ДУШАНБЕ, 29 янв – Sputnik. Дар вилояти Хатлон ҳоло ҳафт муасисаи таълимӣ ва филали онҳо дар хонаҳои шахсӣ, вагон ва дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, хабар додааст сомонаи “Фараж”.
Манбаъ аз қавли Баҳриддин Ҳалимов, мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилояти Хатлон, иттилоъ дод, ки дар аввали соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 21 муассисаи таълимӣ дар хона, вагон ва дар ҳолати садамавӣ буданд.
Ваъдаи Бег Сабур барои таъмини алоқаи мобилӣ ба як деҳаи дурдасти Бадахшон
“То охири соли 2020-ум 15 адади он аз хона, вагон бароварда шуда, ҳоло 7 адади дигар боқӣ мондаст”, - изҳор доштааст Ҳалимов.
Гуфта шудааст ин гуна мактабу филалҳое, ки дар вагон, хона ва ҷойҳои ҷаъиятӣ қарор доранд, дар ноҳияи Балҷувон, Муъминобод, Ховалинг, Панҷ ва Кӯшониён ҷойгир мебошанд.
“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳо ва Раёсати морифи вилоят талош доранд, ки то охири соли 2021 пурра мактабҳоро аз вагон, хонаҳои шахсӣ ва аз ҳолати садамавӣ бароранд”, - таъкид кардааст Баҳриддин Ҳалимов.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳ, парвандаи ҷиноятии Раҷабов Абдукарим Маҳмадшарифович бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди шаҳри Бохтар ворид шуда, тафтишоти судӣ муаян кард, ки номбурда бар хилофи талаботи моддаҳои 41 ва 46-и қонунгузорӣ "дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" амал намудаааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии асоси нуҳсолаи фарзанди ноболиғаш Раҷабова Майрамби Абдукаримовнаи 16-сола, ки то синфи 8-ум дар мактаби №42-и шаҳри Кулоб таҳсил карда, минбаъд давоми таҳсилоташро дар муасисаи миёнаи умумии №7-и шаҳри Бохтар идома дода, ба синфи 9-ум гузаштааст, монеъ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Раҷабов далели ин корашро паст будани шароити зиндагиаш унвон кардааст.
Гуфта мешавад, Раҷабов Абдукарим аз 17 авагусти соли 2020 то инҷониб нагузоштааст, ки духтараш таҳсилоти ҳатмии асосии нуҳсоларо идома диҳад, ки дар натиҷа номбурда аз гирифтани таҳсилот то айни замон дур монда, соли хониши 2020-2021 умуман таҳсил накардааст.
Шароит надоранд, ё қонунро намедонанд? 30 парванда алайҳи волидон дар Суғд
Додгоҳ барои чунин амалкард Раҷабов Абдукарим Маҳмадшарифовичро дар содир кардани ҷинояти бо моддаи 164-и қонунгузорӣ гунаҳгор дониста, бо дастрасии моддаи 63-и КҶ Тоҷикистон ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 9000 сомонӣ ҷарима бастааст.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар шимоли кишвар низ барои чунин ҳолатҳо даҳҳо парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба волидайни ноболиғон кушода шуда буд.
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Каримзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои бунёди мактаби муосири русӣ дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд қитъаи замин ҷудо шудааст.
Ӯ афзуд, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ шурӯъ мешавад.
“Ҳоло ҳамаи корҳои ободонӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин ва ҳуҷҷатгузориҳо омода шудааст ва рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд”, - гуфт Каримзода.
Вазир: дар кишвар норасоии омӯзгорони забони русиву англисӣ вуҷуд дорад
Cохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳр - Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дар назар аст.
Осим Каримзода мегӯяд, мактабҳое, ки аз ҷониби Федератсияи Русия бунёд мешаванд, дорои шароити комили таълимӣ буда, барои хонандагону омӯзгорон сохтмони хобгоҳ ҳам дар назар аст.
Манбаъ афзуд, интизор меравад, ки дар ин макотиб омӯзгорон аз Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба кор гирифта мешаванд. Хонандагон аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар тибқи озмун қабул карда мешаванд.
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Воҳидулло Валади Мирафғони 29-солаи шаҳрванди Афғонистон ҳангоми интиқоли маводи нашъаовар дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуд.
Манбаъ мегӯяд, ҳангоми кофтуков аз ӯ 79 килою 974 гарм ҳашиш, 20 килою 72 гарм афъюн ва 2 килою 410 грам метаамфитамин кристал, дар умум 102 килою 984 гарам воситаҳои нашъадор дарёфту мусодира гардид.
Худи Воҳидуллоҳ зимни бозпурсӣ гуфт, бо даъвати шариконаш аз Тоҷикистон ба ин кор ҳамроҳ шудааст.
"Ҳоҷифирадвс, ки маро гуфт биё мерем Тоҷикистон ба тоҷикӣ гап мезад. Гуфтанд ҳаминҷо маводи мухаддир аст, як мошини тоҷикӣ меод ва сад доллар медиҳаду бор мекунад. Мошини тоҷикӣ омад маводи мухаддирро бор кард ва ман низ савори мошин шудам, ки пулисо доштанд",-мегӯяд шаҳрванди Афғонистон.
Агентӣ гуфт дар як сол чӣ қадар маводи мухаддир мусодира шудааст
Гуфта мешавад дар пайи кофтуков саркадаи гуруҳи ҷонӣ ва шарикони ӯро низ ошкор шудаанд.
"Муаян шуд, ки роҳбари гуруҳ Каримов Икром бо тахаллуси Ҳоҷӣ Икроми 41-сола сокини ноҳияи Ёвон мебошад ва ин маводи мухаддир бо маслиҳати ӯ ба Тоҷикистон ворид шудааст", - мегӯяд ВКД.
Ба иттилои манбаъ, дигар нафарони паҳнкунанда Шарипов Шералии 56-солам сокини Панҷ, Абдуллозода Худшед бо тахаллуси Ҷамшед сокини Ёвон, Давлатов Саиди 36-сола сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва Яъқуби Абдулмаҷид шаҳрванди Афғонистон мебошад.
Ин ниҳод мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҷор нафар боздошт шуда, саркардаи гуруҳ Ҳоҷӣ Икром ва Яъқуби Абдулмаҷид дар пайгард қарор доранд.
Боздошти афсари нерӯҳои марзбонии КДАМ бо миқдори зиёди маводи мухаддир
ВУД мегӯяд ин гуруҳ талош доштанд маводи мухаддирро дар қаламрави Тоҷикистон ба фурӯш бароранд.
Нисбат ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.