Министр образования и науки Таджикистана Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали

Барномаи рушди маориф дар Хатлон ҳамагӣ 22% иҷро шуд: нигарониҳои раисиҷумҳур

291
(Таҷдидшуда 11:11 31.12.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири Ҳукумат аз вазъи маориф дар вилояти Хатлон гуфта, махсусан норасоии муаллимонро таъкид кард

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар ҷаласа Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон аз ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумат “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” ҳисобот дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, то имрӯз дар қаламрави вилояти Хатлон дар доираи иҷрои барнома аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4 бинои шуъбаи маориф ва 119 бинои муассисаи таълимӣ барои 20 ҳазору 620 ҷойи нишаст ба маблағи 214 миллиону 306 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ки ҳамагӣ 22,4 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтию босамари барнома тадбирҳои мушаххас андешанд.

"Бо истифода аз тамоми имкониятҳои молиявӣ ва ҷалби сармоя бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои маорифро ба роҳ монда, барои хонандагон ҷойҳои нави нишаст таъмин намоянд",- таъкид кардааст президент.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи масъулинро ба норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар вилоят Хатлон ҷалб кардаст.

291
Барчаспҳо:
Хатлон, рушди, маориф, Тоҷикистон
Девушка рисует картину в художественной студии

Пирӯзии тоҷикдухтари 14 - сола дар Тошканд аз миёни 27 давлати ҷаҳон

166
(Таҷдидшуда 12:48 28.01.2021)
Дар фестивале, ки хонандаи синфи 7 аз ноҳияи Ҷаббор Расулов пирӯз шуд, намояндагони 27 кишвар иштирок доштанд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Лайло Ёқубова хонандаи синфи 7 мактаби №11-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар 8 - умин Фестивали байналмилалии "Шодии Тошканд" ғолиб омад, хабар медиҳад Маркази маорифи иловагӣ дар вилояти Суғд.

Ба иттилои манбаъ, хонандаи тоҷик узви маҳфили "Рассоми эҷодкор"- и Маркази таҳсилоти иловагӣ мебошад.

Гуфта мешавад, Лайло Ёқубова таҳти роҳбарии Нозима Раҳимбоева ба кумитаи тадорукоти озмуни мазкур, ки тариқи фосилавӣ баргузор гардид, расмҳои кашидаашро дар мавзӯъҳои "Олами рангини кӯдакон", "Ҷаҳоне, ки ман сукунат дорам", "Ватани ман", "Орзуи ман" пешниҳод намуд.

Фестивали байналмилалии кӯдакон "Шодии Тошканд" аз соли 2004 инҷониб аз ҷониби Академияи рассомии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва корҳои хориҷии ин кишвар дар ду сол як маротиба байни кӯдакони аз 5 то 15-сола баргузор мегардад.

Чӣ гуна рассоми бе даст аз Ӯзбекистон асар меофарад - видео

Имсол ба кумитаи тадорукоти 8- умин Фестивали байналмилалии "Шодии Тошканд" зиёда аз 2 ҳазор асарҳои кӯдакон аз 27 кишвари олам, аз ҷумла Фаронса, Ҳиндустон, Чин, Амрико, Озарбойҷон, Малайзия, Миср, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Исроил, Тоҷикистон, Русия, Латвия ва ғайра пешниҳод гардиданд.

Манбаъ меафзояд, асарҳои тасвирнамудаи Лайло Ёкубова дар намоишгоҳи доимии 8- умин Фестивали байналмиллалии "Шодии Тошканд" ба намоиш гузошта мешаванд.

166
Барчаспҳо:
рассомӣ, Тошканд, тоҷик, хонанда, пирӯзӣ
Встреча Посла Таджикистана с Министром образования и науки Украины

Назризода бо вазири Украина густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

56
(Таҷдидшуда 16:38 27.01.2021)
Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Киев бо Сергей Шкарлет, вазири маориф ва илми Украина густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мулоқоти Назризода бо Шкарлет ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду ҷониб дар соҳаи илму маориф ва роҳҳои густариши он баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо инчунин Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украинаро оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ кардаанд. Омодагӣ барои баргузории ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматӣ, ки соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, аз мавзӯъҳои дигари меҳварии ин мулоқот будааст.

Назризода ва Шкарлет имкони ташкили ҷашнвораҳои донишҷӯён ва баргузории ярмаркаҳо бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимоти олии Украина дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд, то имкониятҳои маорифи Украина муаррифӣ шаванд.

Баргузории ин мулоқот дар ҳолест, ки Назризода моҳи қабл ба ҳайси сафири нави Тоҷикистон эътимодномаашро ба президенти Украина, Владимир Зеленский супурд. Дар маросими супоридани эътимоднома ҷонибҳо хостори густариши ҳамкориҳо шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тирамоҳи соли гузашта Холбобоев Файзулло Самадовичро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод карда, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдарро, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин намуд.

56
Барчаспҳо:
густариш, ҳамкорӣ, Тоҷикистон

Зебову фасона: шаршараи Ниагара дар фасли сармо - акс

0
(Таҷдидшуда 17:07 28.01.2021)
  • Аксбардории духтаре дар назди шаршараи Хорсшу - Фолс
  • Тасвири зебои шаршараи Хорсшу - Фолс
  • Ин шаршара дар фасли сармои зебистон боз зеботар мешавад
  • Ҳазор нафар барои бевосита шоҳиди чунин тасвирҳои зебо шудан, ба шаршараи Хорсшу - Фолс ташриф меоранд
  • Оби яхкардаи шаршара ҳар гуна шаклу намудҳои ғайримуқаррариро касб мекунад
  • Хоҳишмандон дар назди ин зебогиҳо акс мебардоранд
  • Новобаста ба ҳавои сард сафи хоҳишмандони чунин табиати зебо кам нест
  • Буттаҳои атрофи шаршара ҳама ях бастаанд
  • Шаршараи Хорсшу - Фолс дар Канада ҷойгир аст
  • Мард дар пеши шаршараи Хорсшу - Фолс аксбардорӣ мекунад
Табиат ҳама вақт инсонро ғофилгир мекунад. Тасвири зебову фасонаи шаршараи Ниагара дар фасли сарморо аз тасвирбаён тамошо кунед

Шаршараҳои Ниагара маҷмааи шаршараҳо дар дарёи Ниагара, иёлоти Ню-Йорки Амрикоро аз вилояти Онтариои Канада ҷудо мекунад.

Гарчанде ки ин шаршараҳо баландии на он қадар калон доранд, аммо онҳо хеле васеъанд ва аз ҷиҳати ҳаҷми обе, ки аз он мегузарад, шаршараи Ниагара пуриқтидортарин дар Амрикои Шимолӣ аст.

Баландии шаршараҳо 53 метр аст. Таҳкурсии шаршараи амрикоиро тӯдаи сангҳо пинҳон мекунанд, ки барои ҳамин баландии он ҳамагӣ 21 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии шаршараҳои амрикоӣ 323 метр, шаршараҳои наъл 792 метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми оби афтидан ба 5700 ва аз он ҳам бештар аст.

Зебоии ин мӯъҷизаи табиӣ сайёҳони зиёдеро аз тамоми ҷаҳон ба худ ҷалб мекунад, ки ин ба ободии шаҳрҳои дар соҳилҳои шаршараҳо ҷойгирбуда мусоидат мекунад.

Қасри шоҳон, маъбад ва хонае болои шаршара : меросҳои нави ЮНЕСКО - акс

Дар фасли сармо шаршараи Ниагара боз ҳам зеботар мешавад. Тамоми буттаву дарахтони гирду атрофи он яхпӯш мешаванд. Сафи сайёҳону хоҳишмандон барои тамошо ва аксбардорӣ аз чунин манзараи зебо новобаста аз хунукӣ ҳам коҳиш намеёбад.

Зебогӣ ва манзараи фасонавии шаршараи Ниагараро аз тасвирбаён тамошо кунед.

0
  • Аксбардории духтаре дар назди шаршараи Хорсшу - Фолс
    © AFP 2020 / Geoff Robins

    Аксбардории духтаре дар назди шаршараи Хорсшу - Фолс

  • Тасвири зебои шаршараи Хорсшу - Фолс
    © AFP 2020 / Geoff Robins

    Тасвири зебои шаршараи Хорсшу - Фолс

  • Ин шаршара дар фасли сармои зебистон боз зеботар мешавад
    © AFP 2020 / Geoff Robins

    Ин шаршара дар фасли сармои зебистон боз зеботар мешавад

  • Ҳазор нафар барои бевосита шоҳиди чунин тасвирҳои зебо шудан, ба шаршараи Хорсшу - Фолс ташриф меоранд
    © AFP 2020 / Geoff Robins

    Ҳазор нафар барои бевосита шоҳиди чунин тасвирҳои зебо шудан, ба шаршараи Хорсшу - Фолс ташриф меоранд

  • Оби яхкардаи шаршара ҳар гуна шаклу намудҳои ғайримуқаррариро касб мекунад
    © AFP 2020 / Geoff Robins

    Оби яхкардаи шаршара ҳар гуна шаклу намудҳои ғайримуқаррариро касб мекунад

  • Хоҳишмандон дар назди ин зебогиҳо акс мебардоранд
    © AFP 2020 / Geoff Robins

    Хоҳишмандон дар назди ин зебогиҳо акс мебардоранд

  • Новобаста ба ҳавои сард сафи хоҳишмандони чунин табиати зебо кам нест
    © AFP 2020 / Geoff Robins

    Новобаста ба ҳавои сард сафи хоҳишмандони чунин табиати зебо кам нест

  • Буттаҳои атрофи шаршара ҳама ях бастаанд
    © AFP 2020 / Geoff Robins

    Буттаҳои атрофи шаршара ҳама ях бастаанд

  • Шаршараи Хорсшу - Фолс дар Канада ҷойгир аст
    © AFP 2020 / Geoff Robins

    Шаршараи Хорсшу - Фолс дар Канада ҷойгир аст

  • Мард дар пеши шаршараи Хорсшу - Фолс аксбардорӣ мекунад
    © AFP 2020 / Geoff Robins

    Мард дар пеши шаршараи Хорсшу - Фолс аксбардорӣ мекунад

Барчаспҳо:
акс, шаршараи Ниагара