Дарс тибқи ҷадвал: Ҳукумат қарори тамдиди таътилро содир накардааст

© Sputnik / Стас ЭтвешШкольники в Таджикистане, архивное фото
Школьники в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дарсҳо дар муассисаҳои таълимии кишвар тибқи барномаи таълим аз рӯзи 1 апрел оғоз хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Таътили баҳорӣ рӯзи 31 март анҷом меёбад ва дарсҳо дар макотиби миёна аз 1 апрел оғоз мешаванд, хабар дод як манбаъ дар вазорати маориф ва илм ба Sputnik Тоҷикистон. 

Мечеть Калян в городе Бухара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Карантин: Бухорои Шариф баста шуд

"Тағйироте дар ҷадвали дарсҳо то ба ҳол ворид нашудааст. Аз ҳукумат ҳам ҳеҷ гуна супориш нашудааст. Ҳар чӣ тасмим мегирем, бар асоси тавсияи ҳукумат, бахусус вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хоҳем гирифт", - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, №237" чоряки сеюм дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ аз 11 январ то 20 март идома ёфта, аз 21 март то 31 март таътили баҳорӣ эълон шудааст ва чоряки чорум аз 1 апрел оғоз меёбад.

Қаблан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон карда буд, ки таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ машғул хоҳанд шуд.

Медицинский работник в аэропорту в защитном костюме - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин қурбонии коронавирус дар Ӯзбекистон

Мактаббандиҳо дар ҷаҳон пас аз шуюъи “вируси тоҷдор” ва густариши COVID – 19 дар саросари ҷаҳон ба як тадбири ҳатмӣ дар чаҳорчӯби барномаҳои ҷилавгирӣ аз ин маризӣ табдил ёфтааст. Дар Осиёи Марказӣ ба ҷуз Тоҷикистон, Туркманистон низ то ба ҳол дари мактабҳоро набастаанд.

Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба Sputnik гуфт, то ба ҳол дар кишвар ягон мавриди гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” сабт нашудааст, аз ин хотир, муассисаҳои давлатӣ метавонанд ба кори худ идома диҳанд.

Самарқанд чорумин шаҳри Ӯзбекистон фардо карантин мешавад

Дар кишварҳои дигари минтақа ва ҳам ИДМ, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” сабт шудааст, макотиб таътил шуда, ҳатто бархе шаҳрҳо дар карантин қарор доранд. Тибқи иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, теъдоди гирифторони COVID-19 дар дунё ба ҳолати 27 март беш аз 532 ҳазор нафарро ташкил дода, зиёда аз 24 ҳазор нафар фавтидаанду 124 ҳазор нафар сиҳат ёфтаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0