ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Саъдӣ Сангинмурод, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, зимни тавзеҳи сабукиҳо ба ширкати “Ғаюр” аз лоиҳаҳои иҷтимоии ин корхона гуфт.
“Айни замон сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар хонанда дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва муассисаи томактабии замонавӣ барои 500 нафар дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон идома дорад. Аз шумо, хоҳиш менамоям, ки созишномаро ҷонибдорӣ кунед”, - изҳор дошт Сангинмурод.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Саингинмурод афзудааст, ки гурӯҳи ширкатҳои “Ғаюр”, то ҳол мактаби миёна барои 640 нафар хонанда, муассисаи таълимии Коллеҷи технологию фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сохта ба истифода дод.
Инчунин зикр шудааст, ки аз ҷониби “Ғаюр” таъмир, навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаи томактабии воқеъ дар деҳоти “Кангурт”-и ноҳияи Темурмалик анҷом дода шудааст.
ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Донишгоҳи президентӣ дар Тошканд барои таҳсили 8000 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми мулоқот бо намояндагони минтақаи Юнусободи пойтахт изҳор доштааст, хабар медиҳад, телевизиони "Узбекистон-24".
“Мо як донишгоҳи президентӣ месозем. Мехоҳем бори аввал дар Ӯзбекистон таҳсилоти Оксфордро ҷорӣ кунем. Бахши маорифи Бритониё дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст. Мо мактабҳои нави президентӣ кушодем, акнун барои 8000 донишҷӯ донишгоҳи нави президентӣ мекушоем. Ҳама муаллимон аз хориҷ хоҳанд буд", - гуфтааст, президент.
Шавкат Мирзиёев бо таассуф қайд кард, ки нисфи ҷавонон пас аз таҳсил дар хориҷа ба ватан барнамегарданд.
"Фарзандони мо ба хориҷа мераванд - 50%-и онҳо барнамегарданд. "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Шароити онҷо ба онҳо писанд аст, маош баланд аст. Аммо ҳоло мо мехоҳем ин шароитро дар ин ҷо фароҳам орем ва онҳоро омӯзонем. Бигзор фарзандони мо нараванд”,- гуфт ӯ.
Мақомоти ин кишвар ҳоло дар бораи санаи ифтитоҳи донишгоҳ гузориш надодаанд.
Шавкат Мирзиёев ҳанӯз 1 марти соли 2019 дар як мулоқот дар шаҳри Намангон ифтитоҳи донишгоҳи президентӣ дар Тошкандро эълон кард.
Ёдовар мешавем, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ соли 2018 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” ифтитоҳ шуд.
Раҳмон дар Академияи Кембриҷ: ҷавононамонро барои донишгоҳҳои Кембриҷу Оксфорд омода созем
Мактаб барои 500 нафар пешбинӣ шуда, таълим дар он тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим забони англисӣ мебошад.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ректори Донишгоҳии давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов, Виктор Садовничий дар доираи дарҳои кушод, гуфт ҳамагирии коронавирус ба камшавии теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ боис нашуд.
Ба гуфти ӯ ба баста шудани марзҳо нигоҳ накарда, теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳисоби донишҷӯёне, ки тариқи фосилавӣ таҳсил мекунанд, кам нашуд.
Коршинос: чӣ гуна дар пандемия донишҷӯи хориҷӣ метавонад дипломро дар Русия дифоъ кунад
"Мо ҳатто дар чунин шароити экстрималӣ сатҳ ва теъдодро кам накардем", - гуфт Садовничий.
Феълан дар МГУ тақрибан 8 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ аз 75 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунад.
Сатторов гуфт, ки донишҷӯён аз Тоҷикистон кай ба Русия баргашта метавонанд
Наздики 30 дарсади донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои хориҷи наздик: Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Белорус мебошанд.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.
Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.
Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео
Манбаъ афзуд, маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.