Занятия в общеобразовательной школе

Русия барои рушди низоми ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон 21 миллион доллар ихтисос дод

213
(Таҷдидшуда 17:15 16.06.2020)
Русия ва Тоҷикистон дар доираи Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ба марҳилаи сеюми рушди системаи таълими мактабӣ дар ҷумҳурӣ шурӯъ карданд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Русия барои рушди системаи устувори ғизодиҳии мактабӣ дар Тоҷикистон маблағ ҷудо мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Тавассути Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ 11,2 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Ин маблағҳо барои амалисозии марҳилаи севум ва ниҳоии лоиҳаи Русия барои солҳои 2020-2023 истифода мешаванд.

Оғози ҳуҷҷатсупорӣ барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия: аз Маскав то Саратов

Маблағҳо асосан ба таъмир ва аз нав таҷҳизонидани ошхонаҳо, курсҳои коргарон ва маъракаи иттилоотӣ оид ба тарғиби ғизои солим сарф карда мешаванд.

Гузашта аз ин, Русия боз 10 миллион доллари дигар барои хариди маҳсулоти ғизоӣ барои эҳтиёҷоти мактаббачагони Тоҷикистон ихтисос медиҳад.

"Муддати 6 сол инҷониб Русия дар ҳамдастӣ бо БОҶ аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди бунёди низоми худкифои миллии ғизои мактабӣ пуштибонӣ мекунад, - таъкид дошт сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов. Ин яке аз лоиҳаҳои бузургтарин дар ҷумҳурӣ мебошад, ки буҷети умумии он ба 80 млн доллар наздик шуд. Мусоидат ба рушди муносиб ва солими хонандагони ҳозираи мактабҳои Тоҷикистон саҳми муҳими Русия ба ояндаи тамоми Тоҷикистон аст".

Ёдрас мешавем, аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ лоиҳаи рушди устувори системаи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон дар соли 2013 оғоз ёфтааст. Дар ин муддат, бо дастгирии Русия дар Тоҷикистон иншооти хӯрокворӣ таъмир карда шуда, барои кормандони тақрибан 60 мактаби тоҷикӣ омӯзишҳо гузаронида шуданд, ҳафт ошхонаи мактабӣ сохта ё таҷдид карда шуданд, ки ҳоло 61 мактабро бо нон таъмин мекунанд.

Инчунин, бо шарофати маблағгузории Русия, беш аз ним миллион хонандагони синфҳои 1- 4 бо хӯроки гарм таъмин карда шуданд.

213
Школьная ярмарка на рынке Душанбе перед 1 сентября

Бо дастури Қоҳир Расулзода: дар Тоҷикистон ярмаркаи фурӯши либоси мактабӣ баргузор мешавад

259
(Таҷдидшуда 15:08 10.07.2020)
Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз авоили моҳи август ярмаркаи фурӯши либос ва дигар маводи зарурии мактабӣ оғоз меёбад

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон ин якмарка бо пешниҳоди Вазорат, дархостии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва дастури бевоситаи сарвазир Қоҳир Расулзода баргузор мешавад.

"Оғоз аз 1 августи соли 2020 дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ярмаркаи фурӯши либос ва дигар маводи зарурии мактабӣ оғоз меёбад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар миқёси ҷумҳурӣ иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда мебошад ва дар ҳолати саривақт, сифатнок ва назорати ҷиддии масъулин имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо дар давоми сол фароҳам оварда шуда, хонандагон ба пуррагӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд.

Аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, роҳандозӣ карда мешавад.

Инчунин, бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Либосҳои мактабӣ – шартҳои умумии техникӣ» бо қайди давлатӣ СТ ҶТ 1110-2018 таҳия гардида, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол намудани молу маҳсулоти худ пешниҳод карда шудааст.

Ҳамзамон, дар робита ба баргузории ярмаркаи фурӯши либос ва дигар маводи зарурии мактабӣ ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати ройгон ҷудо намудани нуқтаи алоҳида барои баргузории ярмарка ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дар сатҳи хуб доир намудани он дастур дода шудааст.

259
Барчаспҳо:
Вазорати саноат ва технологияи нави ҶТ, Вазорати маориф, ярмарка-намоиш, ярмарка, Тоҷикистон
Шоири мардумии Тоҷикистон Фарзона

Нашри “Найсон” китоби нави Фарзона баъди пирӯзӣ бар "вируси корона"-акс

337
(Таҷдидшуда 13:08 08.07.2020)
Китоби тозаи Фарзона, шоири халқии Тоҷикистон бо номи “Найсон” аз тариқи нашриёти “Хуросон” чоп шуд. Ба чопи он, ҳанӯз соли 2019 иҷоза шуда, вале ин китоби ҷадиди шоира Фарзона тоза дар замони “вируси корона” ба дасти адабпарварони тоҷик мерасад

ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Китоби “Найсон” дар чанд бахш силсилаи рубоиву дубайтӣ ва тарҷумаҳои шиор Фарзонаро гирди ҳам овардааст.

Дар бахшҳои “Чаҳ-чаҳи гули сурх” ва “Чорзарби дил”- и ин асари ҷадид, ҳудуди 800 рубоиву дубайтӣ ҷой дода шудаанд, ки шоир дар онҳо мавзӯъҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро инъикос намудааст.

Дар бахши дигари “Найсон” тарҷумаҳои худи шоир аз осори адибони ҷаҳон, Гёте, Экзюпери, Байрон, Пушкин, Фёдор Тётчев, Анна Ахматова, Марина Светаева, Сергей Есенин, Александр Блок, Темур Зулфиқоров, Абай мунташир шудааст.  

Маҷмӯаи рӯбоӣ ва дубайтиҳои шоир қаблан бо номи “Резаборон” (Душанбе, 1984), “Қатрае аз Мӯлиён” (Хуҷанд, 2003) “Мӯҳри гули мино”, “Себарга”, “Ҳама гул, ҳама тарона”, “Сини салом” ва “Найшакар” ба нашр расонида шудаанд.

Найсон, китоби нави шоир Фарзона
акс аз саҳифаи Боҳир Раҷабов
Найсон, китоби нави шоир Фарзона

Ин китоб  бо дастгирии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба дасти чоп расидааст.

Дар китоби ҷадиди шоир, Матлуба Мирзоюнус, профессори илмҳои филологӣ ва Аҳмадҷони Раҳматзод, шоири халқии Тоҷикистон ва раиси Иттифоқи нависандагони Суғд назар навиштаанд.

Фарзона ва Озарахш, ахиран баъд аз ҳудуди се ҳафтаи табобат бар бемории “вируси корона” пирӯз шуда, рӯзи 7-уми май аз бемористони Шайх Бурҳони ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров мурахас шуданд. Онҳо баъди бозгашт ба манзилашон аз ҳамаи табибону масъулон изҳори сипос намуда, ба дӯстону ҳаводорон ва ҳамаи мардуми тоҷик таъкид намуданд, ки худу назиконашонро аз беморӣ эҳтиёт кунанд.

Фарзона ва Озарахш, аз намоёнтарин шоирони Тоҷикистон ба шумор мераванд, шеърашон то ба маҳфилҳои адабии кишварҳои форсизабон ва Порису Инглистон расидааст. Шоир Толиби (Каримов) Озарахш дар соли 1963 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, соли 2019 унвони шоири халқии Тоҷикистонро гирифтаст. Дар 2015 сардабири маҷаллаи адабии "Паёми Суғд"-и ҳукумати Суғд мебошад.

Дар тӯли бештар аз 35 соли фаъолияти эҷодияш Озарахш як зумра маҷмӯаи шеърҳояшро бо номҳои “Аз чашмасор омадам”, “Намози мусофир”, “Чархболи Офтоб”, “Девони Ишқ” ва “Ватаннома” ба нашр расонидааст. Ҳамчунин то ин муддат матни чандин таронаи ҳофизон аз ҷумла дар васфи ватан, сулҳ, дунёро эҷод намудааст.

Фарзонаи (Хоҷаева) Хуҷандӣ соли 1962 дар ноҳияи Хуҷанд (Бобоҷон Ғафуров) таваллуд шудааст. Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, соли 1995 унвони шоири халқии Тоҷикистонро гирифт. Ӯ аз шогирдони шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ ба ҳисоб меравад. То ин замон китобҳои шеърии ӯ бо номи "Тулӯи хандарез”, “Шабохуни барқ”, “Ояти ишқ”, “Қатрае аз Мӯлиён”, “Сӯзи нотамом” ва “Муҳри гули мино” дар Тоҷикистон нашр шудаву дар соири кишварҳои Афғонистону Эрон, Инглистон ва Фаронса рунамоӣ шудаанд.

337
Барчаспҳо:
Шоира, Тоҷикистон
Заправочная колонка на автозаправочной станции

Чаро нархи газ дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз боло меравад?

0
(Таҷдидшуда 14:43 11.07.2020)
Арзиши гази моеъ умдатарин маводи ҳаракатдиҳандаи воситаи нақлиёт дар Тоҷикистон ба 4 сомонӣ дакка хурдааст, ки ин назар ба як моҳи пеш 45 % баланд гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Тайи як ҳафтаи охир қимати фурӯши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон то ба 4 сомонӣ баробар шудааст. Масъулони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, 50 дарсад гарон шудани нархи газро дақиқан шарҳ намедиҳанд.

Як фурӯшандаи нуқтаи сӯзишворӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб гуфт, сабаби баланд рафтани нархи газро дақиқан шарҳ дода наметавонад.

"Мо коргари оддӣ ҳастем. Ҳисобу китоби хариди фурӯш дар ихтиёри роҳбарият аст, чи хел нархро муқаррар кунанд, мо аз рӯи ҳамон ба фурӯш мегузорем", -  гуфт ҳамсуҳбати мо.

Корманди як таъмингоҳи маводи сӯзишворӣ дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд таъкид намуд, ки болоравии нархи газ ба ҳаҷми воридоти он вобаста аст.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ки ворид намудани газ ба Тоҷикистон кам шуда ва аз ҳамин лиҳоз нархи он баланд рафтааст.

Аммо Усмон Раҳматов, коршиноси умури иқтисодӣ мегӯяд, баланд бардоштани нархи газ дар рӯзҳои охир, ба афзоиши гаштугузори мошинҳо дар роҳу ҷодаҳои Тоҷикистон пас аз замони хатми қарантинаи хонагӣ аст.

Чаро дар нархи нафту газ мувозинат дида намешавад

"Агар нархи навъҳои дигари сӯзишворӣ масъалан бензин ва дизел ҳам дар баробари газ то 50 % боло мерафтанд, гуфтан мумкин буд, ҳаҷми воридоти маводи сӯхт дар Тоҷикистон кам шуда, ин ба болоравии нарх бетаъсир намондааст. Аммо тавре мебинед, танҳо газ боло рафтааст. Ин аз он сабаб, ки ҳоло бештари воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон бо газ ҳаракат мекунанд", - афзуд коршинос.

Тибқи мушоҳидаҳо ҳоло қимати 1 литр гази моеъ ба 3, 9 то 4 ва дар баъзе ҷойҳо 4, 2 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, ки дар моҳҳои май ва июн, арзиши он аз 2, 5 то ба 2, 8 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Ронандаҳои таксӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, болоравии нархи газ дар замони хуруҷи пандемияи COVID-19 ба ҷайби сокинон таъсир мерасонад.

"Ҳоло барои як нуқтаи сафар 10 сомонӣ муқаррар шуда буд, аз сабаби қимат шудани нархи газ, ҳеҷ ронанда бо ин нарх мусофир намекашонад. Зеро нархи хизматрасонӣ, хароҷоти хариди сӯзишвориро намебарорад", - гуфт як ронандаи таксӣ.

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизел аз хориҷа, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон тавассути қаламрави Қирғизистон ворид мешавад.

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст.

"Фароз”, "Газпром", "Газойл", "Роҳи Сомон" аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

0
Барчаспҳо:
қиматшавӣ, газ, нарх, Тоҷикистон