ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ҳайати нави мушовараи Вазорати маориф ва илмро тасдиқ кард.
Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо кард, Шоҳиён Нуралӣ Набот узви ҳайати мушовараи Вазорати маориф шудааст.
Шоҳиён аз соли 2016 то ҳол ректори Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад. Ӯ соли 1959 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии Киев мебошад. Бар асоси ҳолномаи расмияш, ки дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Данғара нашр шудааст, ӯ забонҳои русӣ ва украиниро бо луғат медонад.
Тибқи тасмими Ҳукумат Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович аз ҳайати мушовараи Вазорати маориф хориҷ карда шудааст.
Ҳамидуллохон Фақеров охири соли гузашта аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод шуда, ба ҷои ӯ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори долнишгоҳи мазкур таъйин гардида буд. Далели барканории Фақеров гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шуда буд.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳ, парвандаи ҷиноятии Раҷабов Абдукарим Маҳмадшарифович бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди шаҳри Бохтар ворид шуда, тафтишоти судӣ муаян кард, ки номбурда бар хилофи талаботи моддаҳои 41 ва 46-и қонунгузорӣ "дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" амал намудаааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии асоси нуҳсолаи фарзанди ноболиғаш Раҷабова Майрамби Абдукаримовнаи 16-сола, ки то синфи 8-ум дар мактаби №42-и шаҳри Кулоб таҳсил карда, минбаъд давоми таҳсилоташро дар муасисаи миёнаи умумии №7-и шаҳри Бохтар идома дода, ба синфи 9-ум гузаштааст, монеъ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Раҷабов далели ин корашро паст будани шароити зиндагиаш унвон кардааст.
Гуфта мешавад, Раҷабов Абдукарим аз 17 авагусти соли 2020 то инҷониб нагузоштааст, ки духтараш таҳсилоти ҳатмии асосии нуҳсоларо идома диҳад, ки дар натиҷа номбурда аз гирифтани таҳсилот то айни замон дур монда, соли хониши 2020-2021 умуман таҳсил накардааст.
Шароит надоранд, ё қонунро намедонанд? 30 парванда алайҳи волидон дар Суғд
Додгоҳ барои чунин амалкард Раҷабов Абдукарим Маҳмадшарифовичро дар содир кардани ҷинояти бо моддаи 164-и қонунгузорӣ гунаҳгор дониста, бо дастрасии моддаи 63-и КҶ Тоҷикистон ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 9000 сомонӣ ҷарима бастааст.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар шимоли кишвар низ барои чунин ҳолатҳо даҳҳо парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба волидайни ноболиғон кушода шуда буд.
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Каримзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои бунёди мактаби муосири русӣ дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд қитъаи замин ҷудо шудааст.
Ӯ афзуд, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ шурӯъ мешавад.
“Ҳоло ҳамаи корҳои ободонӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин ва ҳуҷҷатгузориҳо омода шудааст ва рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд”, - гуфт Каримзода.
Вазир: дар кишвар норасоии омӯзгорони забони русиву англисӣ вуҷуд дорад
Cохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳр - Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дар назар аст.
Осим Каримзода мегӯяд, мактабҳое, ки аз ҷониби Федератсияи Русия бунёд мешаванд, дорои шароити комили таълимӣ буда, барои хонандагону омӯзгорон сохтмони хобгоҳ ҳам дар назар аст.
Манбаъ афзуд, интизор меравад, ки дар ин макотиб омӯзгорон аз Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба кор гирифта мешаванд. Хонандагон аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар тибқи озмун қабул карда мешаванд.
ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат ҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст ва рӯзҳои 6 ва 7 март дар саросари кишвар борон ва жола меборад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияҳои атрофи он борон меборад. Вазиши бод амол метавонад дар як сония то 10-15 метр расад.
Ҳарорати ҳаво шабона 6-8 ° C ва рӯзона аз + 14 ° C гарм мешавад.
Ҳамзамон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ жола борида ва шамоли сахт аз имкон дур нест. Бориш метавонад дар шакли барф бошад ва ҳарорат дар кӯҳҳо шабона -2 ... + 3 ° C ва рӯзона 6-11 ° C шавад.
Дар Душанбе дар рӯзи Модарон ҳаво абрӣ хоҳад буд, аммо аксаран офтобӣ ва аз ҳама муҳимаш, бориш намешавад. Ҳарорати рӯзона тақрибан 17 ° C гарм мешавад. Ва дар ноҳияҳои тобеи марказ дар баъзе ҷойҳо меғ мефарояд, вале бидуни боришот.
Дар вилояти Суғд, дар Хуҷанд, 7 март борон меборад, дар кӯҳҳо барф меборад, аммо 8 март ҳаво камабри бебориш мешавад.
Дар баъзе ҷойҳо дар шимоли кишвар туман мефарояд, ҳаврорати ҳаво рӯзона 13-15 ° C ва шабона + 3-8 ° C хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 ° C сард ва рӯзона то 4 ° C гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои истироҳат баъзан боришот мешавад - борон ва барф меборад. Ҳарорат шабона то -2 ° C, рӯзона тақрибан 6 ° C гарм пешбинӣ шудааст.
Рӯзи душанбе - 8 март дар Хоруғ бориш дар назар нест, рӯзона 4-6 гарм мешавад. Дар Мурғоб шабона то 18-21 ° С сард пешгӯӣ мешавад.
Дар ҷануби ҷумҳурӣ, дар саросари вилояти Хатлон, борони шадид меборад, аммо то + 11-13 ° С гарм ва дар рӯзҳои истироҳат ҳарорат боз 10 дараҷа боло хоҳад рафт.