Министр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф

Имомзода ба донишҷӯёни дар Тоҷикистон дармонда, пешниҳоди таҳсил дар ватан намуд

875
(Таҷдидшуда 15:44 14.11.2020)
Вазири маорифи Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, аммо дар замони пандемия ба Ватан баргаштанду дармонданд, вохӯрӣ баргузор намуд

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Дар робита ба авҷи маризии коронавирус дар ҷаҳон, шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Русия таҳсил мекарданд, ба Ватан баргаштанд.

Ин донишҷӯён ба иллати баста будани равобити ҳавоӣ ва заминӣ дар Тоҷикистон дармонданд ва аз имконияти идома додани таҳсили худ, маҳрум шуданд.

Аксари донишҷӯёни тоҷик аз он бим доранд, ки ба далели ҳозир нашудан ба дарсҳо, номи онҳо дар феҳрасти нафарони ихроҷшуда пайдо шавад.

Котиботи Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки чанде пеш Муҳаммадюсуф Имомзода роҳбари ин ниҳод бо донишҷӯёни дармонда вохӯрӣ баргузор кард. Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Душанбе "Россотрудничества" Иван Иванов, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, корҳои хориҷӣ ширкат доштанд.

“Сомон Эйр”: барои расонидани донишҷӯёни тоҷик ба Беларус парвози махсус сурат мегирад

Вазири тоҷик ба донишҷӯён тавзеҳ дод, ки роҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамчунин Вазорати маориф аз пайи ҳарчӣ зудтар ҳал кардани мушкилоти онҳо мебошанд ва борҳо бо вазоратҳои маорифи кишварҳое, ки донишҷӯёни тоҷик он ҷо таҳсил мекарданд, сӯҳбатҳо баргузор намуданд.

Имомзода дар рафти мулоқот ба донишҷӯён пешниҳод кард, ки "агар хоҳишманди таҳсил намудан дар ватанро доранд, бидуни ягон мушкилот ба Вазорати маориф муроҷиат кунанд ва дар асоси ихтисосашон онҳоро ба донишгоҳҳо қабул мекунанд".

875
Барчаспҳо:
дармонданд, донишҷӯён, вохӯрӣ, вазорати маориф ва илми ҶТ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (864)
Хонандагони мактаб

Соҳибкоре дар дурдасттарин деҳаи Мастчоҳ бинои нави таълимӣ бунёд кард

150
(Таҷдидшуда 19:59 01.12.2020)
Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло зимни ифтитоҳи мактаб ба соҳибкор, роҳбари ҶДММ "Роҳи Сомон" Амонов Фаррух барои бунёди бинои нав изҳори сипос намуд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бинои нави мактаби №18-и деҳаи Деҳҳавзи Ҷамоати деҳоти Лангар ба баҳрабардорӣ расид.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, ин иншоот аз ҷониби соҳибкор Фаррух Амонов бунёд гардидааст. 

"Бинои нави таълимӣ дорои 6 синфхона бо 110 ҷойи нишаст ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омўзгорон буда, бо тамоми таҷҳизот таъмин гардидааст", - омадааст дар хабарнома.

Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло зимни ифтитоҳи мактаб, аз сиёсати маорифпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба соҳибкор, роҳбари ҶДММ "Роҳи Сомон" Амонов Фаррух барои бунёди бинои нав изҳори сипос намудааст.

Хушхабар: Хайрхоҳе мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди Рӯшонро аз нав месозад-видео

Деҳҳавз яке аз дурдастарин деҳаҳои ноҳияи Куҳистони Масчтоҳ буда, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лангар қарор дорад.

Манбаъ афзуда, ки бинои нави мактаб дар доираи бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта шудааст.

150
Барчаспҳо:
нав, бунёд, мактаб, Мастчоҳ
Рустам Эмомали председатель города Душанбе

Қарори Рустами Эмомалӣ барои роҳандозии “eDonish” дар макотиби Душанбе

317
(Таҷдидшуда 14:35 01.12.2020)
Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” – “Smart City”-и ҳукумати Душанбе барномаи электронии “eDonish”-ро муаррифӣ намудааст, ки бо қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт бояд дар макотиб роҳандозӣ гардад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Сарраёсати маорифи  Душанбе,  барномаи мазкур тибқи қарори раиси пойтахт, дар бораи татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр, қабул гардид.

“Айни замон он ҳамчун лоиҳаи таҷрибавӣ дар 5 муассисаи таълимии пойтахт, асосан дар литсею гимназияҳо барои хонандагони болаёқат роҳандозӣ гардидааст”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли масъулини пойтахт.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки барномаи “eDonish” хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.

“Ин барнома ҳамчунин шомили унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши онҳо мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр гардидааст, ки тавассути ин барнома волидон метавонанд вазифаҳои хонагии фарзандонашонро аз фанҳои таълимӣ, супоришҳои омӯзгорон ва дигар маълумоти заруриро, ки аз маъмурияти муассисаи таълимӣ мерасанд, бо паёмак ба телефон дастрас намоянд.

Таъкид шудааст, ки барномаи “eDonish” ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки бо волидайни хонандагон робитаи боз ҳам зичтар ва доимӣ барқарор намоянду роҷеъ ба раванди таҳсили ҳар хонанда ва сатҳи пешрафти онҳо дар робита бошанд.

317
Барчаспҳо:
макотиби олӣ, Тоҷикистон

Новобаста аз пандемия: беҳтарин маконҳои сайёҳӣ дар гузориши аксӣ

0
(Таҷдидшуда 17:56 02.12.2020)
Дар замони пандемияи коронавирус сайёҳат кардан ғайриимкон аст, аммо метавон зеботарин ҷойҳои дунёро ба таври фосилавӣ тамошо кард

Ҳафтаи гузашта коршиносони соҳаи сайёҳӣ маконҳои беҳтарини гардишгариро миёни шаҳрҳои мухталлифи ҷаҳон муайян карданд.

Дар ҷоизаи World Travel Awards 2020 ҷойҳои сайёҳии дар сатҳӣ ҷаҳонӣ ва дар сатҳи кишварро муаяйн карданд.

Тоҷикистон мутаассифона натавонист дар ин феҳрист роҳ ёбад, аммо се ширкати сайёҳии дохилии кишвар аз тарафи World Travel Awards 2020 ҷоиза ба даст оварданд.

Дар гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон беҳтарин маконҳои сайёҳӣ ҷамъоварӣ шудааст.

0
  • © Sputnik / Vladimir Astapkovich

    Мардуми шаҳри Маскав ва меҳмонони ин шаҳр ҳангоми ҷашни Соли нав дар майдони Манежи шаҳри Маскав

  • © Depositphotos / pomphotothailand.gmail.com

    Макони сайёҳӣ Sun World Fansipan Legend дар Ветнам

  • © Sputnik / Fayed El-Geziry

    Дар мамнӯъгоҳ "Масаи-Мара"- Кения сайёҳон жирафҳоро тамошо доранд

  • © Foto Pixabay / Viola '

    Киштии бузурги сайёҳӣ дар Ямайка

  • © Sputnik / Alexander Vilf

    Ҷавондухтар дар шаҳри Фуншал дар ҷазираи Мадейра

  • © Foto Pixabay / Scheidt

    Алпак дар кӯҳҳои Патагони Чили

  • © Sputnik / Natalia Seliverstova

    Навхонадорон дар соҳили баҳри ҷазираҳои Молдив аксбардорӣ доранд

  • © Foto Pixabay / Christophjkugler

    Тарабхонаи кӯчагӣ дар шаҳри Веронаи Итолиё

  • Минтақаи сайёҳии Pasarelas del Paiva дар Португал

  • © Sputnik / Alexei Danichev

    Гардишгарии лухтаки бузурги Петри I ҳангоми шабҳои сафед дар Санкт-Петербурги Русия дар арафаи Рӯзи шаҳр

  • © Sputnik / Alexey Kudenko

    Калисои Успенский Дар шаҳри Владимир

  • Пули тиллоӣ дар Ветнам

  • © CC BY 3.0 / Andrei Bobrovskiy / Unnamed Road, Saint Lucia

    Намои соҳили баҳр дар Сент-Люсии, Амрико

  • © Sputnik / Alexander Vilf

    Дар яке аз кӯчаҳои Лиссабон

  • © Foto Pixabay / Hans Schwarzkopf

    Макони сайёҳӣ дар шаҳри Маскати Уммон

  • © Sputnik / Natalia Seliverstova

    Сайёҳ дар соҳили баҳр дар ҷазираи Ла Диг (Ҷумҳурии ҷазираҳои Сейшел)

Барчаспҳо:
ҷаҳон, макон, сайёҳӣ, Кумитаи сайёҳӣ, Тоҷикистон