Муфтии Тоҷикистон бо раҳбарии вазири маориф доктори илм шуд

© Sputnik / Амир ИсаевСаидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтӣ ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон унвони доктори илмҳои филологияро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Мавсуф дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рисолаи доктории ӯ “Тафсири Ҳусайнӣ ва тафсирнигории Қуръон дар асрҳои 10 – 15” унвон дошта, маҳсули талошу пажӯҳишҳои 5 – солааш аст.

“Мо дар рисола ба шумули “Тафсири Ҳусайнӣ”, ҳудуди 50 тафсиреро, ки тайи панҷ аср ба забонҳои тоҷикиву форсӣ таҳия шудаанд, ба муаррифӣ гирифта, моҳияи онҳоро баён доштем. Ин он чӣ мо дастрас кардем, буд, дар асл теъдоди тафсирҳои дар ин айём хеле зиёданд”, - гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Саидмукаррам Абдулқодирзода яке аз чеҳраҳои матраҳи ҷомеаи мазҳабии Тоҷикистон буда, аз соли 2010 ба ин сӯ муфтӣ ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мебошад.

Муфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон
Абдулқодирзода дар Дубай аз диндории тоҷикистониён гуфт

Ӯ маълумоти маълумоти ибтидоии динӣ ва ҳифзи кулли Қуръони каримро аз падараш домулло Абдулқодир гирифта, факултаи усули дини Донишгоҳи байналмилалии исломии шаҳри Исломободи Покистон (1995 – 2000) - ро дар бахши тафсиру ҳадис ва бахши аспирантураи ин донишгоҳро низ хатм кардааст (2000-2003).

Як муддат дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ба ҳайси омӯзгор ва дигар вазифаҳо (2003 – 2008) кор карда, ҳамзамон факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ғоибона хатм намудааст. Фориғуттаҳсили магистратура (2008) ва аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2010) мебошад.

Саидмукаррам Абдуқодирзода муаллифи даҳҳо мақолаи хурду бузург дар масоили динӣ буда, соли 2012 дар мавзӯи "Арзиши адабии "Чаҳор мақола"-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ" рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда буд.

Рисолаи докториашро ӯ таҳти раҳбарии Муҳаммадюсуф Имомзода, собиқ ректори Донишгоҳи миллӣ ва ҳоло вазири маорифи Тоҷикистон ҳимоя кардааст.

Лентаи хабарҳо
0