Панорама города Худжанд, архивное фото

Овозаву дарвозаҳо: аз ошкор шудани як маврид дар Хуҷанд то бастани мактабҳо

6676
(Таҷдидшуда 11:41 18.03.2020)
Мақомоти Тоҷикистон овозаву шоеоти ошкор шудани як маврид дар Хуҷанд ва эълони карантин дар мактабу донишгоҳҳоро рад мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин овозаҳо интишор ёфтанд, ки дар шаҳри Хуҷанд як мавриди гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” ошкор шудааст, аммо мақомот онро пинҳон медоранд, то таҷлили Наврӯзи имсоли ҷумҳурӣ, ки дар ин шаҳр баргузор мешавад, хатшадор нашавад.

Абдураҳим Ҷалилов, сокини шаҳри Хуҷанд ба “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, ду – се рӯз ба ин сӯ дар маҳаллае, ки ӯ зиндагӣ мекунад, овозае дар бораи гирифтор шудани як сокини Хуҷанд ба “вируси тоҷдор” сайр мекунад:

“Дар маҳалла ҳам ин миш-миш шуд. Вақте дар мусофиркаш ҳам нишастам, ду зан дар ин бора суҳбат мекарданд. Ҳатто яке мегуфт, ки ин нафар аз ҳаҷ ин вирусро овардааст ва пофишорӣ ҳам мекард, ки як шиноси духтураш инро ба ӯ гуфтааст. Ҳозир ба ҳамин ташвиш нигоҳ карда шиштем, ки чӣ пеш меояд”, - гуфт ҳамсӯҳбати “Sputnik Тоҷикистон”.

Мақомоти зидахл ин овозаҳоро беасос ва дур аз воқеият хонда, мегӯянд, вазъ таҳти назорат аст.

Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, бино ба тааҳудоте, ки кишвар бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дорад, наметавонад ин қабил маворидро пинҳон кунад:

“Мо наметавонем онро пинҳон кунем ва ҳақ ҳам надорем, зеро пинҳон доштани ин маворид мардумро дар ғафлат мегузорад, муқовимати онҳо бо густариши вирусро заиф месозад ва оқибатҳои ногуворро ба бор меорад. Дар ҳоли ҳозир, хушбахтона, ягон маврид сабт нашудааст, аммо ниҳодҳои зидахл шабонарӯзӣ кор ва вазъиятро назорат мекунанд”, - гуфт Бибихонум Дарвешзода.

Дар радди ин овозаҳо Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими расму оинҳои Тоҷикистон низ гуфт, ки охирин ҳоҷиёни тоҷик аз ҳаҷҷи умра бештар аз як моҳи пеш ба кишвар баргаштаанд:

“Ҳамон рӯз ки Арабистони Саудӣ эълон кард, ҳоҷиёнро барои ҳаҷҷи умра қабул намекунад, мо сафари онҳоро ба он кишвар қатъ карда, онҳоеро, ки дар он ҷо қарор доштанд, баргардонда будем”, - гуфт Афшини Муқим.

Овозаи дигаре, ки дар кишвар афтодааст, баста шудани мактабу донишгоҳҳои кишвар аст, ки бино ба онҳо, дар дастури мақомот қарор дорад ва ҳамин рӯзҳо эълон хоҳад шуд.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар сафҳаи фейсбукии худ эълон кард, ки муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ идома доранд.

“Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.09.2018, №484 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, №237" чоряки сеюм аз 11-уми январ то 20-уми март идома ёфта, аз 21-уми март то 31-юми март таътили баҳорӣ эълон мешавад. Чоряки чорум аз 1-уми апрел оғоз меёбад. Хоҳишмандам, ба ҳангомаҳо ва хабарҳои беасос бовар накунед!”, - навиштааст Эҳсони Хушбахт.

6676
Барчаспҳо:
вирус, Вазорати маориф, Тоҷикистон
Тотальный диктант в Душанбе

Хобгоҳҳо каму иҷорахонаҳо қимат: шикваи донишҷӯёни тоҷик аз гаронии нарх

193
То оғози таҳсил дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳои Тоҷикистон, камтар аз 4 рӯзи дигар боқӣ мондааст, аммо мушкили камбуди хобгоҳ ва гароншавии арзиши хонаҳои иҷоравӣ бисёре аз донишҷӯёнро ба тавшвиш овардааст

ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик мегуянд, ба фарқ аз соли гузашта дарёфти хонаҳои иҷроравӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд душвортар шудааст.

Иқбол Раҳимов шуморе аз донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе мегуяд, қимати хонаҳои иҷоравӣ аз ҳар вақт дида ҳоло баланд шудааст.

"Ба 1000 сомонӣ ҳам ёфтани хонаи иҷоравӣ дар шаҳри Душанбе қариб ки номумкин шудааст. Соли гузашта мо бо ин қиммат хона иҷора гирифта будем, аммо имсол соҳибхона бо ин нарх хонаро ба иҷора намедиҳад", - гуфт Раҳимов.

Донишҷӯёни Хуҷанд низ аз мушкили дарёфти хонаҳои иҷоравӣ таъкид меварзанд.

Санҷар Шаропов, аз ҷумлаи донишҷӯёнест, ки баъди хатми таҳсили Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд азм дорад, имсол барои гирифтани маълумотии олии тахассусаш ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил намояд, аммо гарон шудани қиммати хонаҳои иҷоравӣ ӯро дар ташвиш гузоштааст.

"Дар соли қаблӣ мо 4 нафар донишҷӯён бар ивази 600 сомонӣ дар як хонаи як ҳуҷрагӣ иқомат мекардем. Ҳоло бо ин нарх пайдо кардани хонаи иҷоравӣ душвор аст. Нархи хонаҳо то ба 800 -1000 сомонӣ баланд шудааст", - гуфт донишҷӯ.

Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд, чаҳор муассисаи таҳсилоти олӣ аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехкиникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ фаъолият мекунанд ва дар онҳо бештар аз 30 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад.

Бемории 7 донишҷӯи тоҷик бо таби баланд дар Вуҳан маълум шуд: шарҳи сафорат

Аммо ин донишгоҳҳо дар мувозинати худ ҳамагӣ як ва ё дутоӣ хобгоҳ барои донишҷӯён доранд. Дар ин миён танҳо ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар мувозинаи худ чаҳор хобгоҳ дорад, ки дар онҳо кам ё беш аз 2500 ҳазор донишҷӯ, умдатан онҳое, ки тибқи Квотаи президентӣ дохил шудаанд таъмин мешаванд, аммо беш аз 20 ҳазор донишҷӯи дигари ин донишгоҳ аз ҳисоби худ хонаи иҷорави мегиранд.

Дар ҳоли ҳозир донишгоҳҳои кишвар имкони бо хобгоҳ таъмин кардани шумори қобили мулоҳизаи донишҷӯёнро надоранд ва дарёфти хонаҳои иҷоравӣ барои донишҷӯён мушкили аслӣ боқӣ мемонад.

193
Открытие нового детского сада в Душанбе

Кӯдакистонҳо низ дар Тоҷикистон 17 август ба кор оғоз мекунанд

574
(Таҷдидшуда 15:07 12.08.2020)
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, санаи 17 август дар баробари донишгоҳу мактабҳо муассисаҳои томактабӣ низ ба кор оғоз хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорат ин тасмим дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ, шоми 11-уми августи Вазорати маориф расман ба тамоми сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маориф эълон намуд, ки шурӯъ аз 17-уми августи соли ҷорӣ муассисаҳои томактабӣ дар асоси “Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ ба фаъолият оғоз менамоянд.

Вазорат гуфтааст, ки бурдани кӯдакон ба кӯдакистонҳо ихтиёрӣ буда, падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, метавонанд кӯдаконашонро ба кӯдакистон то ба эътидол омадани вазъият наоранд.

“Дар чунин ҳолат ҷойи кӯдак дар кӯдакистон нигоҳ дошта мешавад. Илова ба ин, дар ин муддат маблағ барои нигоҳубини кӯдак пардохт карда намешавад”,- афзудааст манбаъ. 

Бар асоси дастуроти қаблии вазорат таҳсил дар донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои таълимии кишвар бо риояи талаботҳои беҳлоштӣ, аз қабили санҷиши таб ва пушидани ниқобу риояи фосила доир мегардад.

574
Барчаспҳо:
донишгоҳҳо, мактабҳо, таҳсил, кӯдакистон, Вазорати маориф, Тоҷикистон