Встреча Посла Таджикистана с Министром образования и науки Украины

Назризода бо вазири Украина густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

61
(Таҷдидшуда 16:38 27.01.2021)
Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Киев бо Сергей Шкарлет, вазири маориф ва илми Украина густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мулоқоти Назризода бо Шкарлет ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду ҷониб дар соҳаи илму маориф ва роҳҳои густариши он баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо инчунин Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украинаро оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ кардаанд. Омодагӣ барои баргузории ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматӣ, ки соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, аз мавзӯъҳои дигари меҳварии ин мулоқот будааст.

Назризода ва Шкарлет имкони ташкили ҷашнвораҳои донишҷӯён ва баргузории ярмаркаҳо бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимоти олии Украина дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд, то имкониятҳои маорифи Украина муаррифӣ шаванд.

Баргузории ин мулоқот дар ҳолест, ки Назризода моҳи қабл ба ҳайси сафири нави Тоҷикистон эътимодномаашро ба президенти Украина, Владимир Зеленский супурд. Дар маросими супоридани эътимоднома ҷонибҳо хостори густариши ҳамкориҳо шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тирамоҳи соли гузашта Холбобоев Файзулло Самадовичро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод карда, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдарро, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин намуд.

61
Барчаспҳо:
густариш, ҳамкорӣ, Тоҷикистон
Молоток судьи, архивное фото

Ҷаримаи падаре, ки нагузошт духтараш таҳсил кунад: гуфтааст, шароит надорад

301
(Таҷдидшуда 17:26 02.03.2021)
Додгоҳи шаҳри Бохтар ҳукми падареро, ки барои таҳсили духтараш монеа эҷод мекард, содир кардааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳ, парвандаи ҷиноятии Раҷабов Абдукарим Маҳмадшарифович бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди шаҳри Бохтар ворид шуда, тафтишоти судӣ муаян кард, ки номбурда бар хилофи талаботи моддаҳои 41 ва 46-и қонунгузорӣ "дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" амал намудаааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии асоси нуҳсолаи фарзанди ноболиғаш Раҷабова Майрамби Абдукаримовнаи 16-сола, ки то синфи 8-ум дар мактаби №42-и шаҳри Кулоб таҳсил карда, минбаъд давоми таҳсилоташро дар муасисаи миёнаи умумии №7-и шаҳри Бохтар идома дода, ба синфи 9-ум гузаштааст, монеъ шудааст.

Манбаъ мегӯяд, Раҷабов далели ин корашро паст будани шароити зиндагиаш унвон кардааст.

Гуфта мешавад, Раҷабов Абдукарим  аз 17 авагусти соли 2020 то инҷониб нагузоштааст, ки духтараш  таҳсилоти ҳатмии асосии нуҳсоларо идома диҳад, ки дар натиҷа номбурда аз гирифтани таҳсилот то айни замон дур  монда, соли хониши 2020-2021 умуман таҳсил накардааст.

Шароит надоранд, ё қонунро намедонанд? 30 парванда алайҳи волидон дар Суғд

Додгоҳ барои чунин амалкард Раҷабов Абдукарим Маҳмадшарифовичро дар содир кардани ҷинояти бо моддаи  164-и қонунгузорӣ гунаҳгор дониста, бо дастрасии моддаи 63-и КҶ Тоҷикистон ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 9000 сомонӣ ҷарима бастааст.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар шимоли кишвар низ барои чунин ҳолатҳо даҳҳо парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба волидайни ноболиғон кушода шуда буд.

301
Барчаспҳо:
таҳсил, фарзанд, ҷарима, падар, парванда, Додгоҳ
Осим Каримзода, сардори Идораи маорифи вилояти Суғд

Русия дар Хуҷанд мактаб месозад: қабули талабаҳо тариқи озмун мешавад

636
(Таҷдидшуда 12:22 24.02.2021)
Осим Каримзода, сардори Идораи маорифи вилояти Суғд, мегӯяд, сохтмони мактаби муосир аз ҷониби Русия дар шаҳри Хуҷанд ба наздикӣ оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Каримзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои бунёди мактаби муосири русӣ дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд қитъаи замин ҷудо шудааст.

Ӯ афзуд, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ шурӯъ мешавад.

“Ҳоло ҳамаи корҳои ободонӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин ва ҳуҷҷатгузориҳо омода шудааст ва рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд”, - гуфт Каримзода.

Вазир: дар кишвар норасоии омӯзгорони забони русиву англисӣ вуҷуд дорад

Cохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳр - Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дар назар аст.

Осим Каримзода мегӯяд, мактабҳое, ки аз ҷониби Федератсияи Русия бунёд мешаванд,  дорои шароити комили таълимӣ буда, барои хонандагону омӯзгорон сохтмони хобгоҳ ҳам дар назар аст.

Манбаъ афзуд, интизор меравад, ки дар ин макотиб омӯзгорон аз Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба кор гирифта мешаванд. Хонандагон аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар тибқи озмун қабул карда мешаванд.

636
Барчаспҳо:
мактаб, Тоҷикистон
Мужчина плачет, архивное фото

Барои рафтан ба Латвия раводид мекунам гуфт: боздошти сокини пойтахт барои қаллобӣ

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини пойтахт хабар медиҳад, ки дар қаллобӣ меттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 9 мар – Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, марди 34-солаи сокини пойтахт дар пайи аризаи шикоятии сокини дигари 32-солаи пойтахт боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, марди 32-сола 18-уми декабри соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи дигари пойтахт даромада, барои гирифтани раводиди корт ба давлати Латвия аз ӯ 33 ҳазору 600 сомонӣ гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, на раводит гирифтаасут на маблағашро барнагардонидааст.

Қаллобӣ бо кӯмаки собиқ раиси идораи замин: 13 ҳазор доллари корафтодаро азхуд карданд

Ҳамзамон, гумонбар бо ҳамин роҳ рӯзи 19-уми декабри соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, барои гирифтани раводиди корт ба давлати Латвия аз ӯ 3 ҳазору 870-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
ВКД, раводид, қаллобӣ, сокини пойтахт, боздошт