Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали

Ҳукумат барканорӣ ва таъиноти раисонро ба салоҳияти вазири маориф вогузор кард

1170
(Таҷдидшуда 18:59 02.10.2020)
Тибқи қавонини нав, аз ин ба баъд раисони шӯъбаи маорифро худи вазири маорифи Тоҷикистон таъин мекунад

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ҳуқуқи таъин ва аз вазифа озод кардани раисони шӯъбаҳои маорифро аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ бекор карда ин вазифаро ба салоҳияти вазири маориф вогузор кард.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, ин масъаларо вакилон рӯзи 1 октябр таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баррасӣ кардааст.

Тарҳи Қонун  "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"-ро бо вакилони мардумӣ муовини аввали вазири маориф Муҳаммаддовуд Саломиён ва вакили мардумӣ Шариф Ҳакимзода баррасӣ намудаанд.

Онҳо иброз доштаанд, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур ба роҳ мондани низоми ягонаи назорат ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.

"Ҷиҳати таъмини иҷрои ин мақсад аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии он пешбинӣ шудааст", - гуфт Саломиён.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф"-ро ба вакилони мардумӣ  муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, мутобиқи лоиҳа ба Қонуни мазкур илова ба моддаи 33 ворид мегардад, ки тибқи он дар мувофиқа бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии маориф ба салоҳияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

1170
Барчаспҳо:
Вазорати маориф, вазири маориф ва илми ҶТ, Тоҷикистон

Дари як донишгоҳи бонуфуз дар Маскав баста шуд: шумораи дардмандони коронавирус зиёд буд

183
Роспотребнадзор дари Донишгоҳи давлатии техникии Маскавро мӯҳр зад. Иллати баста шудани донишгоҳ ба шумораи зиёди мубталоёни коронавирус дар ин таълимгоҳ рабт дода мешавад

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Яке аз бонуфузтарин донишгоҳи техникии Маскав баста шуд, хабар медиҳад Ситоди фаврии коронавирус дар Русия.

Марги 332 маризи коронавирус дар Эрон давоми як рӯз

Ба иттилои манбаъ, ДДТМ ба номи Бауман ба далели нақзи қоидаҳои профилактикӣ ва афзун шудани шумораи мубталоёни коронавирус аз ҳисоби муҳассилин ва намояндагони ин боргоҳ маҳкам намуданд.

"Донишгоҳи давлатии техникии Маскав ба номи Бауман ба далели шумораи зиёди ҳолатҳои гирифторшавӣ ба COVID - 19 ва риоя накардани режими санитарию эпидемиологӣ бастаанд", - омадааст дар иттилоия.

Зикр мегардад, ки қарори мазкуро Роспотребнадзор ба тасвиб расонд.

Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз дар аввали моҳи октябр, вақте ки таътили дуҳафтаина ҷорӣ карда шуд, Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия эълон кард, ки донишҷӯёни донишгоҳҳоро ба таҳсили фосилавӣ намефиристад.

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

Аммо, баъдан департамент илова кард, ки вазъи эпидемиологӣ дар ҳама донишгоҳҳо таҳти назорат қарор дорад ва тасмим дар мавриди фиристодани донишгоҳҳо ба таҳсили таҳсили фосилавӣ аз вазъият дар ҳар як минтақаи алоҳида ва дар маҷмӯъ дар кишвар вобаста аст.

183
Барчаспҳо:
баста, донишгоҳ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

“Омӯзгорони замонаҳои вазнин”: аз “вируси корона” то Афғонистон

318
(Таҷдидшуда 18:51 16.10.2020)
Панҷоҳ омӯзгори рус дар ҳоле вориди Тоҷикистон мешаванд, ки роҳҳо баставу ҷанги Афғонистон ташдид меёбад

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ин нукта дар нишасте, ки барои пазироӣ аз 50 омӯзгори рус дар толори маркази илму фарҳангии “Россотрудничество” анҷом ёфт, зикр шуд.

Шамил Шамсутдинов, мушовири сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, гуфт, интиқоли омӯзгорон дар вазъияте, ки ба далели беҳдоштӣ марзҳо баставу тайёраҳо парвоз намекунанд, бо кӯмаки ҳамкорони тоҷик фароҳам шуд. Вай гуфт, Тоҷикистон вижагиҳои худро дорад ва авомиле ҳастанд, ки ба вазъи умумӣ таъсир мерасонанд.

 “Қабл аз ҳама ин ба таҳдидҳои хориҷӣ рабт мегирад, зеро кишвар бо Афғонистон, ҷое ки даҳсолаҳо ба ин сӯ оташи ҷанг хомӯш намешавад, ҳамсоя аст. Вазъи он ҷо рӯ ба ташаннуҷ гароидааст. Дар 200 – километрии Душанбе, ки дарёи Панҷ равон аст, марзи Афғонистон мегузарад. Дар як калом, он ҷо сахт ноором аст, ҳамчунон бояд шароити кӯҳистонӣ ва вазъи беҳдоштии Тоҷикистонро низ бояд ба назар гиред”, - гуфт Шамил Шамсутдинов.

Вуруди омӯзгорони рус ба Тоҷикистон замоне иттифоқ меафтад, ки мактабҳои ин кишвар ҳанӯз аз моҳи август ба ин сӯ фаъолият доранд, аммо кишвар ҳамоно бо пандемияи “вируси корона” дасту панҷа нарм мекунад.

Аз маълумоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки ҳамарӯза пахш мешавад, вазъи беҳдоштӣ дар кишвар он қадар вахим наменамояд. Аммо аз гирифтории даҳҳо нафар ва фавти одамон низ хабар пахш мешавад.

Ирина Сулжина, ҳамоҳангсози барномаҳои забони русии намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, мегӯяд, бо вуҷуди шароити ногувор ба Тоҷикистон омадани омӯзгорон ҳамаро хуш кардааст.

“Шумо, воқеан, сифати таълимро аз рӯи фанҳо баланд бурдед, ки пирӯзии шогирдони шумо дар олимпиадаҳо ва ширкати онҳо дар конфронсҳои илмиву амалӣ инро собит мекунад. Шумо ба фаъолияти тарҳ низ дастовардҳои бузург овардед. Аз ин хотир, дар Тоҷикистон ба шумо ниёз аст. Шумо набудед, аммо омӯзгорон аз мо мепурсиданд, ки онҳо кай меоянд, мо онҳоро хеле интизорем. Ин суханҳои самимӣ буданд”, - гуфт Ирина Сулжина.

 Тарҳи маърифатии эъзоми омӯзгорони рус барои тадрис дар макотиби Тоҷикистон таҳти сарпарастии палатаҳои болоии Русияву Тоҷикистон - Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллӣ соли 2017 оғоз ёфт.

Дар соли таҳсили 2017 – 2018 26 нафари онҳо ба Тоҷикистон омаданд ва дар соли таҳсили 2018 – 2019 теъдоди онҳо ба 44 нафар расид.

Имсол омӯзгорони рус боз шаш нафари дигар зиёд шуданд, ки ин далели боризи афзудани таваҷҷӯҳи онҳо барои тадрис дар Тоҷикистон аст, он ҳам дар замонае, ки дар ҷаҳон пандемияи “вируси корона” ҳукмронӣ мекунад.

Аз сӯи дигар, бино ба иттилои намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, дар саросари ин кишвари кӯҳистонӣ ва шароити мухталиф машғули тадрис хоҳанд шуд.

Дар баробари шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, ки шароити зиндагии шаҳриёна доранд, онҳо дар навоҳии дур аз шаҳрҳо, назири Ашт, Данғара, Рашт, Ашт, Кушониён, Бӯстон ва Бобоҷон Ғафуров низ ба тадрис хоҳанд пардохт.

Ба қавли ҳамоҳангсози барномаҳои забони русии намояндагии “Россотрудничество”, онҳо аз рӯи дархости шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии Тоҷикистон барои таълим даъват шудаанд.

“Мо бар асоси ин дархостҳо омӯзгоронро дар макотиби кишвар тақсим кардем. Маъмулан, онҳо дар макотиби тоҷикӣ ба тадриси забони русӣ ва дар макотиби русзабон ба таълими фанҳои дигар машғул хоҳанд буд”, - гуфт Ирина Сулжина.

Бино ба иттилои масъулин, вақтҳои охир дар Тоҷикистон талабот ба омӯзгорони улуми табиӣ ва дақиқ, назири математика, биология, физика ва химия афзуда, имсол бештари омӯзгорони тозаворид ба ин фанҳо ихтисос доранд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2020 – 2040 - ро солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда, тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои иҷтимоиро вазифадор кардааст, ки ба таълими ин қабил илмҳо зиёдтар таваҷҷуҳ намоянд, то мафкураи техникии насли наврас қавӣ гардад.

Ба ҳамин минвол, омӯзгорони рус на фақат ба ҳимоят аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон барои рушди забони русӣ, балки дигар барномаҳо низ ҷалб мешаванд. Ҳамзамон ба қавли Шамил Шамсутдинов, на фақат омӯзгор, балки фиристодаҳои нияти неки забони русӣ ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон хоҳанд буд.

318
Барчаспҳо:
Афғонистон, вируси корона, омӯзгорон, муаллимон, Русия, Тоҷикистон
Суванқулов Содиқҷон маҳкумшуда барои қатли маъшуқи ҳамсараш

Ҷазои Суванқулов барои куштор ҳангоми ҳамхобагии собиқ занаш бо ҳамсоя-видео

0
(Таҷдидшуда 15:37 21.10.2020)
Додгоҳи вилояти Хатлон Суванқулов Содиқҷони 51-соларо барои куштор ҳангоми дидани ҳамхобагии собиқ ҳамсараш бо ҳамсояи 52-сола ба 26 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Суванқулов, сокини ноҳияи Шаҳритуз, 19-уми августи соли равон, тахминан соати 23:30 дар холати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, Бердиева Фарзонаи 26-сола омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, Раҷабов Рустам, марди 52-сола муносибати маҳрамона дорад.

Манбаъ афзуд, гумонбаршаванда бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои бадани мархум Раҷабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

"Бо ин конеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4 маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норак, Камолова Нилуфар, ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3 маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидахо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия Суванқулов Содиқҷонро  ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. 

0