Фарход Рахими

Тоҷикистон чанд академикро дар пандемия аз даст дод?

398
(Таҷдидшуда 11:27 15.02.2021)
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии улуми Тоҷикистон, гуфт, маълумоти дақиқро, ки чанде аз донишмандони фавтидаи тоҷик дар соли 2020 бемории коронавирус доштанд, ироа карда наметавонад

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, теъдоди асосии донишмандони даргузашта дар соли 2020 асосан аз 75-сола боло буда, касалиҳои дигар доштанд. Ӯ изҳор дошт, аз ҷумла 6 нафар узви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли гузашта фавтиданд.

"Мо аз ҷавонон танҳо як нафарро аз даст додем, Шамсиддин Ҷалолов, ки 43 сол дошт. Дигар нафароне буданд, ки касалиҳои дигарро ҳам доштанд. То 80 ва 90-сола буданд ва албатта марг як чизи табиӣ аст, мефавтанд. Бевосита ҳуҷҷати тасдиқкунанда надорем, ки аз бемории COVID-19 гузаштанд”, - изҳор дошт Раҳимӣ.

Ӯ афзуд, аксари бемороне, ки фавтиданд, дар хонаҳояшон дунёро падрӯд гуфтанд.

"Академикҳое, ки соли гузашта фавтиданд, касалиҳои қалбу қанд доштанд. Аз ҷумла Мусо Диноршоев касалии қанд доштанд. Аксар дар хонаҳо фавтиданд ва онҳое, ки дар беморхона даргузаштанд, ҳамагӣ се нафар ҳастанд”, - изҳор дошт Раҳимӣ.

Омори баҳсбарангези гирифторию марг аз коронавиус дар ВМКБ: 52 нафар аз чӣ фавтидаанд?

Соли гузашта Тоҷикистонро чун бисёри кишварҳои дигар, пандемияи коронавирус фаро гирифт.

Вазорати тандурустӣ расман 30 апрели соли гузашта аз вуҷуди вируси СOVID - 19 дар Тоҷикистон хабар дода буд. Ба иттилои манбаъ, то моҳи январи соли ҷорӣ расман дар мамлакат, 13 308 маризи коронавирус сабт гардиданд, ки аз ин миён 90 бемор фавтида, 13 218 нафар комилан шифо ёфтанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз 10 январ то ҳол дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

398
Барчаспҳо:
фавт, Академияи илмҳо, Тоҷикистон
Осим Каримзода, сардори Идораи маорифи вилояти Суғд

Русия дар Хуҷанд мактаб месозад: қабули талабаҳо тариқи озмун мешавад

631
(Таҷдидшуда 12:22 24.02.2021)
Осим Каримзода, сардори Идораи маорифи вилояти Суғд, мегӯяд, сохтмони мактаби муосир аз ҷониби Русия дар шаҳри Хуҷанд ба наздикӣ оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Каримзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои бунёди мактаби муосири русӣ дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд қитъаи замин ҷудо шудааст.

Ӯ афзуд, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ шурӯъ мешавад.

“Ҳоло ҳамаи корҳои ободонӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин ва ҳуҷҷатгузориҳо омода шудааст ва рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд”, - гуфт Каримзода.

Вазир: дар кишвар норасоии омӯзгорони забони русиву англисӣ вуҷуд дорад

Cохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳр - Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дар назар аст.

Осим Каримзода мегӯяд, мактабҳое, ки аз ҷониби Федератсияи Русия бунёд мешаванд,  дорои шароити комили таълимӣ буда, барои хонандагону омӯзгорон сохтмони хобгоҳ ҳам дар назар аст.

Манбаъ афзуд, интизор меравад, ки дар ин макотиб омӯзгорон аз Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба кор гирифта мешаванд. Хонандагон аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар тибқи озмун қабул карда мешаванд.

631
Барчаспҳо:
мактаб, Тоҷикистон
Школьники идут по улице города Душанбе

“Шаҳри ҳушманд” дар 50 мактаб барномаи “eDonish”-ро фаъол месозад

168
Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” – “Smart City”-и ҳукумати Душанбе барномаи электронии “eDonish”-ро дар 50 мактаби пойтахт фаъол мекунад

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод, ки феълан барномаи электронии “eDonish” дар 5 муассиса фаъол буда, дар 20 муассисаи дигар муаррифӣ гардид. Дар назар аст, ки ояндаи наздик дар 50 мактаби шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардад, хабар дод “Ховар” аз қавли раёсати маорифи пойтахт.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки барномаи “eDonish” хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.

“Ин барнома ҳамчунин шомили унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши онҳо мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр гардидааст, ки тавассути ин барнома волидон метавонанд вазифаҳои хонагии фарзандонашонро аз фанҳои таълимӣ, супоришҳои омӯзгорон ва дигар маълумоти заруриро, ки аз маъмурияти муассисаи таълимӣ мерасанд, бо паёмак ба телефон дастрас намоянд.

Таъкид шудааст, ки барномаи “eDonish” ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки бо волидайни хонандагон робитаи боз ҳам зичтар ва доимӣ барқарор намоянду роҷеъ ба раванди таҳсили ҳар хонанда ва сатҳи пешрафти онҳо дар робита бошанд.

168
Барчаспҳо:
фаъолон, барнома, маориф, Тоҷикистон
Камнепад в Таджикистане

Ҳушдори КҲФ аз селу сангрезӣ ва дамои ҳаво барои имрӯз

29
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар такя ба Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ додааст, ки дар кишвар ҳавои ноустувор ва боришот то охири ҳафта боқӣ хоҳад монд.

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, бо сабаби боришоти дарпешистода ва болоравии заминаи ҳарорат, обшавии босуръати барф дар кӯҳҳо ба амал меояд, ки метавонад ба эрозияи хок ва ҳаракати онҳо, ба баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо, обанборҳо ва инчунин ба харобӣ ва эрозияи хатти соҳили дарёҳо ва кӯлҳо.

"Дар натиҷаи боришот, хатари фаромадани тарма, сел ва сангрезаҳо боқӣ мондааст",-афзудааст манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аҳолиро даъват мекунад, ки аз сафар, сайругашт ба минтақаҳои тарма, ҷамъоварии гиёҳҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.

Тибқи иттилои Ожонси обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти борон дар назар аст.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва  рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 18-23 ва рӯзона  2-7 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрноки бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда,  танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон пешбинӣ мешавад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук  то 3 дараҷа гарм ва рӯзона  3+8  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона  1+3  ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

29