Студенты на лекции

Баҳси Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо Вазорати маориф сари триместр

3782
(Таҷдидшуда 19:08 13.01.2021)
Ҳанӯз моҳи августи соли равон Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз вазорати маорифу илм хоста буд, ки сари қоидаву маболиғи триместр таҷдиди назар кунад. Ним сол мегузарад, аммо натиҷае нест

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Триместр, як марҳалаи монанд ба “тавонбахшӣ” ё реабилитатсияи донишҷӯён дар раванди таҳсил аст, ки аз сӯи қисми таълим ва садорати факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон ташкил мешавад.

Ин таъбир аз Низоми кредитии таълим берун омада, бо “Низомномаи ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон” (1 октябри соли 2018) ва “Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон” (аз 30 декабри соли 2016), ду санади тасдиқшуда аз сӯи мушовараи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон танзим мешавад.

Тибқи талаботи ин аснод, агар донишҷӯ дар як даври академӣ - ҷамъбасти давраи асосии сессияи имтиҳонӣ - на зиёда аз ду фанни ҳатмӣ баҳои “ғайриқаноатбахш”, ё аз рейтингҳои 1 ва 2 аз 25 хол кам гирифта, иҷозаи супоридани имтиҳони ниҳоиро надорад, ҳамзамон имтиҳонҳоро дар муҳлати як моҳ насупорида ва ё ба таври системанок (зиёда аз 25%) дарсшиканӣ карда бошад, ҳатман дар триместр таҳсил мекунад.

Ҳамзамон, бино ба ин санадҳо, гурӯҳҳое, ки дар триместр аз ин ё он фан дарс мегиранд, набояд аз 8 нафар кам бошанд. Дар акси ҳол, устодон барои аз худ кунонидани барномаи таълимии фан бояд тариқи мусоҳиба ва машғулиятҳои инфиродӣ ба донишҷӯ кӯмак кунанд.

Ҳамин тавр, бино ба ин аснод, музди омӯзгор дар триместр барои машғулиятҳои дарсӣ дар гурӯҳҳо ё дар шакли мусоҳиба ё машғулиятҳои инфиродӣ бо донишҷӯёни қарздор ба тариқи соатбайъ пардохт карда мешавад.

ММТ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд: киҳо аз пардохти хизматрасонӣ озоданд

Ин ҳам дар ҳолест, ки донишҷӯёни гуруҳҳои шартномавӣ пули таҳсилро пардохт мекунанд, аммо дар триместр ба машғулиятҳои такрории дарсии ин ё он фанни таълимӣ низ бояд барои ҳар як кредит маблағи иловагӣ пардохт намоянд.

Расман як соати академӣ 50 дақиқа ва як кредит – 24 соат муайян шудааст. Арзиши аслии як кредит, бино ба низомномаҳои мазкур, ҳосили тақсими ҳаҷми маблағи таҳсили солона ба миқдори кредитҳои пешбинишуда аст ва инро Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти миёна ё олии касбӣ тасдиқ мекунад.

Ба гунаи мисол, дар яке аз донишгоҳҳо як кредит 30 сомонӣ арзиш дорад. Агар донишҷӯ аз 5 фанни таълимӣ дар триместр ба таҳсил ва машғулиятҳои такрорӣ фаро гирифта шавад, як фанни таълимӣ ҳам 3 кредитро ташкил диҳад, ӯ фақат аз як фан 150 сомонӣ ва ҳама фанҳо 450 сомонӣ ба суратҳисоби муассисаи таълимӣ гузаронда, расид (квитансия) ҳам дошта бошад.

Баҳс сари чист?

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон тобистони соли гузашта дар нишасти матбуотии худ гуфта буд, ки ин раванд шаффофият надорад ва мавзӯъ бо мақомоти зидахл ба миён гузошта шудааст.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба масобаи мақомоти ваколатдори давлатӣ нархномаи хизматрасониҳои пулакии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро таҳлил ва иҷозаи онро содир мекунад. Ин идора пешниҳод карда буд, ки дар соли таҳсили 2020 - 2021 тартиби ҳисоб ва муайянсозии арзиши ҳар як кредит таҷдиди назар шавад.

Қабл аз ҳама, тавре дар боло зикр шуд, тибқи муқаррароти фаслҳои 17 – и низомномаҳои фавқуззикр, арзиши аслии як кредит ҳосили тақсими ҳаҷми маблағи таҳсили солона ба миқдори кредитҳои пешбинишуда ҳам барои шакли таҳсили ройгон ва ҳам пулакӣ яксон муайян ва аз сӯи Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти миёна ё олии касбӣ тасдиқ мешавад.

"Аз рӯи харҷнома (калкулятсия) арзиши аслии тайёр кардани як донишҷӯи гурӯҳҳои шартномавӣ аз маблағи шартномаи солонаи таҳсил ба ҳисоби миёна то 45 - 50 фоиз барои пардохти музди меҳнати омӯзгорон харҷ мешавад. Аз рӯи 100 фоиз ҳаҷми умумии маблағи шартномаи солона муайян намудани арзиши як кредит (маблағи триместр)  ва дохил намудани дигар хароҷот ба арзиши он, аз лиҳози иқтисодӣ нодуруст аст", - мегӯяд Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Ин идора мегӯяд, тибқи талаботи низомномаҳои фавқуззикр, гурӯҳҳое, ки ба машғулиятҳои дарсии ин ё он фанни таълимӣ дар триместр фаро гирифта мешаванд, бояд на кам аз 8 нафар бошанд ва дар чунин ҳол маблағе, ки бояд барои як кредит пардохт шавад, масалан, ҳамон 150 сомонӣ миёни 8 нафар тақсим мешавад, чун устод вақти муайяни худро барои 8 нафар харҷ мекунад.

"Ба ин далел ва ба хотири шаффофият дар татбиқи механизми мазкур Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши як кредит барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро аз рӯи ҳамин формула - «маблағи шартномаи солонаи ихтисоси дахлдор/микдори кредит барои ихтисоси дахлдор/8 нафар”, ки теъдоди камтарин барои ҳайати гурӯҳҳое, ки ба машгулиятҳои дарсии ин ё он фанни таьлимӣ фаро гирифта мешаванд (триместр), пешбинӣ мекунад. Дар натиҷа, арзиши як кредит ё маблағи триместр дар муқоиса ба соли таҳсили 2019-2020 чандин маротиба паст шуд", - гуфтанд дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Ба бовари Хадамот, татбиқи чунин тартиби ҳисоби арзиши як кредит сарбории иловагии молиявӣ ба донишҷӯёнро коҳиш дода, пардохти хизматрасониҳои пулакиро ба нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии аҳолӣ мутобиқ мекунад, бахусус дар шароити кунунӣ, ки “вируси корона” - COVID-19 дар ҷаҳон, на фақат саломатии инсонҳо, балки рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо ва даромадҳои аҳолиро омоч гирифтааст.

“Қонуну қоидаи ягона нест”

Бо гузашти 6 моҳ аз матраҳ шудани мавзуъ дар ин идора ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки сарвазир,  вазоратҳои адлия, молия, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, маориф ва илм, Палатаи ҳисоб, Академияи миллии илмхо, хатто Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Тоҷикистон ин пешниҳоди Хадамотро “ок” ё таъйид кардаанд ва аз сӯи ҳукумат супориш низ дар ин боб шудааст, аммо вазорати маориф ва илм ҳамоно “мавзӯъро таҳти баррасӣ дорад”. 

Дар ҳамин ҳол, Sputnik Тоҷикистон ин мавзуъро бо масъулин ва донишҷӯёни чанд донишгоҳу донишкадаи кишвар ба миён гузошт ва ҷузъиёти ҷолиберо ба даст овард. Дар ҳоле, ки низомномаҳо ба Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти миёна ё олии касбии донишгоҳу донишкадаҳо ҳаққи муайян кардани шароити триместрро додаанд, ҳар яке аз онҳо бо салоҳдиди худ амал мекунанд.

Ба гунаи мисол, дар яке аз факултаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳадди ақалли холҳоро 47 ва гуруҳро 12 нафар муайян кардаанд. Дар бархе донишгоҳҳо як маблағи дақиқро барои тамоми триместр таъйин намудаанд, зеро агар тибқи талаботи низомномаҳо кор кунанд, як маблағи ҳангуфте ва бар зарари донишҷӯён тамом мешавад. Соли гузашта ба далели пандемияи “вируси корона” Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳатто тамоми донишҷӯёни қарздорро бахшид.

Вазорат: донишҷӯён барои напардохтани пули таҳсил хориҷ намешаванд

Бархе донишҷӯён гуфтанд, пас аз пардохти қарзҳои худ ба триместр ё мустақим имтиҳонот роҳ ёфтаанд. Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳам мегӯяд, ин як раванди ношаффоф, бахусус дар қисмати харҷи маболиғи кредитҳои триместр аст ва бояд сари он таҷдиди назар сурат гирад. Аксари ҳамсҳбатони мо бар инанд, ки ё низоми ягона дар тамоми муассисаҳо роҳандозӣ ва ё ин низом аз байн бурда шавад. Дар кулл дар ин робита як бебандуборие ба назар мерасад, ки воқеан, ба баҳогузории воқеӣ ниёз дорад.

Дар ҳамин ҳол, талошҳои мо барои ба даст овардани шарҳи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон натиҷае надоданд. Ҳадди ақал аз ин вазорат ин суол посух мехоҳад, ки чаро супориши сарвазири кишвар то ба ҳол иҷро нашудааст?

3782
Барчаспҳо:
сарвазир, супориш, таҳсил, донишгоҳ, донишгоҳ, Тоҷикистон, Вазорати маориф
Две группы из Согда победили на международной олимпиаде роботехники

"Роботсозон" аз Суғд дар олимпиадаи байналмилалӣ "Шоҳҷоиза" гирифтанд

62
(Таҷдидшуда 19:15 26.01.2021)
Олимпиадаи байналмиллалии робототехникӣ WRO дар Тоҷикистон тайи ду сол аст, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лигаи роботҳои шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Чанд "роботсоз"-и наврас аз вилояти Суғд дар олимпиадаи робототехникӣ ширкат варзидаву "Шоҳҷоиза" гирифтанд. Дар ин бора дафтари матбуоти вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, чанде пеш дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи байналмилалии робототехникӣ WRO (World Robot Olimpiad) баргузор гардид.

"Дар қатори беш аз 10 даста аз шаҳри Душанбе дар даври ҷумҳуриявии озмун ду даста аз вилояти Суғд - дастаи маҳфили "Робототехникӣ" - и Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва Лигаи роботи шаҳри Хуҷанд низ иштирок намуданд", - менависад манбаъ.

Дар озмун дастаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар номинатсияи "Муҳандиси беҳтарини робототехникӣ"  ва дастаи Лигаи роботи шаҳри Хуҷанд дар номинатсияи "Амали беҳтарини дастаҷамъона" маҳорати баланд нишон дода, соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд.

Ба ғолибон диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва сертификати иштирокчии даври ҷумҳуриявии озмун тақдим карда шуд.

Ихтироъи роботе, ки 5 ҳазор намуди ғизо мепазаду коса мешӯяд - видео

Олимпиадаи байналмиллалии робототехникӣ WRO дар Тоҷикистон тайи ду сол аст, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лигаи роботҳои шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор мегардад. Ҳадафи ташкили озмун рушди малакаи техникии насли наврас, дарёфти кӯдакони болаёқат ва ҷалби бештари кӯдакон ва наврасон ба ихтироъкориву навоварӣ мебошад.

Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун метавонанд дар озмуни байналмилалӣ ширкат варзанд.

62
Барчаспҳо:
озмун, робот, Суғд
Открытие нового здания факультета политики и государственного управления Государственного университета Бохтара

Стипендияи донишҷӯёну магистрон ва аспирантону доктарантҳо зиёд мешавад

498
(Таҷдидшуда 14:23 26.01.2021)
Сар аз соли таҳсили оянд стипендияи донишҷӯёну магистрон ва аспирантону доктарантҳои тамоми муассисаҳои кишвар ба андозаи 30% зиёд карда шавад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Пешниҳоди боло бурдани стипендияи донишҷӯёну магистрон ва аспирантону доктарантҳо имрӯз зимни ироаи паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон садо дод.

Бо дастури раисиҷумҳури кишвар ҳамакнун, дар соли таҳсили 2021- 2022 ин тасмим амалӣ мешавад.

Таъсиис ниҳоди нав дар Тоҷикистон бо дастури Эмомалӣ Раҳмон

Президент, ҳамзамон зимни ироаи паём ба масъалаи сафарбарнамоии омӯзгорону унвонҷӯён ҷиҳати табодули таҷриба дахолат намуда, иброз дошт, ки тибқи маълумот ҳар сол аз институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар то 500 нафар омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва доктарантура ба хориҷа сафарбар карда мешаванд.

Раисиҷумҳур гуфт, ин нишондиҳанда ҳанӯз кам аст ва бояд он зиёдтар карда шавад. 

Бурсия, грант ва стипендия: донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия чӣ хоҳанд гирифт

Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳодҳои марбута дастур дод, барои бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои риёзӣ ва табиӣ Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030 – ро таҳия карда, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.

498
Барчаспҳо:
зиёд шудан, Тоҷикистон, донишҷӯён, стипендия
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

172
(Таҷдидшуда 23:31 26.01.2021)
Дар суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон маъмулан нуктаҳои ҷолиб аз матни сомонааш ва ё пахши такрории телевизионҳои расмӣ ҳазф мешаванд. Ҳол он ки маҳз дар ҳошияравиҳои ӯ аз матн гуфтаниҳо, балки ногуфтаниҳои ӯ садо медиҳанд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар ин ҳошияравиҳо эҳсоси шодиву ғам ва хашму нигарониҳояшро баён медорад, аммо ба назар мерасид, ки дар Паёми имсолаи ӯ бештар аз ҳама изтироби худро аз ояндаи кишвараш бештар ба намоиш гузошт. Sputnik Тоҷикистон ба бархе аз муҳимтарини нуктаҳои ҷолиби Паёми ӯ пардохт. 

Раҳмон нахуст як “нуктаи нозук ва муҳим” – ро дар бораи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон баён кард. Вай гуфт, соли 2020 дар пайи пандемияи “вируси корона” 80% - и муҳоҷирин натавонистанд аз Тоҷикистон хориҷ шаванд.

“Ман ба шумо нуктаи нозук ва муҳимро расониданӣ ҳастам. Аз 460 ҳазор нафаре, ки мерафтанд, фақат 111 ҳазор муваффақ шуданд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро бо кори доимӣ таъмин кунем", - гуфт президент.

“Қарз намедиҳанд!”

Раҳмон як роҳи ҷалби сармояи мустақими хориҷиро гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аудити молиявӣ унвон карда, афзуд, тамоми ширкат, муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо фақат ҳамин роҳро доранд, агар на, ягон институти байнулмилалии молиявӣ, ягон сармоягузор ба ягон кас қарз ҳам намедиҳад ва сармоягузорӣ ҳам намекунад.

“Ҳатман бояд муайян кунем, ки аз чанд миллион боло (аз аудит гузаранд). Қарорро бояд қабл кард. Сарфи назар аз он ки кадом мақомоти давлатӣ ё ширкати хусусӣ, ҳар чӣ набошад, (гардиши корхона ё муассиса) як миллион аст, ду ё се миллион аст, бояд ҳатмӣ аз аудит гузарад. Инро бояд ҳукумат муайян кунад. На ҳама ба ин розӣ аст, ҳатто сохторҳои мақомоти давлатӣ. Ин шаффофияти иқтисодиро муайян мекунад. Ҳам дар соҳибкорӣ ва ҳам сохторҳои мақомоти давлатӣ”, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Авфи дуюм

Тоҷикистон дар таърихи 30 соли истиқлолаш фақат як бор авфи маболиғ ва дороиҳоро соли 2007 гузаронда буд. Имсол низ Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти зидахл хост, ки заминаи баргузории як авфи дигарро фароҳам созад. Вай гуфт, мо мебинем, ки ҳатто кишварҳои абарқудрат дар ин 30 сол қариб 10 – 15 маротиба гузарониданд.

“Такрор мекунам, ҳатто кишварҳои абарқудрат. Чанд сол пайиҳам. Шароитро мо мебинем, ки дар ҷомиаи ҷаҳонӣ чӣ гап аст”, - гуфт ӯ.

“Страховка”

Президенти Тоҷикистон аз мақомоти зидахл хост, ки ҳар чӣ зуд як санад барои маҳдуд намудани санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкоронро то моҳи март таҳия кунанд. Вай гуфт, бахши хусусӣ ҳоло дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) беш аз 70, таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ - 68 ва даромадҳои андозӣ ба буҷет - 80 фоиз саҳм дорад.

Раҳмон аз хоинону нақшаҳояшон гуфт: мехоҳанд фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил кунанд

“Ба пешвози 30 – солагии Истиқлолият 18 ҳазору 300, дар маҷмуъ 25 ҳазор иншоотро имсол бояд сохта, ба истифода диҳем. Ин аз ҳисоби кӣ аст? Аз буҷети давлат? Не. Ана ҳамин ҳисса ё саҳми соҳибкорон аст. Аксарияташ. Аммо дар вақти қабул кардани қонуну қарорҳо дар бисёр ҳолатҳо манфиатҳои назоративу хатарнокиву эҳтимолияти иҷро нашудани нақшаро пеш оварда, кӯшиш мекунем, ки монеаи сунъӣ эҷод кунем. Худамонро “страховка” мекунем дар назди ҳукумат, роҳбари давлат. Аммо дар назди мардум чӣ? Вақте рӯи дастурхони мардум нон пайдо нест, кӣ ҷавоб медиҳад?”, - гуфт президенти Тоҷикистон.

Ҳис мекунед?

Президенти Тоҷикистон аз аҳли толор пурсид, ки дар ин сардиву барф ҳис мекунанд, ки чаро роҳҳои асосии байни вилоятҳои бузург ин зимистон баста нашуд? Вай дар посухи суоли худ гуфт, роҳҳо бунёд ва таъмиру нигаҳдории онҳо сол ба сол хубтару беҳтар шудаанд, мардум баҳору зимистон рафтуомад ва тиҷорати дохилӣ густариш пайдо мекунад.

“Ҳис мекунед? Талафоти одамон ҳам кам. Акнун вақте расидааст, ки роҳҳои дохилии байни ноҳияҳо, ҷамоатҳо, байни шаҳрҳо, худи деҳаҳо, шаҳраку маҳалҳои зист бояд хубтару беҳтар шавад. Як сол аст, ду сол аст, бояд кунем. Ман боварии комил дорам, ки агар ташаббус дар дасти вакилони муҳтарам, аъзои ҳукумат ва хизматчиёни давлатӣ, умуман ташкилотчӣ бошад, мардуми мо хуб дастгирӣ мекунад. Барои хубтару беҳтар кардани шароити зисти худаш. Ҳамаро набояд ба буҷет ҳавола кард”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Мешудааст – ку!

Раҳмон аз онҳое, ки ҳамоно банди иқтисоди нақшаӣ ҳастанд, ёдовар шуда, гуфт, роҳи аз ҳама хуби кӯмак ба кишоварзӣ фароҳам кардани имтиёз ва шароит ба соҳибкорон, тоҷирон, хоҷагиҳои деҳқонӣ аст.

“Дар Тоҷикистон 2 сол пеш 60 ҳазор тонна гӯшти мурғ ворид мешуд. Қариб 50 миллион доллар – валюта (арз) -и мо ба берун мерафт. Соли 2017 мо дар дохил ҳамагӣ 2 -3 ҳазор тон истеҳсол мекардем, вақте имтиёзҳо додем, зарфи ду сол истеҳсоли гӯшти парранда ба 30 ҳазор тон расид. Боварӣ дорам, ду сол баъд воридоти он аз байн меравад”, - гуфт ӯ.

Президенти Тоҷикистон гуфт, дар замони Шӯравӣ ба Тоҷикистон аз берун дар як сол то 180 ҳазор тона картошка ва 140 ҳазор тон маҳсулоти гӯштӣ ворид мешуд, аммо соли 2020 ҳамагӣ 180 тон картошка ворид шудааст.

“Пурсида мешавад, аз ҳисоби чӣ таъмин шуд? Проблема дар Тоҷикистон дар боби истеъмоли гӯшт ҳаст? Раҳмат бар падару модари мардуми Тоҷикистон, ки ташаббуси моро дар бораи амалӣ намудани Қонун дар бораи танзими расму оинҳо дастгирӣ карданд. Ду баробар саршумори чорво сарфа шуда, зиёд гардид. Ҳам маҳсулоти ширӣ, ҳам маҳсулоти гӯштӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст”, - гуфт ӯ.

Раҳмон ба амнияти саломатии мардум ишора карда, гуфт, гӯшти мурғу гӯштҳои дигар гуфта, баъзан маҳсулоти бесифати мӯҳлаташон гузаштаро бо ҳар роҳ меоварданд. Вай афзуд, имтиёзҳо моҳипарвариро низ такон доданд.

“Ё тухм аз дигар ҷо меоварданд, хандаовар аст, бародарон! Ман ҳатто гуфта будам дар маҷлисҳои ҳукумат ба мову шумо. Мешудааст-ку. Кори намешудагӣ дар дунё нест. Фақат завқ, масъулияти баланд доштанамон даркор. Мо зиёда аз 1 миллион тонна картошка истеҳсол кардем. Ду – се маротиба зиёд деҳқони тоҷик картошка истеҳсол мекунад. Дар як сол!”, - гуфт президент.

Вай афзуд, барномаи боғу токпарварӣ дар талу теппаҳоро, ки ҳукумати Тоҷикистон рӯи даст гирифт, ҳатто дар хориҷа масхара шуд.

“Ҳатто баъзе сиёсатмадорон дар Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар паси ман гап мезаданд, ки “Раҳмон кори дигар надорад, ки дар талу теппаву кӯҳ боғдорӣ мекунад, хандаовар аст”. Хандаовар нест. Натиҷаашро мо дида истодаем. Аз Душанбе то Кӯлоб равед, ҳамин рӯз дар ҳамин сардиву хунукӣ, бинед, дар ду тарафи роҳ ғайри бозорҳо чӣ қадар ҳазорҳо тон меваву сабзавоти бениҳоят сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тозаро деҳқонон ба мардум пешкаш карда истодаанд. Натиҷаи чӣ аст? Мо ҳам давраи Шӯравӣ рафта, меомадем. Ягон бало набуд. Бисёриҳо шоҳид ҳастед. Ин ҳама натиҷаи ҳамин қарорҳо ва заҳмати деҳқонони мамлакат аст. Агар шикамамон сер намебуд, дар ин толор омада, паёми роҳбари давлатро гӯш намекардем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

“Ҳоло айни вақт аст...”

Президенти Тоҷикистон гуфт, хабар аз хатару пешгӯиҳое, ки коршиносони сатҳи байнулмилалӣ мекунанд, ба ҳозирини толор ва мардуми Тоҷикистон мерасонад. Ӯ ҳамзамон ин суолро матраҳ кард: соли 2021 чӣ моро интизор аст?

“Агар дар ёд дошта бошед, моҳи апрели соли 2020 дар муроҷиате, ки ман ба шаҳрвандони мамлакат кардам, дар бораи таҳдиду хатарҳое, ки дар фасли тирамоҳу зимистони имсолу соли оянда дар камин нишастаанд ва ҳатто хатари гуруснагӣ, болоравии нархҳо дар дунё, ки ба камчинии маҳсулоти ғизоӣ оварда мерасонад, гуфта будам. Ана ҳамонҳо омада расид. Тибқи таҳлили коршиносони созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ, аз ҷумла муовини дабири кулли СММ, соли равон дар масъалаи озуқаворӣ яке аз солҳои вазнин ва ҳалокатбор тайи 100 соли ахир мегардад. Ин сухани ман нест, аз муовини дабири кулли СММ дар умури озуқаворӣ аст”, - гуфт Раҳмон.

Вай аз бесобиқагии гармшавии иқлим дар соли 2020 дар таърихи инсоният гуфта, афзуд, гармову хушксолӣ ва камобии соли гузашта дар кишвари мо аз оғози собҳибистиқлолӣ бори якум ба қайд гирифта шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз барқароршавии парвозҳо гуфт

“Чӣ моро интизор аст дар ин сол? Ман бори дигар ин фурсатро истифода бурда, ба мардуми Тоҷикистон, шумо – аъзои ҳукумат, вакилони мардумӣ изҳор мекунам, ки корро ҷиддӣ гирем. Ҳоло вақт аст. Ҳоло айни вақт аст”, - гуфт ӯ.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон”

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар замони соҳибистиқлолӣ барои 1 миллиону 350 ҳазор хонавода 135 ҳазор гектар заминро тақсим карда дод, то хона ё мавзеъи истиқоматӣ созанд, дар ҳоле ки дар 75 соли шӯравӣ ба аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 73 ҳазор гектар замин ҷудо шуда буд.

“Ана акнун ҳисоб кунед, ки чӣ қадар замин дар дасти мардум аст. Мо ҳисоб кардем, ки ҳудуди 230 – 40 ҳазор гектар замин. Агар 50% - и он барои хонаву дигар сохтмон бошад, 50% - и дигар, ҳудуди 115 ҳазор гектар барои замини кишт. Мардум аз замини наздиҳавлигӣ метавонад садҳо сентнер ҳосил гирад”, - гуфт президент.

Ӯ аз сафарҳояш ба шаҳру навоҳӣ ва дидораш бо деҳқонон мисол овард, ки бархе меҳнат мекунанд, роҳаташро мебинанд ва аз оне гуфт, ки аз 17 – 18 сотих дар як сол 36 тон маҳсулот гирифта, зиндагиашро пеш мебарад ва бо ҳама чӣ таъмин асту муҳтоҷ ба касе нест.

“Барои ҳамин ҳам, деҳқонони арҷманди мо, ман шуморо дастгирӣ мекунам, шумо муроҷиатҳои маро ҷиддӣ гирифта, меҳнат кунед, ба умеди ҳеҷ кас нашавед. Худои таоло гуфтааст, ки аз ту ҳаракат, аз ман баракат. Агар ба пушт зада, дастурхонро партоӣ, аммо дар замин дона напартоӣ, каланд назанӣ, дар он дастурхон чизе пайдо намешавад. Ҳамин сол кардед, натиҷаашро дидед. Оне, ки заҳмат мекашад, муҳтоҷи касе нест. Дар сардиву гармӣ дар дастурхони фарзандонаш фаровонист”, - гуфт президент.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, соли 2021 бисёр соли вазнин мешавад, махсусан, дар самти таъмини маводи ғизоӣ ва ҳукумату мақомоти зидахл бояд ба ҳама кӯмак кунанд.

“Аввали пайдоиши пандемияи COVID 19 воҳима (паника) ҳатто дар байни давлатҳои абарқудрат буд. Чӣ кор карданд? Сарҳадҳои худро бастанд. Содироту воридотро манъ карданд. Баъзеаш транзитро манъ кард. Баъд чӣ мешавад? Мо бештари маҳсулот – 60%-ро аз берун меорем. Агар (марзҳо) маҳкам бошад чӣ? Чӣ кор мекунем? Куҷо меравем?”, - гуфт ӯ.

Вай пешниҳод кард, ки тамоми кишоварзони кишвар соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд, ки бино ба иттилои ӯ, ҳудуди 200 миллион сомониро ташкил медиҳад ва ҳукумати кишвар барои пӯшонидани ин манбаи андоз чораҷӯӣ менамояд.

“Агар дар ёд дошта бошед, ман як андешаро 12 сол пеш баён карда будам, ки бисёриҳо онро шояд ҳазл қабул карданд. Баъзе сиёсатмадорон ҳатто аз ман пурсиданд, чаро Эмомалӣ Шарипович, Шумо ин чиро гуфтед? Ман мардуми Тоҷикистонро даъват карда будем, ки кӯшиш кунед, ҳар як хонавода захираи дусола дошта бошад. Ба ёд доред? Ба ҳамон рӯз омадем. Ин бадбахтиро бинед! Шукрона, ки он бадбахтие, ки бархе кишварҳои Аврупо расидаанд, мо ба он нарасидем. Парвардигоро, ба мардуми тоҷик илоҳо нарасад. Аммо кӣ кафолат дода метавонад? Кӣ? Кӣ киро кӯмак мекунад? Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Як ваксинаро бинед, сиёсӣ карданд дар дунё”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охири суханронии худ президенти Тоҷикистон мардумро ба ваҳдату бародарӣ хонд ва гуфт, барои ҳамин ҳам ман гаштаю баргашта таъкид мекунад, ки мо бояд бунёд кунем, созем, руҳафтода нашавем.

Стипендияи донишҷӯёну магистрон ва аспирантону доктарантҳо зиёд мешавад

“Ман ишора кардам, ки бобову бобокалони мо, аждодони мо кӣ буданд, чӣ мерос гузоштанд, тамаддунсоз буданд, тамаддунофар буданд. Чӣ мову шумо карда наметавонем? Мову Шумо идома дода наметавонем?”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

172
Барчаспҳо:
озуқаворӣ, хатар, сармоя, буҳрон, рушд, иқтисод, парлумон, паёми раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон