Школьники идут по улице города Душанбе

Таътили зимистона дар Тоҷикистон: толибилмон чанд рӯз истироҳат мекунанд

1391
(Таҷдидшуда 17:30 29.12.2020)
Таътили зимистона дар макотиби шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 10 рӯз тӯл мекашад. Толибилмони тоҷик аз якум то даҳуми январ истироҳат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон толибилмони макотиб дар моҳи январ 10 рӯз истироҳат хоҳанд кард, хабар медиҳад SugdNews бо такя ба маълумоти раёсати маорифи вилояти Суғд.

Таътили зимистона аз рӯзи якуми моҳи январ шурӯъ мешавад ва то 10 уми ҳамин моҳ идома меёбанд.

Маълум шуд, тоҷикистониён дар Соли нав чанд рӯз истироҳат мекунанд

Хонандагони тоҷик рӯзи 11- уми январ дубора сари мизу курсии мактабӣ ҳозир мешаванд.

Манбаъ меафзояд, дар давраи таътили зимистона, марҳилаҳои минтақавии олимпиадаҳои мактабӣ гузаронида мешаванд. Инчунин барои мактаббачагон чорабиниҳои варзишӣ, маҳфилҳо ва сексияҳо ташкил карда мешаванд.

Санаи таътили тирамоҳӣ дар мактабҳо эълон шуд: муаллимон чаро кор мекунанд?

Таъкид мешавад, ки таътили оянда аллакай фасли баҳор сурат мегирад ва ҳамагӣ як ҳафта аз 25  то 31 март тӯл мекашад.

1391
Барчаспҳо:
толибилмон, истироҳат, Тоҷикистон, таътили зимистона
Шавкат Мирзиёев посетил прядильное предприятие в Шахрисабзе - фото

Мирзиёев: "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Донишгоҳе назири Оксфорд месозем

715
(Таҷдидшуда 11:45 19.01.2021)
Президенти Ӯзбекистон тасмим дорад, барои нигоҳ доштани нерӯи зеҳнии кишвараш шароит фароҳам оварад ва донишгоҳи президентии назири Оксфордро бисозад

ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Донишгоҳи президентӣ дар Тошканд барои таҳсили 8000 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми мулоқот бо намояндагони минтақаи Юнусободи пойтахт изҳор доштааст, хабар медиҳад, телевизиони "Узбекистон-24".

“Мо як донишгоҳи президентӣ месозем. Мехоҳем бори аввал дар Ӯзбекистон таҳсилоти Оксфордро ҷорӣ кунем. Бахши маорифи Бритониё дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст. Мо мактабҳои нави президентӣ кушодем, акнун барои 8000 донишҷӯ донишгоҳи нави президентӣ мекушоем. Ҳама муаллимон аз хориҷ хоҳанд буд", - гуфтааст, президент.

Шавкат Мирзиёев бо таассуф қайд кард, ки нисфи ҷавонон пас аз таҳсил дар хориҷа ба ватан барнамегарданд.

"Фарзандони мо ба хориҷа мераванд - 50%-и онҳо барнамегарданд. "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Шароити онҷо ба онҳо писанд аст, маош баланд аст. Аммо ҳоло мо мехоҳем ин шароитро дар ин ҷо фароҳам орем ва онҳоро омӯзонем. Бигзор фарзандони мо нараванд”,- гуфт ӯ.

Мақомоти ин кишвар ҳоло дар бораи санаи ифтитоҳи донишгоҳ гузориш надодаанд.

Шавкат Мирзиёев ҳанӯз 1 марти соли 2019 дар як мулоқот дар шаҳри Намангон ифтитоҳи донишгоҳи президентӣ дар Тошкандро эълон кард.

Ёдовар мешавем, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ соли 2018 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” ифтитоҳ шуд.

Раҳмон дар Академияи Кембриҷ: ҷавононамонро барои донишгоҳҳои Кембриҷу Оксфорд омода созем

Мактаб барои 500 нафар пешбинӣ шуда, таълим дар он тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим забони англисӣ мебошад.

 

715
Барчаспҳо:
таҳсил, донишгоҳ, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон
Ректор Московского государственного университета имени М. В. Ломоносова Виктор Садовничий

Садовничий гуфт, теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар давраи ҳамагирӣ кам нашудааст

52
(Таҷдидшуда 18:48 17.01.2021)
Ректори Донишгоҳии давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов гуфт, ҳамагирии коронавирус ба таҳсилот ва теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ бетаъсир буд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ректори Донишгоҳии давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов, Виктор Садовничий дар доираи дарҳои кушод, гуфт ҳамагирии коронавирус ба камшавии теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ боис нашуд.

Ба гуфти ӯ ба баста шудани марзҳо нигоҳ накарда, теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳисоби донишҷӯёне, ки тариқи фосилавӣ таҳсил мекунанд, кам нашуд.

Коршинос: чӣ гуна дар пандемия донишҷӯи хориҷӣ метавонад дипломро дар Русия дифоъ кунад

"Мо ҳатто дар чунин шароити экстрималӣ сатҳ ва теъдодро кам накардем", - гуфт Садовничий.

Феълан дар МГУ тақрибан 8 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ аз 75 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунад.

Сатторов гуфт, ки донишҷӯён аз Тоҷикистон кай ба Русия баргашта метавонанд

Наздики 30 дарсади донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои хориҷи наздик: Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон ва  Белорус мебошанд.

52
Барчаспҳо:
таҳсил, вируси корона, Виктор Садовничий, МГУ, ректор
Даст ба дуо, акс аз бойгонӣ

Афзоиши фавти эрониён аз COVID-19

0
(Таҷдидшуда 20:57 19.01.2021)
Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ 83 нафар ҷон доданд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

Манбаъ афзуд,  маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
беморӣ, вируси корона, Эрон