Школьная ярмарка в Душанбе

Омӯзгорони вилояти Хатлон аз камбуди китобҳои дарсӣ шикоят карданд

101
(Таҷдидшуда 21:32 15.11.2020)
Масъулони мактабҳо ва омӯзгорони вилояти Хатлон аз камбуди шадиди китобҳои дарсӣ дар марокизи омӯзишии ин минтақа шикоят мекунанд, ки ба раванди омӯзиши улум таъсири манфӣ мегузорад

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ба гузориши сомонаи Pressa.tj, омӯзгорони мактабҳои ноҳияи Қубодиён гуфтаанд, ки дар риштаи ҳуқуқи башар барои 30 донишомӯз танҳо як ҷилд китоби дарсӣ ва барои таърихи мардуми тоҷик ду ҷилд китоб вуҷуд дорад, ки ин мавзӯ мушкили ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

Шоҳмардон Шоҳинов, китобдори идораи маорифи ноҳияи Қубодиён мегуяд, ки дар мактабҳои ин минтақа 14 ҳазор ҷилд китоби дарсӣ дар риштаҳои физик, риёзӣ, химия, ҳандаса, зистшиносӣ ва забонҳои русӣ ва англисӣ камбуд вуҷӯд дорад.

Вай таъкид кардааст, ки дар ин минтақа китобхонаи иҷора додани китобҳои дарсӣ роҳандозӣ шуда, ки маблағи қарзи он акнун ба 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ расидааст.

Дар ноҳияҳои марзии Шаҳритус низ камбуди 9 ҳазор ҷилд китоби дарсӣ мушоҳида мешавад.

Вазъи мушобеҳ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мушоҳида мешавад.

101
Барчаспҳо:
китоби дарсӣ, шикоят, камбуд, китоб, омӯзгорон, Хатлон, Тоҷикистон
Филиал МГУ в Душанбе. Архивное фото

Таъйини мудири нави бахши душанбегии Донишгоҳи давлатии Маскав

278
(Таҷдидшуда 23:40 04.12.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат дар раёсати бахши тоҷикистонии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат,  Мирзоев Сайаъло Ҳабибуллоевич, ки аз аввали соли 2015  ба ҳайси мудири иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе кор мекард, аз вазифа озод карда шуд.

Дар қарор далели барканории Сайъало Мирзоев гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст, аммо феълан маълум нест, ки ӯ чӣ вазифа мегирад.

Шоири тоҷик Карим Ҳайдар ба медали "Сергей Есенин"-и Русия сазовор шуд

Бо қарори дигари  Ҳукумат, Ғаниев Рустам Ғафурович мудири иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав  ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбо соли 2009 бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, феълан яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

278
Барчаспҳо:
донишгоҳ, Душанбе, Тоҷикистон
Глава Согда вручает стипендии студентам и аспирантам

Стипендияи раиси Суғд ба маблағи 134 ҳазор сомонӣ супорида шуд

188
(Таҷдидшуда 18:50 03.12.2020)
Стипендияи раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ супорида шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ба 130 нафар донишҷӯёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар маҷмуъ ба маблағи 134 ҳазору 500 сомонӣ стипендия супорид.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, барандаҳои стипендия аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар миқёси вилоят алҳол 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мебаранд, ки дар ин муассисаҳо аз рӯи 130 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.  

Котиботи ҳукумати Суғд афзуд, дар соли хониши 2020-2021 шумораи умумии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар маҷмӯъ беш аз 69 ҳазору 642 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар ҳудуди вилоят имрӯз 1267 нафар магистрант ва 82 нафар аспирантон ба таҳсилу таҳқиқ машғуланд.

188
Барчаспҳо:
сомонӣ, маориф, Тоҷикистон
Министр здравоохранения Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода

Дидори ногаҳонӣ: Вазир аз бемористони ноҳияи Рӯдакӣ хабар гирифт

0
(Таҷдидшуда 18:34 05.12.2020)
Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани фасли зимистон, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ вазорати тандурустӣ гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондааст

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода шахсан аз Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаи бемориҳои руҳии ноҳияи Рӯдакӣ дидан кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Гуфта шудааст, ки барои гузаронидани фасли зимистон дар беморхонаи мазкур захираи кофии сӯзишворӣ ва маводи хӯрока муҳайё карда шуда, муассисаҳои номбурда ҷиҳати муътадил гузаронидани фасли зимистон омода мебошанд.

Қайд карда шудааст, ки вазир дар беморхонаҳои мазкур бо беморон низ мулоқот намуда, оид ба вазъи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Қайд карда шудааст, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, риояи қоидаҳои пешгирӣ аз сӯхтор ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда аз ҷониби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулини беморхонаҳои номбурда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

0
Барчаспҳо:
дидан, Рӯдакӣ, бемористон, тандурустӣ, вазир, Тоҷикистон