Азизбек Зумратов - учитель химии лицея №3 для одаренных школьников г. Душанбе

Дар Душанбе ғолиби озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020" муайян шуд

509
(Таҷдидшуда 13:00 14.01.2021)
Дар Тоҷикистон ғолиби озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020" муайян шуд. Давоми 3 рӯз донишу малакаи довталабон аз рӯйи 7 шарт санҷида шуд.

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Муаллими фанни химияи Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Азизбек Зумратов ғолиби озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020" дониста шуд, хабар медиҳад Вазорати маорифи Тоҷикистон.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф давоми 3 рӯз донишу малакаи довталабон аз рӯйи 7 шарт санҷида шуд.

Раиси ҳайати ҳакамони озмун Манзура Мадатзода изҳор дошт, ки тибқи талаботи низомнома, доварон маҳорату малака ва донишу ҷаҳонбинии  ҳар довталабро таҳлил намуда, баҳо гузоштанд. Дар баробари ин, иҷрои талаботи ҳар шарт миёни иштирокдорон муҳокима гардида,  андешаи онҳо низ аз тарафи ҳайати ҳакамон ба инобат гирифта шуд.

"Ҷойи дуюмро омӯзгори фанни биологияи муассисаи таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Ҷалолова, ҷойи сеюмро  омӯзгори фанни географияи Мактаби президентӣ дар шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода ва омӯзгори забони англисии литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ Сайлӣ Наврӯзбекова ба даст оварданд", - омадааст дар хабарнома.

Омӯзгорони пирӯз бо туҳфаҳои кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин омӯзгори забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Шаҳринав, Тоҳирҷон Холиқов барои иштироки фаъолона дар озмун бо Ифтихорномаи Вазорати маориф қадрдонӣ гардид.

Шогирд ба устод ниёз дорад: норасоии омӯзгорон дар ҶТ

Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода  иброз дошт, ки Вазорати маориф ҳамеша омода аст омӯзгорони пешқадаму навовар ва эҷодкорро дастгирӣ ва меҳнати онҳоро қадрдонӣ намояд. Озмун имкон дод, ки иштирокдорон таҷрибаи педагогии худро муаррифӣ намуда, дар дарсҳо маҳорату малакаи хешро нишон диҳанд.

Мавсуф зикр кард, ки вобаста ба истифодаи роҳу усулҳои муосири таълим дар рӯзнома ва маҷаллаҳои соҳавӣ мақолаҳо ба табъ расонанд ва ба ин васила, дар беҳтар гардонидани сифати таҳсил, баланд бардоштани дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллию умумибашарӣ саҳми босазо гузоранд.

509
Барчаспҳо:
ғолиб, Вазорати маориф, "Муаллими сол", Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон дар "Шаҳраки донишҷӯён" хобгоҳ ва бинои нав ифтитоҳ кард

1181
(Таҷдидшуда 13:10 22.01.2021)
Кишвардори Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе дар "Шаҳраки донишҷӯён" бинои нави факултаи иқтисод ва молияро мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Имрӯз бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон бинои нави факултаи иқтисод ва молия ва ҳамчунин хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯён мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 5048 нафар пешбинӣ шудааст.

Раҳмон дар Балҷувон аз бинои Хадамоти муҳоҷират то хобгоҳ ва боғчаи кудакон ифтитоҳ кард

Иншооти мазкур аз ду қисми 7-ошёнагӣ иборат буда, дар он факултети молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ҷойгир мебошад.

Таъкид гардидааст, ки бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати сохтмонии ватанӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди "Азизӣ-сохтмон" бо тарҳи наву замонавӣ сохта шудааст.

Раҳмон гуфт, дар панҷ сол ҳоҷати воридот намемонад: ифтитоҳи корхонаи санги хорову мармар

Аснои шиносоӣ роҳбари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бино, ки аз ҷониби мутахассисони ватанӣ анҷом дода шудааст, баҳои баланд дод.

Раисҷумҳур пас аз ифтитоҳи иншоот аз устодон ва кормандони соҳаи илму маориф талаб намуд, ки дар самти тарбия намудани ҷавонони худогоҳу худшинос ва мутахассисони варзидаи талаботи бозори меҳнат бештар таваҷҷуҳ намоянд.

1181
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, бино, хобгоҳ, Рустами Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон
Школьный класс новой средней школы № 102 в Шохмансурском районе

Ҷопон барои сохтмони ду мактаб дар Тоҷикистон пул ҷудо кард

134
(Таҷдидшуда 17:33 21.01.2021)
Сафири Ҷопон дар Душанбе эълом кард, бо кумаки молии давлати Токио ду мактаб бо ҳазинаи ду миллион сомонӣ дар Тоҷикистон сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Tакаюки Миясита дар маросими имзои ин созишнома гуфтааст, ки то кунун бо кумаки ройгони Ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон 50 мактаб сохта шуда, ин барнома идома хоҳад дошт, иттилоъ додааст сафорати Ҷопон дар Душанбе.

“Ду мактаби ҷадид дар ноҳияҳои Турсунзода ва Файзобод ҳар як бо ҳазинаи 1 миллион сомонии ройгони ҳукумати Ҷопон сохта ва таҷҳиз хоҳад шуд. Мо талош мекунем, ки ин ду мактаб бо таҷҳизоти пешрафтаи омӯзишӣ таъмин шаванд то донишомӯзони тоҷик битавонанд дар шароити матлуб улуми рӯзро фарогиранд”, - гуфт Tакаюки Миясита.

Ҳамзамон сафири Ҷопон таъкид доштааст, ки кишвараш дар чорчӯби ин барнома бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамкории наздик дорад.

Гуфта мешавад аз соли 1996 ҳукумати Ҷопон барои иҷроӣ 421 тарҳи иҷтимоӣ ва омӯзишӣ дар Тоҷикистон 34 доллар кумаки ройгон ихтисос додааст.

134
Барчаспҳо:
пул, сохтмон, мактаб, Ҷопон, Тоҷикистон
Бокс, архивное фото

Воҳидов камарбанди WBO-ро гирифт: набарди дидании муштзани шикастнадидаи тоҷик-видео

0
(Таҷдидшуда 00:27 24.01.2021)
Асрор Воҳидов, муштзани шикастнадидаи тоҷик, дар мусобиқаи байналмиллалии “RCC Boxing Promotions” камарбанди WBO (Созмони ҷаҳонии бокс)-ро соҳиб гашт

ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Ин рақобати нуҳуми Воҳидов буд, ки бидуни шикаст поён ёфт.

Мусобиқот шоми имрӯз дар шаҳи Екатеринбург баргузор гардида, Воҳид Асроров намояндаи Африқои Ҷанубӣ Тато Бонокоанеро шикаст дод.

Мавриди зикр аст, ки рақобат барои ҳарду варзишкор шадид оғоз шуд, аммо Воҳидов майдондориро аз даст намедод ва ин буд, ки пас аз зарбаҳои шадиди пайиҳам ҳарифашро дар даври 9-ум нокаут кард.

Гуфта мешавад, ин рақобат барои Воҳидов зарурӣ буд, зеро он барои камарбанди WBO Oriental баргузор шуда буд.

Видеои муштзании Воҳидови шикастнадида бо “Ракета”-и қазоқ: пирӯзӣ баъди нокдаун-навор

Ҳамакнун Воҳидови 26-сола дар 9 сабқати касбӣ 9 пирӯзӣ ба даст овард.

Асрор Воҳидов 20 октябри соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст. Варзишгар дар вазнҳои то 52 кг ва то 56 кг баромад мекунад.

0