Списки

Зойиров дар ҳуҷраи ҳизбаш Анҷуман баргузор кард

16
(Таҷдидшуда 09:30 29.12.2014)
Ин ҳизб аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод кард. Аз ҷумла аз Улфатхонум Маҳмадшоева, аз Хоруғ, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддон ва Мирҳусейн Назриев, раиси пешини ҲСТ-ро пешниҳод кардааст.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Анҷумани Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2015 аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ 22 номзад пешниҳод кард, хабар медиҳад сомонаи Tojnews.

Дар анҷумани ҳизб, ки 27 декабр дар қароргоҳи ҲСДТ баргузор шуд, номзадҳо аз рӯи алфавит пешниҳод шуд. Ба ин тартиб Амният Абдулназаров, яке аз аъзои сотсиал-демократ дар сархат қарор гирифт.

Ба илова, дар идомаи рӯйхати ҳизб исми адвокатҳои маъруфи тоҷик — Бузургмеҳр Ёров, Файзинисо Воҳидова, Толиби Сангин, Шуҳрат Қудратов омадааст.

Инчунин, ин ҳизб аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод кард. Аз ҷумла аз Улфатхонум Маҳмадшоева, аз Хоруғ, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддон ва Мирҳусейн Назриев, раиси пешини ҲСТ-ро пешниҳод кард.

Дар рӯйхати ҳизбӣ исми Раҳматилло Зойиров, дар ҷойи шашум ва Шуҳрат Қудратов, муовини раиси ҳизб, ки феълан дар ҳабси пешакист, дар ҷойи ҳафтум қарор дорад.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари ҲСДТ аз рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба вакилӣ номашро хат зад. Сабаби бозпас гирифтани номзадияшро Ҳакимов ба журналистон шарҳ дода гуфтааст, "бо сабаби надоштани маблағ исмашро аз рӯйхати ҳизбӣ пешниҳод намекунад". Аммо дар ҳавзаи якмандата дар ноҳияи Конибодом пешниҳод хоҳад кард. Ҳамчунин Дилбар Самадова аз рӯйхати номзадҳои ҲСДТ бо баҳонаи кори илмӣ доштан, номзадияшро бозпас гирифт. Ғулом Зариф, яке аз дигар номзади сотсиал-демократҳо бо изҳори сипос аз Анҷуман гуфт, ки "нафақахӯр мебошаду тавони ширкат дар интихоботро надорад".

Раҳматилло Зойиров дар як суханронии кӯтоҳ дар назди вакилони ҳизбаш гуфт, ки ягон ташкилот ва ё идорае ҳозир нашуд, ба ҳизб толор ба иҷора диҳад. Ин аст, ки Анҷуман дар қароргоҳи ҳизб дар як ҳуҷра баргузор мешавад.

Аксар ширкаткунандагони Анҷумани ҳизб, ки беш аз 50 вакил буданд, дар ҳуҷраи қароргоҳи ҳизб рост меистоданд.

16
Барчаспҳо:
анҷуман, номзад, интихобот, ҲСДТ, Толиби Сангин, Амният Абдуназаров, Файзинисо Воҳидова, Шуҳрат Қудратов, Бузургмеҳр Ёров, Раҳматилло Зойиров, Шокирҷон Ҳакимов, Душанбе
Мавзуъ
Анҷумани ҲСДТ барои як ҳафтаи дигар ба таъхир афтод
Арестованный мужчина за оскорбление своей матери

Боздошту ҳабси сокини Душанбе барои дашному таҳқири модари пираш

569
(Таҷдидшуда 12:01 28.08.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе аз боздошти як марди 36 сола хабар медиҳад, ки модари пиронсолашро ҳақорату дашномҳои қабеҳ кардааст.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Қараев Аҳмад Пулодович истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Ф. Муҳаммадиев дар ҳолати мастӣ дар назди манзили истиқотиашон бо модари пиронсоли худ муноқиша ва нисбаташ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ӯро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додаст.

“Ин амали ӯ мавриди вокуниши шаҳрвандон ва истиқоматкунандагони бинои мазкур қарор гирифта, ҷиҳати андешидени чораҳои дахлдори қонунӣ ба кормандони милитсия муроҷиат намудаанд”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ба ҷойи эҳтиром ба майнӯшӣ машғул шудаву модари муштипари худро дар назди ҳамсоягону дигар шаҳрвандон мавриди дашному ҳақорат қарор дода, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст.

Ҳукми уламо ба марде, ки рӯза медошту зану фарзандонашро дашном дода, мезад

Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Қараев Аҳмад Пулодович парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикстон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

569
Тӯҳфаи Филлип Киркоров ба Максим Галкин, ҷураби помирӣ

Ҷураби помирӣ: тӯҳфаи солинавии Филипп Киркоров ба Максим Галкин

3002
(Таҷдидшуда 16:52 03.01.2017)
Филипп Киркоров ситораи эстрадаи рус дар барномаи солинавии "Максим Максим" ба барандаи барнома Максим Галкин ҷураби помирӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ситораи эстрадаи рус Филипп Киркоров дар барномаи солинави "Макисм Максим", ки 2-январи соли 2017 тариқи шабакаи 1-телевизиони Русия намоиш дода шуд,  ба Максим Галкин ҷураби помирӣ ҳадя карда,гуфт, ки онро холаи Мари махсусан барои Максим бофтааст, то бемор нашавад.

"Холаи Мари, ки ҳоло бо тарбияи фарзандонам машғул аст, ин "наски"-ҳоро махсус барои ту бофт",-гуфт Филипп Киркоров зимни тақдими тӯҳфа.

Максим Галкин-"Ман аз Якубович чӣ камӣ дорам",-гӯён онҳоро ба по кашид.

Алла Пугачева, примадонаи саҳанаи рус, ки низ дар барнома ширкат дошт, як пои ҷурабро санҷид. Барои ӯ собиқ шавҳараш ҷузвдони махсус ҳадя кард.

Ҷураби помирӣ-як қисми ҷудонашандаи либои зимистонаи мардуми Бадахшон ба шумор рафта, дар ҷаҳон ягона аст. Қариб ҳамаи занони ВМКБ аз ӯҳдаи бофтани ҷураби помирӣ мебароянд. Ҷураб асосан бо риштаи аз пашми гусфанд омодашуда,бофта мешавад. Ранги ҷурабро ҳар як бофанда бо табъи дили худ интихоб мекунад. Асосан рангҳои баланд: сурх, сабз, зард, сафед, сиёҳ ва ғайраҳо истифода мешаванд.

Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ-занони Помир ба фронт чандин ҳазор ҷураб таҳти шиори "Ҳама чиз барои фрот ва чиз барои ғалаба" равон карданд.

Мардуми Бадахшон ҷурабро ҳамчун тӯҳфа ба меҳмонони олиқадр ҳадя мекунанд.

3002
Барчаспҳо:
ҷураби помирӣ, барномаи солинавӣ, Русия
Мавзуъ
"Тоҷик Эйр": тӯҳфаи беҳтарин саломатӣ аст
Таҷлили Соли нав дар шаҳри Душанбе
Табрикоти шахсони машҳури Тоҷикистон: дӯстӣ бо Узбакистон, саломатӣ ва сулҳ
Табло АЗС города Худжанд

Ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон

0
Арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон тайи як рӯзи ахир якбора боз боло рафт

ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Бино ба нархномае, ки ахиран ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ пешниҳод кардаанд, қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар кишвар наздики 1 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Бар асоси нишондоди нуқтаҳои фуруши бензин барои 1 литр сӯзишвории навъи 92 дар Хуҷанду Душанбе 7 сомонию 80 дирам ва барои тамғаи 95 бошад 8 сомони 10 дирам медиҳанд.

Ях ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон дар Хуҷанд гуфт, бо ин нар ҳам дар баъзе нуқтаҳо бензин камёфт шудааст.

Аммо дар Хоруғ бошад болотар барои як литр сӯзишвории навъи 92 беш аз 8 сонию 40 дирам медиҳанд.

Ин нишондод дар ҳолест, ки аз авали соли ҷорӣ, як литр бензин дар ҷумҳурӣ вобаста ба тамға ва минтақаи 5,80-6,90 сомонӣ арзиш дошт.

Як манбаи дигари Sputnik Тоҷикистон гуфт, болоравии нархи маводи сухт ин ба маҳдудияти воридот аз Қирғизистон аст.

"Ҳукумати Қирғизистон қарор қабул кард, ки маводи сухт ба хориҷа содир нашавад. Мақомти қудратии он кишвар дидбонгоҳҳоро сахт назорат мекунанд ва ҳамзамон ба шикори қочоқчиён пардохтаанд, ки на ҳар кас дар чунин вазъ тавакал мекунад".

Ба гуфтаи ӯ, тариқи қонунӣ ба кишвар аз Қирғизистон кам ворид мешуд, аммо аксар маводи сухт аз ин кишвар тариқи пинҳон ворид мегашт.

Болоравии нарх дар бозори нафт: то кай ин ҷараён идома меёбад

Раҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон қаблан дар бораи болоравии қиммати сузишворӣ гуфта буд, ки болоравии он ба Русия, ки воридкунандаи асосӣ аст, рабт дорад. Ба гуфти ӯ дар соли 2020 дар Русия 26 фисад боло рафта буд.

Ӯ гуфта буд, ки ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ барои беасос баланд кардани нарх ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷарима шуда буданд.

Бино ба қарори сарвазири Қирғизистон, мақомоти зидахли ин кишвар – шуруъ аз Хадамоти гумруку марзбонӣ то вазорати нақлиёту Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ин кишвар дастури қатъӣ гирифтаанд, ки аз ҳар гуна талош барои содироти ғайриқонунии нафту фаровардаҳои нафтӣ ҷилавгирӣ намоянд. 

Ин қарор аз рӯзи имзо шуданаш, яъне 3 марти соли равон, ба иҷро даромадааст.

Тибқи иттилои расмӣ, Қирғизистон бо саҳми 2,02% сеюмин кишвари воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ пас аз Русия (78,43%) ва Қазиқистон (15,24%) ба бозори Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин кишвар дар соли 2020 дар ҳаҷми 11 ҳазору 780, 93 тон маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, ба маблағи 5 миллиону 333 ҳазору 248 доллар ворид кардааст.

Мавҷи нав: болоравии нархи нафт пешгӯӣ шуд

 

 

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз Русия ворид карда мешавад. Бино ба иттилоъи расмӣ, соли гузашта ба кишвар 234 ҳазор тон бензин ва 298 ҳазор тон сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст.

0