Баҳодурхон Раҳматов, донишноманигори шинохтаи тоҷик

Даргузашти Баҳодур Раҳматов, донишноманигори шинохтаи тоҷик

1206
(Таҷдидшуда 16:45 03.07.2020)
Муассиссаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик аз даргузашти яке аз чеҳраҳои фарҳангӣ ва пажӯҳишии кишвар, Баҳодур Раҳматов изҳори андуҳ карда, ҳайати кормандон ба хонаводаи марҳум ва аҳли фарҳангу пажӯҳиш таслият гуфтаанд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи тоҷик, бо нашри таъзияномае таъкид кардааст, ки Раҳматов, узви пешини ҳайати мудира ва яке аз кормандони то поёни умр фаъолу пуркори Сарредаксияро ба унвони яке аз чирадасттарин донишноманигорони тоҷик мешинохтанд.

Бар асоси ҳолномаи нашршуда, Раҳматов  10 сентябри соли 1952 дар хонаводаи фарҳангӣ дар Шуғнон чашм ба олам кушуд ва пас аз як умри талош дар арсаи пажӯҳишу нигориш дар синни 68-солагӣ бар асари бемории қалб дори фониро падруд гуфт.

Манбаъ афзуд, устод Баҳодур дар соли 1973 аз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон фориғуттаҳсил шуд ва соле баъд ба ҳайси муҳаррири хурд дар бахши назорати илмӣ ва библиографияи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик ба фаъолият пардохт.

Баъди адои хидмати ҳарбӣ дар артиши шӯравӣ (1973–74) дубора ба кори донишноманигорӣ баргашт ва то соли 1980 симати муҳаррири бахши фарҳанг ва ҳунар (редаксияи маданият ва санъат)-ро ба уҳда дошт. Солҳои 1980–86 барои иҷрои супоришҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон истихдом шуд.

Баъд аз он дар вазифаҳои муҳаррири калони илмӣ, мудири бахши фарҳанг ва ҳунар (1986–97), ҷонишини сармуҳаррир-котиби масъули Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик (1997‒2016) кор кард. Соли 2016 бознишаста шуд ва асосан ба таҳриру тадвини мақолаҳои “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” машғул буд.

Раҳматов узви пешини ҳайати мудира ва узви фаъоли Шӯрои назорати илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик низ буд. Аз фаъолиятҳои арзишманди илмиву масъулиятҳои иҷроии  Баҳодурхон Раҳматов метавон ба мавориди зер ишора кард: таҳриру тадвини мақолаҳои ҷилдҳои “Энциклопедияи советии тоҷик”, “Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик”, “Энсиклопедияи миллии тоҷик”, “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик”, таҳрири донишномаҳои “Душанбе” (2016), “Кӯлоб” (2006), нигориш ва тарҷамаи чандин китобу мақола дар заминаҳои таъриху фарҳангу адаб, ба монанди “Алломаи бузурги машриқзамин”, “Асолати эҳё”, “Зардушт куҷоист?”, “Маъбади муғон ва мадрасаи мусулмонон”, “Таҳрифи таърих”), ҳамчунин таҳрири 220 китоб, аз он ҷумла 28 китоби дарсӣ.

Бо нишони Аълочии матбуоти СССР (1988), Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии СССР (1987), Ифтихорномаи давлатии Ҷумҳурии Афғонистон (1983), медали “Ҷасорат” (1985) ва ордени “Дӯстӣ” (2001) сарфароз гардидааст.

1206
Барчаспҳо:
даргузашт, Тоҷикистон
Тотальный диктант в Душанбе

Хобгоҳҳо каму иҷорахонаҳо қимат: шикваи донишҷӯёни тоҷик аз гаронии нарх

571
То оғози таҳсил дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳои Тоҷикистон, камтар аз 4 рӯзи дигар боқӣ мондааст, аммо мушкили камбуди хобгоҳ ва гароншавии арзиши хонаҳои иҷоравӣ бисёре аз донишҷӯёнро ба тавшвиш овардааст

ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик мегуянд, ба фарқ аз соли гузашта дарёфти хонаҳои иҷроравӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд душвортар шудааст.

Иқбол Раҳимов шуморе аз донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе мегуяд, қимати хонаҳои иҷоравӣ аз ҳар вақт дида ҳоло баланд шудааст.

"Ба 1000 сомонӣ ҳам ёфтани хонаи иҷоравӣ дар шаҳри Душанбе қариб ки номумкин шудааст. Соли гузашта мо бо ин қиммат хона иҷора гирифта будем, аммо имсол соҳибхона бо ин нарх хонаро ба иҷора намедиҳад", - гуфт Раҳимов.

Донишҷӯёни Хуҷанд низ аз мушкили дарёфти хонаҳои иҷоравӣ таъкид меварзанд.

Санҷар Шаропов, аз ҷумлаи донишҷӯёнест, ки баъди хатми таҳсили Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд азм дорад, имсол барои гирифтани маълумотии олии тахассусаш ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил намояд, аммо гарон шудани қиммати хонаҳои иҷоравӣ ӯро дар ташвиш гузоштааст.

"Дар соли қаблӣ мо 4 нафар донишҷӯён бар ивази 600 сомонӣ дар як хонаи як ҳуҷрагӣ иқомат мекардем. Ҳоло бо ин нарх пайдо кардани хонаи иҷоравӣ душвор аст. Нархи хонаҳо то ба 800 -1000 сомонӣ баланд шудааст", - гуфт донишҷӯ.

Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд, чаҳор муассисаи таҳсилоти олӣ аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехкиникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ фаъолият мекунанд ва дар онҳо бештар аз 30 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад.

Бемории 7 донишҷӯи тоҷик бо таби баланд дар Вуҳан маълум шуд: шарҳи сафорат

Аммо ин донишгоҳҳо дар мувозинати худ ҳамагӣ як ва ё дутоӣ хобгоҳ барои донишҷӯён доранд. Дар ин миён танҳо ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар мувозинаи худ чаҳор хобгоҳ дорад, ки дар онҳо кам ё беш аз 2500 ҳазор донишҷӯ, умдатан онҳое, ки тибқи Квотаи президентӣ дохил шудаанд таъмин мешаванд, аммо беш аз 20 ҳазор донишҷӯи дигари ин донишгоҳ аз ҳисоби худ хонаи иҷорави мегиранд.

Дар ҳоли ҳозир донишгоҳҳои кишвар имкони бо хобгоҳ таъмин кардани шумори қобили мулоҳизаи донишҷӯёнро надоранд ва дарёфти хонаҳои иҷоравӣ барои донишҷӯён мушкили аслӣ боқӣ мемонад.

571
Открытие нового детского сада в Душанбе

Кӯдакистонҳо низ дар Тоҷикистон 17 август ба кор оғоз мекунанд

579
(Таҷдидшуда 15:07 12.08.2020)
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, санаи 17 август дар баробари донишгоҳу мактабҳо муассисаҳои томактабӣ низ ба кор оғоз хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорат ин тасмим дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ, шоми 11-уми августи Вазорати маориф расман ба тамоми сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маориф эълон намуд, ки шурӯъ аз 17-уми августи соли ҷорӣ муассисаҳои томактабӣ дар асоси “Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ ба фаъолият оғоз менамоянд.

Вазорат гуфтааст, ки бурдани кӯдакон ба кӯдакистонҳо ихтиёрӣ буда, падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, метавонанд кӯдаконашонро ба кӯдакистон то ба эътидол омадани вазъият наоранд.

“Дар чунин ҳолат ҷойи кӯдак дар кӯдакистон нигоҳ дошта мешавад. Илова ба ин, дар ин муддат маблағ барои нигоҳубини кӯдак пардохт карда намешавад”,- афзудааст манбаъ. 

Бар асоси дастуроти қаблии вазорат таҳсил дар донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои таълимии кишвар бо риояи талаботҳои беҳлоштӣ, аз қабили санҷиши таб ва пушидани ниқобу риояи фосила доир мегардад.

579
Барчаспҳо:
донишгоҳҳо, мактабҳо, таҳсил, кӯдакистон, Вазорати маориф, Тоҷикистон
Школьники в масках

Ноиби сарвазири Тоҷикистон гуфт, чӣ бояд кард, то талабаҳо мубталои COVID-19 нашаванд

0
(Таҷдидшуда 20:59 14.08.2020)
Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода, ноиби сарвазири Тоҷикистон, ҳангоми санҷиш дар шаҳри Роғун ва навоҳии Рашт камбудиҳои зиёд дар бахши мубориза бо COVID-19 ошкор кардаст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода аз шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш боздида карда, вазъи соҳаи тандурустӣ ва омодабошии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хонишро санҷидаанд, хабар дод “Ховар”.

“Зимни боздид маълум гардид, ки аҳолӣ, соҳаи маориф ва табибон нисбат ба бемории сироятии COVID-19 ва гирифторшавӣ ба он фориғболӣ нишон медиҳанд.”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар кӯчаву бозорҳо сокинон бениқоб гашту гузор мекунанд, дар  муассисаҳои таълимӣ  захираи маводи антисептикӣ, ниқоб, варақаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барои пешгирии беморӣ кам ба назар мерасанд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “агар ҳар як омӯзгор бо табибон ва волидон ҳамкорӣ кунанд, боварӣ дорам, ки мактаббачагон ҳеҷ гоҳ интиқолдиҳандаи беморӣ намегарданд”.

Исматуллозода дастур дод, ки омӯзгорону муҳассилин бе ниқоб ба дарс надароянд ва дар даромадгоҳи мактабҳо ҳатман маводи антисептикӣ ва ҳароратсанҷ гузошта шавад.

Инчунин дастур дода шудаст, ки аз ҳисоби кормандони миёнаи тиб дар мактабҳо навбатдориҳо ташкил карда шаваду ҳар як омӯзгор 2-3 дақиқаи дарсро ба фаҳмондадиҳӣ барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷудо кунад.

0
Барчаспҳо:
пешгирӣ, беморӣ, талабагон, Тоҷикистон