вақтҳои охир дар Тоҷикистон талабот ба омӯзгорони улуми табиӣ ва дақиқ, назири математика, биология, физика ва химия афзуда, имсол бештари омӯзгорони тозаворид ба ин фанҳо ихтисос доранд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2020 – 2040 - ро солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда, тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои иҷтимоиро вазифадор кардааст, ки ба таълими ин қабил илмҳо зиёдтар таваҷҷуҳ намоянд, то мафкураи техникии насли наврас қавӣ гардад.

Ба ҳамин минвол, омӯзгорони рус на фақат ба ҳимоят аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон барои рушди забони русӣ, балки дигар барномаҳо низ ҷалб мешаванд. Ҳамзамон ба қавли Шамил Шамсутдинов, на фақат омӯзгор, балки фиристодаҳои нияти неки забони русӣ ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон хоҳанд буд.

316
Барчаспҳо:
Афғонистон, вируси корона, омӯзгорон, муаллимон, Русия, Тоҷикистон
Средняя школа в Таджикистане

Аъзои нави хонаводаи маориф: ба Тоҷикистон аз Русия шаш омӯзгори нав омад

152
(Таҷдидшуда 18:10 15.10.2020)
Теъдоди омӯзгороне, ки аз Русия барои тадрис ба Тоҷикистон омаданд, шаш нафар афзуд ва ба 50 нафар расид

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар доираи Лоиҳаи башардӯстона таҳти сарпарастии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федоролии Русия ва Тоҷикистон, омӯзгорони рус боз сар аз аввали Соли хониш озими Тоҷикистон шуданд.

Шамил Шамсутдинов, мушовири сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон дар расми пазироӣ аз ин омӯзгорон дар толори маркази илму фарҳангии "Россотрудничество" гуфт, ду кишвар ба ин тарҳе, ки аз сӯи маҷлисҳои болоии парлумонӣ пуштибонӣ мешавад, аҳамияти вижа қоила ҳастанд.

"Дар умум, ин тарҳ мавриди таваҷҷӯҳи раҳбарони ҳарду кишвар аст, зеро дар Конститутсияи Тоҷикистон забони русӣ мақоми забони муоширати миёни миллатҳоро дорад. Забони русӣ ояндаи мо ва дастоварди муштараки мост. Яъне мо аз шумо умедвориҳои зиёд дорем", - гуфт Шамил Шамсутдинов.

Русия барои овардани омӯзгорони рус ба Тоҷикистон ҳавопаймои вижа мефиристад

Тарҳи маърифатие, ки таҳти сарпарастии палатаҳои болоии Русияву Тоҷикистон - Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллӣ пиёда мешавад, соли 2017 оғоз ёфта, теъдоди омӯзгорон аз 26 нафари соли таҳсили 2017 – 2018 ба 44 нафар дар соли таҳсили 2018 – 2019 расид.

Бино ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон имсол теъдоди онҳо боз ба 6 нафар афзудааст, ки аксаран омӯзгорони фанҳои дақиқ мебошанд.

Онҳо дар 22 мактаби таҳсилоти умумии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Ҳисор ва ноҳияҳои Ашт, Данғара, Рашт, Ашт, Кушониён, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва ғайра ба таълими фанҳои забони русӣ, математика, биология, физика ва химия машғул хоҳанд шуд.

Мушовири сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон хитоб ба омӯзгорони тозаворид гуфт, шумо барои худ як кишвари аҷиб, мардуми меҳмоннавоз кашф ва дӯстони навро пайдо мекунед.

"Ба коллективҳои наве мепайвандед, ки шояд аз лиҳози руҳонӣ ба як хонаводаи нави шумо табдил хоҳанд ёфт. Ин хушсуханӣ нест, фикр мекунам, ҳамтоёни шумо низ ҳарфҳои маро таъйид мекунанд", - гуфт Шамил Шамсутдинов.

Тибқи тавофуқи Тоҷикистону Русия, китобҳои дарсӣ ва маоши омӯзгорони русро ҷониби Русия ва таъмину манзилу дигар шароитро ҷониби Тоҷикистон ба зимма доранд.

152

"Ашки фариштаҳо дар ҳасрати хоҳар": ҳафт кӯли аҷиби Тоҷикистон - акс

0
(Таҷдидшуда 14:02 20.10.2020)
  • Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегирад
  • Кӯлҳо дар бари кӯҳпораҳои наву кӯҳнаи лагжида ҷойгир аст, ки он дар натиҷаи обшавӣ ва ҷойивазкунии пиряхҳо ба вуҷуд омадааст
  • Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғузор ё Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад
  •  Кӯлҳои Марғузор аз ҳафт кӯли фирӯзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешавад
  • Кӯли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст
  • Кӯли дуввум дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кӯлҳо аз дигаре болотар ҷойгир аст
  • Кӯли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст
  • Сокинони маҳаллї мегӯянд, ки ҳар касе аз тамошои он баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд
  • Озеро  Хушёр
  • Кӯлҳои Марғузор ва бахусус кӯли Мижгон бо ранги ғайриоддии обаш хеле зебо мебошад
  • Озеро Соя
  •  Нуриҳои минералии дар об ҳалгардида ҳатто ба кафки оби дарёи шӯхи Шинг низ ранги осмонї медиҳад
  •  Вақте дарёи саркаши Шинг ба кӯл ворид гардида, ором мешавад, оби он ба худ ранги ғализи кабуд ва бунафшрангро мегирад
Кӯҳҳои Фон қисмати баландтарини қаторкӯҳҳои Зарафшон буда, аз шарқ бо дарёи Фондарё ва аз қисмати ғарб бо силсилаи кӯлҳои Марғузор ва дарёи Шинг иҳота шудааст

Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегирад.

Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғузор ё Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Кӯлҳои Марғузор аз ҳафт кӯли фирӯзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешавад.

Кӯли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, кӯли дуввум дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кӯлҳо аз дигаре болотар ҷойгир шуда, яке аз дигаре зеботар аст ва тамошои кӯлҳои баландтар душвортар аст, зеро роҳи он мушкилгузар аст. Кӯли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст.

Мардуми Ишкошимро аз хатари нашъамандӣ огоҳ карданд

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳар касе аз тамошои он баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд. Кӯлҳои Марғузор ва бахусус кӯли Мижгон бо ранги ғайриоддии обаш хеле зебо мебошад. 

Ривояти халқӣ

Дар бораи пайдоиши кӯлҳои мазкур ривояте мавҷуд аст, ки замоне дар ин дара оҳангаре сукунат доштааст, ки соҳиби 7 духтари нозанине будааст. Рӯзе ҳокими ин мавзеъ духтари хурдии оҳангарро дида, ба ӯ ошиқ мешавад. Падари духтар розӣ буд, ки ӯро ба никоҳи ҳоким дарорад, вале худи духтар ба ҳеҷ ваҷҳ намехост, ки ҳамсари ин марди пир гардад. Ва духтари зирак ба чунин қарор омад, ки барои ба шавҳар баромадан назди хостгорон шартҳои худро мегузорад, зеро бовар дошт, ки ҳокими пир аз иҷрои шарти ӯ ҳеҷ гоҳ баромада наметавонад, Ҳокими солхӯрда гӯё аз нерӯи ишқ болу пар гирифта бошад, ки шарти гузоштаи духтари оҳангарро дар зарфи 40 рӯз ба ҷо оварда, як қасри зебои тиллоие бунёд намуд. Духтари ҷавон чораи дигаре наёфта, дар рӯзи тӯй бо либоси арӯсӣ аз боми қаср худро ба замин меафканад ва ҷон медиҳад. Гӯё дар ҷойи фавти ӯ кӯли Мижгон пайдо шуда, кӯлҳои дигар аз ашки хоҳарони ӯ ба вуҷуд омадааст.

Ривояти дигар ҳамин, ки дарёчаи Шинг беҳад беқарору шух будааст. Ҳеҷ намехоҳад байни кӯҳҳо ором ҷорӣ шавад. Аммо ин ба кӯҳҳо намефорад ва дарёчаро сарзаниш мекунанд ва пеши раҳашро мебанданд. Акнун ба дарёча лозим меояд, ки дар ҳафт ҷо таваккуф карда, баъдан ба водӣ ҷорӣ шавад. Ҷиҳати илмиш бошад, онро ба заминларза вобаста медонанд, ки дар натиҷа дар чанд ҷойи шингдарра кӯчиши кӯҳ анҷом мешавад ва пеши раҳи дарёча баста мегардад. Ин ходиса айнан монанд аст ба хаводиси кули Сарез ва ё Искандаркул.

0
  • Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегирад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегирад

  • Кӯлҳо дар бари кӯҳпораҳои наву кӯҳнаи лагжида ҷойгир аст, ки он дар натиҷаи обшавӣ ва ҷойивазкунии пиряхҳо ба вуҷуд омадааст
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кӯлҳо дар бари кӯҳпораҳои наву кӯҳнаи лагжида ҷойгир аст, ки он дар натиҷаи обшавӣ ва ҷойивазкунии пиряхҳо ба вуҷуд омадааст

  • Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғузор ё Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғузор ё Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад

  •  Кӯлҳои Марғузор аз ҳафт кӯли фирӯзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешавад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кӯлҳои Марғузор аз ҳафт кӯли фирӯзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешавад

  • Кӯли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кӯли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст

  • Кӯли дуввум дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кӯлҳо аз дигаре болотар ҷойгир аст
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кӯли дуввум дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кӯлҳо аз дигаре болотар ҷойгир аст

  • Кӯли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кӯли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст

  • Сокинони маҳаллї мегӯянд, ки ҳар касе аз тамошои он баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Сокинони маҳаллї мегӯянд, ки ҳар касе аз тамошои он баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд

  • Озеро  Хушёр
    © Sputnik / Амир Исаев

  • Кӯлҳои Марғузор ва бахусус кӯли Мижгон бо ранги ғайриоддии обаш хеле зебо мебошад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кӯлҳои Марғузор ва бахусус кӯли Мижгон бо ранги ғайриоддии обаш хеле зебо мебошад

  • Озеро Соя
    © Sputnik / Амир Исаев

  •  Нуриҳои минералии дар об ҳалгардида ҳатто ба кафки оби дарёи шӯхи Шинг низ ранги осмонї медиҳад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Нуриҳои минералии дар об ҳалгардида ҳатто ба кафки оби дарёи шӯхи Шинг низ ранги осмонї медиҳад

  •  Вақте дарёи саркаши Шинг ба кӯл ворид гардида, ором мешавад, оби он ба худ ранги ғализи кабуд ва бунафшрангро мегирад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Вақте дарёи саркаши Шинг ба кӯл ворид гардида, ором мешавад, оби он ба худ ранги ғализи кабуд ва бунафшрангро мегирад

Барчаспҳо:
акс, кӯлҳо, Тоҷикистон