Маҳмадюсуф Имомазода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон

“Гиреду ғам надиҳед”: вазир ба мақомоти тафтишотӣ чӣ паём дод?

3338
(Таҷдидшуда 20:41 06.02.2021)
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ба омори мақомоти тафтишотӣ, ки ҳамеша соҳаи маорифро фасодзадатарин дар Тоҷикистон қаламдод мекарданд, вокуниш кард

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Имомзода дар пасманзари гузоришҳо дар бораи фасодзадагии соҳаи маориф, изҳор дошт, ки ин соҳа як фисадии бузургеро дар иқтисоду буҷет соҳибӣ мекунад.

Вазир дар оғоз хост ба ин нукта таваҷҷӯҳ шавад, ки соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиону 700 ҳазор нафар, ё худ 27% - и аҳолии қариб 10-миллионнафарии кишварро фаро мегирад ва ҳам 5 миллиарду 597 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, 19,9% - и буҷет ва 6% - и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) – и Тоҷикистонро ташкил мекунад.

Имомзода бо зикри ин омор изҳор дошт, ки аз ҳамин коэфитсент баровардан мумкин аст, ки тахаллуфҳои молӣ чанд фоизро ташкил медиҳанд. Ӯ мӯътақид аст, ки ин рақами хурде хоҳад буд. Дар баробари ин таъкид намуд, ки ҳатто агар як ҳолати тахаллуфи молӣ ҳам бошад, барои соҳаи маориф, ки соҳаи ахлоқӣ, маънавӣ ва тарбиявӣ аст, қобили қабул нест, бисёр чизи бад, манфӣ ва манфур аст.

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон чанд рӯзи қабл эълон дошт, ки сохторҳои зертобеи Вазорати маориф бештар аз ҳама вазорату идораҳои дигар дар соли 2020 маболиғи буҷетро ҳайфу майл кардаанд. Бино ба иттилои ин ниҳод, тахаллуфҳои молиявӣ дар ин ниҳод ба маблағи 10,8 миллион сомонӣ ошкор шудааст.

Дар ин рообита Муҳаммадюсуф Имомзода гуфт, бино ба ташхиси анҷомдодаи вазорат, қисми зиёди ин маблағҳое, ки эълон мешаванд, аз қарзи андоз ё ҳиссаҷудокуниҳои маблағҳои ба муассисаҳо воридшуда аст. Вай афзуд, ин маблағҳо пурра, аммо аз нигоҳи замонӣ дер интиқол шуда, ба замони тафтиши сохторҳои дахлдор рост омадаанд.

"Ин қарз буд, ки баъдан муассисаҳо он ҳамаро пардохт мекарданд. Мо ҳоло бо вазорати молия низ гуфтугӯ карда истодаем, ки минбаъд ягон система ё механизми нав пешниҳод кунанд, то маблағҳое, ки андозу дигар пардохтҳо ҳастанд, саривақт аз суратҳисобҳои муассисаҳо гирифта шавад, то дигар чунин амалҳо такрор нашаванд”, - гуфт вазири маориф ва илми Тоҷикистон.

Аз ҷумла пешниҳод шудааст, ки андозу дигар пардохтҳо мустақим аз ниҳоди масъули тақсими маблағҳо ба ниҳоди ҷамъоварандаи маблағҳо ироа карда шаванд, то заминае барои тахаллуфҳои молӣ пайдо нагардад.

3338
Барчаспҳо:
буҷа, пул, маориф, Тоҷикистон
Осим Каримзода, сардори Идораи маорифи вилояти Суғд

Русия дар Хуҷанд мактаб месозад: қабули талабаҳо тариқи озмун мешавад

623
(Таҷдидшуда 12:22 24.02.2021)
Осим Каримзода, сардори Идораи маорифи вилояти Суғд, мегӯяд, сохтмони мактаби муосир аз ҷониби Русия дар шаҳри Хуҷанд ба наздикӣ оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Каримзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои бунёди мактаби муосири русӣ дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд қитъаи замин ҷудо шудааст.

Ӯ афзуд, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ шурӯъ мешавад.

“Ҳоло ҳамаи корҳои ободонӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин ва ҳуҷҷатгузориҳо омода шудааст ва рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд”, - гуфт Каримзода.

Вазир: дар кишвар норасоии омӯзгорони забони русиву англисӣ вуҷуд дорад

Cохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳр - Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дар назар аст.

Осим Каримзода мегӯяд, мактабҳое, ки аз ҷониби Федератсияи Русия бунёд мешаванд,  дорои шароити комили таълимӣ буда, барои хонандагону омӯзгорон сохтмони хобгоҳ ҳам дар назар аст.

Манбаъ афзуд, интизор меравад, ки дар ин макотиб омӯзгорон аз Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба кор гирифта мешаванд. Хонандагон аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар тибқи озмун қабул карда мешаванд.

623
Барчаспҳо:
мактаб, Тоҷикистон
Школьники идут по улице города Душанбе

“Шаҳри ҳушманд” дар 50 мактаб барномаи “eDonish”-ро фаъол месозад

167
Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” – “Smart City”-и ҳукумати Душанбе барномаи электронии “eDonish”-ро дар 50 мактаби пойтахт фаъол мекунад

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод, ки феълан барномаи электронии “eDonish” дар 5 муассиса фаъол буда, дар 20 муассисаи дигар муаррифӣ гардид. Дар назар аст, ки ояндаи наздик дар 50 мактаби шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардад, хабар дод “Ховар” аз қавли раёсати маорифи пойтахт.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки барномаи “eDonish” хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.

“Ин барнома ҳамчунин шомили унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши онҳо мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр гардидааст, ки тавассути ин барнома волидон метавонанд вазифаҳои хонагии фарзандонашонро аз фанҳои таълимӣ, супоришҳои омӯзгорон ва дигар маълумоти заруриро, ки аз маъмурияти муассисаи таълимӣ мерасанд, бо паёмак ба телефон дастрас намоянд.

Таъкид шудааст, ки барномаи “eDonish” ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки бо волидайни хонандагон робитаи боз ҳам зичтар ва доимӣ барқарор намоянду роҷеъ ба раванди таҳсили ҳар хонанда ва сатҳи пешрафти онҳо дар робита бошанд.

167
Барчаспҳо:
фаъолон, барнома, маориф, Тоҷикистон
Дворец нации

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

122
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон 1 март дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.

Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.

Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.

122
Барчаспҳо:
амният, Афғонистон, парлумон, низомиён, Тоҷикистон