ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, дар 4 соли охир дар шаҳри Душанбе 22 муассисаи таълимии ҷадид мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Манбаъ афзуд, ки муассисаҳои набунёд барои таҳсили беш аз 31 ҳазор талаба дар ду баст пешбинӣ шудаанд.
Ҳукумати Душанбе мегӯяд, дар соли оянда теъдоди муассисаҳои навбунёди таълимиро 10 адади дигар зиёд мекунанд.
“Дар соли 2021, яъне ҷашни 30- солагӣ шумораи бунёди муассисаҳои таълимӣ ба 32 адад ва шумораи ҷойҳои нишаст ба 57 ҳазор дар ду баст расонида мешавад”, - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ҳамасола талабот ба муассисаҳои нави таълимӣ дар кишвар зиёд мегардад. Бар асоси гузоришҳо дар бархе аз макотиби ҷумҳурӣ теъдоди хонандаҳо дар як синф аз меъёр зиёд аст, ки ин ба раванди дарсу сифати таълим низ хала ворид мекунад.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Имрӯз бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон бинои нави факултаи иқтисод ва молия ва ҳамчунин хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯён мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 5048 нафар пешбинӣ шудааст.
Раҳмон дар Балҷувон аз бинои Хадамоти муҳоҷират то хобгоҳ ва боғчаи кудакон ифтитоҳ кард
Иншооти мазкур аз ду қисми 7-ошёнагӣ иборат буда, дар он факултети молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ҷойгир мебошад.
Таъкид гардидааст, ки бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати сохтмонии ватанӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди "Азизӣ-сохтмон" бо тарҳи наву замонавӣ сохта шудааст.
Раҳмон гуфт, дар панҷ сол ҳоҷати воридот намемонад: ифтитоҳи корхонаи санги хорову мармар
Аснои шиносоӣ роҳбари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бино, ки аз ҷониби мутахассисони ватанӣ анҷом дода шудааст, баҳои баланд дод.
Раисҷумҳур пас аз ифтитоҳи иншоот аз устодон ва кормандони соҳаи илму маориф талаб намуд, ки дар самти тарбия намудани ҷавонони худогоҳу худшинос ва мутахассисони варзидаи талаботи бозори меҳнат бештар таваҷҷуҳ намоянд.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Tакаюки Миясита дар маросими имзои ин созишнома гуфтааст, ки то кунун бо кумаки ройгони Ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон 50 мактаб сохта шуда, ин барнома идома хоҳад дошт, иттилоъ додааст сафорати Ҷопон дар Душанбе.
“Ду мактаби ҷадид дар ноҳияҳои Турсунзода ва Файзобод ҳар як бо ҳазинаи 1 миллион сомонии ройгони ҳукумати Ҷопон сохта ва таҷҳиз хоҳад шуд. Мо талош мекунем, ки ин ду мактаб бо таҷҳизоти пешрафтаи омӯзишӣ таъмин шаванд то донишомӯзони тоҷик битавонанд дар шароити матлуб улуми рӯзро фарогиранд”, - гуфт Tакаюки Миясита.
Ҳамзамон сафири Ҷопон таъкид доштааст, ки кишвараш дар чорчӯби ин барнома бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамкории наздик дорад.
Гуфта мешавад аз соли 1996 ҳукумати Ҷопон барои иҷроӣ 421 тарҳи иҷтимоӣ ва омӯзишӣ дар Тоҷикистон 34 доллар кумаки ройгон ихтисос додааст.
Дар фурудгоҳи Кунеои Италия сагҳо омӯзонида мешаванд, то афроди ба коронавирус сироятёфтаро ҷустуҷӯ кунанд.
Озмоиш дар якҷоягӣ бо старт-апҳои Финландия, ки сагҳоро таълим медиҳанд, гузаронида мешавад: онҳо ба сагҳо таълим медиҳанд, ки бемориҳои одамро бо бӯй ҷустуҷӯ кунанд.
"Агар шахс бо коронавируси бидуни аломат гирифтор шуда бошад, сагҳо метавонанд онро ошкор кунанд. Онҳо инчунин метавонанд зуком ва COVID-19-ро фарқ кунанд", - тавзеҳ додаст Барбара Сарфатти, мудири амнияти фурудгоҳи I-Sec.
Вай гуфт, ки сагҳо инчунин барои шинохтани навъҳои нави коронаиврус, аз қабили бритонӣ, бразилӣ ва африқоӣ омӯзонида шудаанд.
Лоиҳаи озмоишӣ соли 2020 дар Ҳелсинки татбиқ карда шуд. Маълум аст, ки сагҳо аз 6 ҳазор ҳолат вирусро бо эҳтимолияти 95% шинохтанд.
Оё Тоҷикистон ба "корона" пирӯз шуд - чанд посухи маъмул
Пас аз он ки, сагнафари гирифтор ба коронавирусро муайян мекунад, ташкиси пурратари он нафар минбаъд дар утоқи фавқулода дақиқ мешавад.
Чунин таҷрибаҳо аллакай дар Эрон истифода мешаванд. Дар ин ҷо, дар фасли баҳор, чӯпонони олмонӣ, бозгирандагони тиллоӣ, лабрадорҳо ва коллиҳои марзӣ барои ҷустуҷӯи онҳое, ки ба коронавирус сироят ёфтаанд, ҷалб карда шуданд.
Сагон инчунин дар Русия барои кор дар фурудгоҳҳо омӯзонида мешаванд. Барои ин зоти махсусе бо номи шалаика парвариш карда шуд.