Вступительные испытания в Таджикском национальном университете

Сабукӣ ба донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: қарзи онҳо бахшида шуд

879
(Таҷдидшуда 19:42 28.08.2020)
Ректори Донишгоҳи милли Тоҷикистон дар Шӯрои олимони донишгоҳи мазкур пешниҳод намуд, ки қарзи донишҷӯён бахшида шавад

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Донишгоҳи милли Тоҷикистон дар замони пандемия аз нахустин муассисаи олист, ки ба донишҷӯёни худ сабукӣ дод.

Бар хабари сомонаи Pressa.tj, имрӯз 2821  нафар муҳассилини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз пардохти  маблағи кредит озод карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, пешниҳоди озод кардани донишҷӯён аз маблағи кредит, худи ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода  ба Шӯрои олимони муассисаи мазкур ироа намуд.

Панҷ устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аз коронавирус ҳалок шуданд

Гуфта мешавад, намояндагони Шӯрои олимони донишгоҳ пешниҳоди ректорро дар замони пандемия саривақтӣ дониста, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Манбаъ меафзояд,  донишҷӯёни донишгоҳ  аз фанҳои гуногун, дар маҷмӯъ 3587 фан қарздор буданд. Акнун онҳо аз пардохти маблағи кредит озод шуда, бидуни мушкилот таҳсилро идома медиҳанд.

879
Барчаспҳо:
қарз, донишҷӯён, ДМТ
Студенты на лекции

Вазорати маориф сабти номи донишҷӯёни машғули таҳсил дар хориҷаро оғоз кард

471
(Таҷдидшуда 16:48 15.09.2020)
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сабти донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷа дохил шуданд ё таҳсил мекунанд ва бинобар сабаби қатъи алоқаи ҳавоӣ ба муассисаҳои таълимиашон рафта наметавонанд, оғоз кард

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таъкид кардааст, ки  бақайдгирии донишҷӯён дар Маркази барномаҳои байналмилалии вазорат ба роҳ монда мешавад.

“Аз донишҷӯёне, ки дар соли таҳсили 2020-2021 ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар дохил шудаанд ва донишҷӯёне, ки ҳангоми таътил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, вобаста ба вазъи эпидемиявӣ ҷорӣ шудани маҳдудият ва баста шудани сарҳадҳо ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар баргашта натавонистанд, хоҳиш карда мешавад, ки тибқи ҷадвали замимашуда ба суроғаи электронии Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм - mbb-2008@mail.ru (ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47) маълумоти заруриро ирсол намоянд”, -таъкид доштааст вазорати маориф.

Бояд қайд кард, ки қаблан ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, ду парвози чартерӣ ба шаҳри Минск ташкил кард.

Ҳамчунин донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои Русия таҳисл мекунанд, интизори оғози парвозҳо мебошанд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, шумори донишҷӯёнро, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд беш аз 4 ҳазор нафар эълон карда буд. Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон аз ин шумор зиёда аз 1 ҳазор нафарашон ҳамин сол дохил шудаанд.

471
Барчаспҳо:
хориҷ, таҳсил, алоқа, ҳавоӣ, мактаб, донишҷӯён, вазорати маориф, Тоҷикистон
Студентка в аудитории Московского педагогического государственного университета, архивное фото

Вазири маорифи Русия гуфт, чӣ қадар донишҷӯёни хориҷӣ мунтазири омадананд

192
Масъалаи донишҷӯёни хориҷӣ, ки бинобар пандемия наметавонанд ба Русия баргарданд, таҳти назорати доимии Вазорати маориф ва донишгоҳҳо қарор доранд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Пандемияи коронавирус ба системаи таҳсилоти олии Русия таъсир расонд, гуфт роҳбари Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия Валерий Фалков дар Ҳафтаи эҷодии Русия.

Номбурда гуфт, ҳоло дар соҳаҳои муайян таъсири он ба назар намоён аст. Ҳамин тавр, аз сабаби баста будани марзҳо, иддае аз донишҷӯён наметавонанд таҳсилро дар шакли мустақим идома диҳанд.

Роҳбари Вазорати маорифи Русия гуфт, ки беш аз 100 ҳазор донишҷӯёни хориҷӣ ба иллати пандемия то ҳол барои таҳсил дар донишгоҳҳо ба Русия наомадаанд.

"Мо ба донишгоҳҳои худ фаҳмонидем, онҳо бо ҳар як донишҷӯи хориҷӣ, алахусус бо донишҷӯёни нав, ба таври инфиродӣ ҳамкорӣ мекунанд" гуфт Фалков.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки қарор аст ин масъала давоми як моҳи оянда ҳал шавад.

Ӯ гуфт, санаҳои мушаххасе, ки ба донишҷӯёни хориҷӣ имкон медиҳанд, ки ба Русия оянд, дар ояндаи наздик муайян карда мешаванд қабул шудааст.

192
Барчаспҳо:
таҳсил, марз, донишҷӯ, Русия
Выборы в парламент Таджикистана - Москва 2020 год

Даҳ ҳазор довталаб барои баргузории интихоботи президентӣ Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард

0
(Таҷдидшуда 02:29 20.09.2020)
Кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълом кард барои баргузории интихоботи президентӣ 11 октябр 10 ҳазор ҷавони довталаб ба кӯмаки комиссияи марказии интихобот хоҳанд омад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дилноза Аҳмадзода муовини раиси кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо эъломи ин хабар дар нишасти комиссияи марказии интихоботи ин кишвар  афзуд, ки ин 10 ҳазор нафар дар ҳама қитъаҳои интихоботӣ ҳузур хоҳанд дошт, то ба маъмурони интихоботӣ кӯмак кунанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон. 

Вай гуфт, 250 нафар аз ин довталабон ба забонҳои руси ва англисӣ мусаллат ҳастанд ва ба нозирони байналмилалии интихоботи президентӣ Тоҷикистон  кӯмак хоҳанд кард.

Ин довталабон акнун машғули таҳияи феҳристи райдиҳандагон , сабти номи онон ва омодасозии маконҳо барои дидорҳои интихоботӣ бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ мебошанд.

Бар асоси тасмими комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  номзади Ҳизби халқии Демократӣ, Рустам  Латифзода  номзади Ҳизби Кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист, Рустами Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр  рақобат хоҳанд кард.

0
Барчаспҳо:
Кумитаи ҷавонону варзиш, кӯмак, ҷавонон, президентӣ, интихобот, Тоҷикистон