Президент РФ Владимир Путин

Путин аз аҳамияти забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ гуфт

364
(Таҷдидшуда 19:26 18.12.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва аз муҳимияти забони русӣ суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Соли оянда ба рушди забони русӣ, чун забони муоширати байни миллатҳо бахшида хоҳад шуд, изҳор дошт Владимир Путин, зимни ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ.

Раисиҷумҳури Русия зимни суханронияш дар Шӯро аз аҳамияти забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвар гуфт.

“Дар Русия теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунанд, барои миллионҳо аз ин нафарон омӯзиши саривақтии забони русӣ бисёр муҳим мебошад”, - таъкид намуд раисиҷумҳури Русия.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи октябри соли 2018 Владимир Путин Консепсияи сиёсати давлатӣ дар бахши муҳоҷират то соли 2025-ро имзо кард.

Дар матни ҳуҷҷат самтҳои асосӣ барои мутобиқшавии хориҷиҳо, аз ҷумла мусоидат ба омӯзиши забони русӣ миёни муҳоҷирон таъкид шудааст.

Созмонҳои ҷамъиятии Русия низ курсҳои омӯзишӣ барои муҳоҷирони меҳнатиро пешниҳод мекунанд.

364
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, қарор, Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев посетил прядильное предприятие в Шахрисабзе - фото

Мирзиёев: "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Донишгоҳе назири Оксфорд месозем

916
(Таҷдидшуда 11:45 19.01.2021)
Президенти Ӯзбекистон тасмим дорад, барои нигоҳ доштани нерӯи зеҳнии кишвараш шароит фароҳам оварад ва донишгоҳи президентии назири Оксфордро бисозад

ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Донишгоҳи президентӣ дар Тошканд барои таҳсили 8000 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми мулоқот бо намояндагони минтақаи Юнусободи пойтахт изҳор доштааст, хабар медиҳад, телевизиони "Узбекистон-24".

“Мо як донишгоҳи президентӣ месозем. Мехоҳем бори аввал дар Ӯзбекистон таҳсилоти Оксфордро ҷорӣ кунем. Бахши маорифи Бритониё дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст. Мо мактабҳои нави президентӣ кушодем, акнун барои 8000 донишҷӯ донишгоҳи нави президентӣ мекушоем. Ҳама муаллимон аз хориҷ хоҳанд буд", - гуфтааст, президент.

Шавкат Мирзиёев бо таассуф қайд кард, ки нисфи ҷавонон пас аз таҳсил дар хориҷа ба ватан барнамегарданд.

"Фарзандони мо ба хориҷа мераванд - 50%-и онҳо барнамегарданд. "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Шароити онҷо ба онҳо писанд аст, маош баланд аст. Аммо ҳоло мо мехоҳем ин шароитро дар ин ҷо фароҳам орем ва онҳоро омӯзонем. Бигзор фарзандони мо нараванд”,- гуфт ӯ.

Мақомоти ин кишвар ҳоло дар бораи санаи ифтитоҳи донишгоҳ гузориш надодаанд.

Шавкат Мирзиёев ҳанӯз 1 марти соли 2019 дар як мулоқот дар шаҳри Намангон ифтитоҳи донишгоҳи президентӣ дар Тошкандро эълон кард.

Ёдовар мешавем, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ соли 2018 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” ифтитоҳ шуд.

Раҳмон дар Академияи Кембриҷ: ҷавононамонро барои донишгоҳҳои Кембриҷу Оксфорд омода созем

Мактаб барои 500 нафар пешбинӣ шуда, таълим дар он тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим забони англисӣ мебошад.

 

916
Барчаспҳо:
таҳсил, донишгоҳ, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон
Ректор Московского государственного университета имени М. В. Ломоносова Виктор Садовничий

Садовничий гуфт, теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар давраи ҳамагирӣ кам нашудааст

53
(Таҷдидшуда 18:48 17.01.2021)
Ректори Донишгоҳии давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов гуфт, ҳамагирии коронавирус ба таҳсилот ва теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ бетаъсир буд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ректори Донишгоҳии давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов, Виктор Садовничий дар доираи дарҳои кушод, гуфт ҳамагирии коронавирус ба камшавии теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ боис нашуд.

Ба гуфти ӯ ба баста шудани марзҳо нигоҳ накарда, теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳисоби донишҷӯёне, ки тариқи фосилавӣ таҳсил мекунанд, кам нашуд.

Коршинос: чӣ гуна дар пандемия донишҷӯи хориҷӣ метавонад дипломро дар Русия дифоъ кунад

"Мо ҳатто дар чунин шароити экстрималӣ сатҳ ва теъдодро кам накардем", - гуфт Садовничий.

Феълан дар МГУ тақрибан 8 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ аз 75 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунад.

Сатторов гуфт, ки донишҷӯён аз Тоҷикистон кай ба Русия баргашта метавонанд

Наздики 30 дарсади донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои хориҷи наздик: Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон ва  Белорус мебошанд.

53
Барчаспҳо:
таҳсил, вируси корона, Виктор Садовничий, МГУ, ректор
Наручники висят на дверной ручки, архивное фото

Боздошти ду мард: дилхоҳ ҳуҷҷатҳои ронандагиро қалбакӣ тайёр мекарданд

0
(Таҷдидшуда 12:53 21.01.2021)
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, даст доштани онҳо дар ҳафт ҳолат тасдиқ шуд ва акнун нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Тоҷибоев Ибодуллои 60 - сола ва Неъматуллоев Зарифҷони 45 - соларо кормандони милитсия дастгир намуданд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ду боздоштшуда сокинони вилояти Хатлон буда дар сохтакории ҳуҷҷатҳо муттаҳам дониста мешаванд.

Ба номи варзишгарон, аммо ба киссаи худ: боздошти мақомдорони Конибодом

Манбаъ меафзояд, номбурдагон бо истифода аз дастгоҳи чопкунии ранга, сканер ва техникаи компютерӣ ба сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои ронандагӣ машғул будаанд.

"Аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муоинаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт аз системаи газӣ, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА "Амонатбонк" оиди пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо ба маблағи муайян пешниҳод мекарданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки даст доштани онҳо дар 7 ҳолат ошкор шудааст. 

Феълан, нисбати номбурдагон бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

0
Барчаспҳо:
ҳуҷҷат, сохтакорӣ, боздошт