Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Рустами Эмомалӣ ба ғолибони озмуни "Фурӯғи cубҳи доноӣ..." беш аз ним миллион ҷудо кард

266
(Таҷдидшуда 12:58 15.04.2020)
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт барои ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” беш аз ним миллион сомонӣ ҷудо кардааст. 

ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни  мазкур  тасдиқ шуда,бо фармони Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе барои баргузории ин озмун  564 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур  бо мақсади иҷрои дастури президент аз 5 феврали соли 2020  ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии сокинони пойтахт роҳандозӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ғолиби гузаштаи ин озмун дар пойтахт аз рӯи чор номинатсия Раҳнамо Бунёд, хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи “Раҳнамо” ва фарзанди сиёсатшинос Абдуллои Раҳнамо дониста шуда,  ба ӯ Шоҳҷоиза  ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор  сомонӣ  тақдим гардид.

Ҳамчунин Раҳнамо Шабеҳа ва Раҳнамо Муҳаммад фарзандони дигари Абдуллои Раҳнамо дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони классики тоҷик ва дар бахши аз ёд кардан ва хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик ғолиб гаштанд.

Дар бахши  аз ёд кардан ва хондани осори адибони муосири тоҷик Шукрона Хоҷамқулова, ва дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адабиёти ҷаҳон Шабнам Одинаева, донишҷӯи факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғолиб омаданд.

266
Барчаспҳо:
Озмун, фармон, Рустами Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон
XIX Всемирный фестиваль молодежи и студентов. Дискуссионная программа

Донишгоҳҳои Русия барои донишҷӯёни хориҷӣ онлайн дарс медиҳанд

178
(Таҷдидшуда 15:04 10.08.2020)
Барои донишҷӯёни хориҷие, ки наметавонанд то 1 сентябр ба Русия биёянд, дарсҳо дар шакли онлайн баргузор карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Аз 1 сентябр бархе аз макотиби олии Русия барои донишҷӯёне, ки ба сабаби ҳамагирии коронавирус наметавонанд ба донишгоҳҳо ҳозир шаванд, дарсҳои онлайн баргузор мекунанд, хабар медиҳад "Российская газета".

Интизор меравад, ки барои чунин донишҷӯён як гурӯҳ созмон дода мешавад, ки танҳо тариқи онлайн дарс хоҳанд хонд.

Аллакай маълум шуда, ки Донишгоҳи давлатии электротехникии шаҳри Санкт-Петербург, Донишгоҳи федеролии Қазон ва Донишгоҳи политехникии Томск барномаи таълимиро тариқи онлайн баргузор мекунанд.

Дар баробири ин барномаи омӯзишии онлайнро Донишгоҳи федеролии Балтики ба номи Иммануил Кант, Донишгоҳи федеролии Шарқи Дур, Донишгоҳи давлатии Новосибирск ва Донишгоҳи давлатии Тюмен тасдиқ карданд.

Толибилмон дар соли хониши нав чӣ қадар таътил доранд? Тақвими истироҳати хонандагон

Ҳамин тавр, ноиби ректори Донишкадаи техникии Маскав Марина Невская гуфт, дар баробари донишҷӯёни хориҷӣ донишҷӯёни русиягӣ низ, ки наметавонанд то 1 сентябр ба компус ҳозир шаванд, тариқи онлайн дарс мехонанд.

Пештар дар Русия қонуне қабул шуд, ки мувофиқи он донишҷӯёни хориҷӣ ҳуқуқ пайдо карданд, бидуни иҷозатномаи корӣ ва патент расман кор кунанд.

Барои кор кардан, донишҷӯ бояд аз донишгоҳ ё донишкада танҳо як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯиро барои корфармо ҳозир кунад.

178
Барчаспҳо:
онлайн, омӯзиш, донишгоҳ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Российский журналист, главный редактор Учительской газеты Арслан Хасавов

Хасавов: риояи тавсияҳои Вазорати тандурустӣ дар мактабҳо мушкил хоҳад буд

396
(Таҷдидшуда 15:02 08.08.2020)
Арслан Хасавов, журналисти рус, сардабири “Учительская газета” имкони татбиқи тавсияҳои Вазорати тандурустиро дар мактабҳои Тоҷикисӣл шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қоидаҳои рафторро дар муассисаҳои таълимии кишвар ҳангоми пандемияи коронавирус тасдиқ намуд.

Тибқи муқаррароти қабулшуда, ҳама омӯзгорон бояд санҷиши тести COVID-19 гузаранд ва ҳангоми дар масофаи 2 метрро бо хонандагон нигоҳ доранд. Кормандони тиб ва навбатдорон вазифадоранд, ки ҳарорати хонандагонро тафтиш кунанд ва дастони оҳоро дар даромадгоҳҳо безараргардонӣ кунанд.

Чунин пешниҳодҳо, ки шакли санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мегиранд, нав нестанд, гуфт рӯзноманигори рус, сардабири “Учительская газета” Арслан Хасавов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай илова намуд, ки тавсияҳои шабеҳ барои мактабҳои Русия дода шудаанд.

"Бисёре аз коршиносон ва намояндагони созмонҳои таълимӣ, алахусус дар минтақаҳо, гуфтанд, ки иҷрои онҳо ғайривоқеӣ аст. Вазъият бо мактабҳои тоҷикӣ ҳаммонанд аст" гуфт сардабири рӯзномаи "Учительская газета".

Ҳама ин талабот як кӯшиш ва нияти хуб барои ҳифзи саломатии кӯдакон аст, аммо чӣ гуна онро дар амал татбиқ хоҳем кард, суол кард, Хасавов.

Вазири маориф санаи оғози соли нави хонишро эълон кард

Коршинос қайд кард, ки иҷрои ин тавсияҳо дар сурати аз ҳад зиёд будани синфхонаҳо мушкил аст ва дар баъзе мактабҳо, омӯзиш аллакай дар якчанд баст гузаронида мешавад.

Толибилмон дар соли хониши нав чӣ қадар таътил доранд? Тақвими истироҳати хонандагон

Масъалаи махсус зарурати риояи фосилаи иҷтимоӣ дар синф ва ҳатто берун аз он мебошад.

"Мо дар чунин ҳолатҳо фаромӯш мекунем, ки кӯдакон: онҳо бетоқату фаъол ҳастанд, ба вайрон кардани қоидаҳои нармтар одат кардаанд. Иҷрои қоидаҳои санитариро бо кӯшиши маҷбурӣ мушкил хоҳад буд, он ба кори муаллимон таъсир мерасонанд" гуфт Ҳасавов.

Илова бар ин, кӯдакон бояд бо ягон роҳ ба муассиса раванж ва дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз масофаи иҷтимоӣ сӯҳбат кардан як тараф истад, илова намуд, коршинос.

396
Молоток судьи

Ҳукми муллои ҷинбарор эълон шуд: ҳам дуо мехонд ва ҳам маҳсу бахткушоӣ мекард

0
(Таҷдидшуда 13:55 11.08.2020)
Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор, Сочаев бо моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳукми Сочаев Ҷурабой Нарзуқулович, сокини шаҳри Ҳисор, ки  худро дар маҳалли зисташ муллои ҷинбарор муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандони зудбовар бар ивази маҳсу дуохонӣ, баровардани сеҳру ҷоду маблағҳои калон мегирифт, эълон намуд.

Манбаъ меафзояд, муллои ҷодугар аввалҳои моҳи октябри соли 2019 ба боварии шаҳрванд "А" даромада, барои дур намудани сеҳру ҷоду, аз ӯ 3000 сомонӣ пули табобат талаб намуд.

Зимнан, давоми чаҳор моҳ ҳафтае як ё ду маротиба ӯро ба манзили истиқоматии худ хонда бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ӯ нисбати номбурда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом дод.

 

Тафсилоти боздошти “Мулло-профессор” дар Ҳисор

Инчунин, ӯ бо ин роҳ шаҳрванд "А”-ро ба гумроҳӣ андохта, барои маҳси бадан ва табобат аз маблағи қаблан муқаррарнамуда, танҳо 1600 сомонӣ гирифт.

Гузашта аз ин, зимни тафтиши пешакӣ 5 лаҳзаи содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби Сочаев муайян ва ошкор карда шуд.

Бар хабари манбаъ, Сочаев аз охирҳои моҳи январ то феврали соли ҷорӣ, амалҳои зишти худро нисбати 5 нафар шаҳрвандон анҷом дода,бо ин кирдорҳои худ ҷиноятҳои дар моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Гуфта мешавад, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор нисбати Сочаев ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин карда шуд.

0
Барчаспҳо:
Прокуратураи генералии Тоҷикистон, мулло, ҳукм