ММТ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд: киҳо аз пардохти хизматрасонӣ озоданд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаОткрытие нового здания факультета политики и государственного управления Государственного университета Бохтара
Открытие нового здания факультета политики и государственного управления Государственного университета Бохтара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, довталабоне, ки дар даври асосии ИМД қисми А имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ ё қисми Б имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ иштирок карда натавонистанд, 12 июл даври иловагии имтиҳонҳоро дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ доир менамоянд. 

Абитуриенты в НЦТ в первый день объявления результатов вступительных экзаменов - Sputnik Тоҷикистон
Оғози семинарҳои ММТ барои кормандони муваққатӣ дар соли 2020

Тибқи иттилои манбаъ, довталабе, ки дар даври асосии имтиҳон иштирок карда натавонист ва дар даври иловагии имтиҳон иштирок кардан мехоҳад, бояд маблағи иловагии хизматрасониро пардохт намуда, ба маркази имтиҳонсупорӣ ариза пешниҳод намояд.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар соли 2020 барои як довталаби дар даври иловагии имтиҳон қисми А ё Б иштироккунанда 60 сомонӣ муқаррар намудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти маблағро дар даври иловагии ба чунин шахсон озод намудааст:

  • ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола,
  • маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва кӯдакони маъюбе, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд.

Шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм аз пардохти 50 фоиз маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии ИМД-2020 озоданд. 

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё «кӯдаки маъюб» бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии пурра озод мебошад. Он нафаре, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ ё марҳалаи иловагии бақайдгирӣ сабти ном накардаанд, ҳуқуқи иштирок карданро дар даври иловагии имтиҳонҳо надоранд.

Муҳлати қабули аризаҳо дар шаҳру ноҳияҳо то 7 июл ва дар Марказ то 9 июл муқаррар гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0