Здание ПИВТ в Душанбе. Архивное фото

Муовини раиси ҲНИТ аз Кӯлоб номзади интихобот шуд

9
(Таҷдидшуда 10:03 05.01.2015)
Сайидиброҳими Назар дар рӯйхати ҳизбии номзадҳои ҲНИТ ба интихоботи парлуомнӣ мақоми дувумро соҳиб аст. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 ин мақомро Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизб соҳиб буд, ки дар натиҷа дувумин вакили парлумон аз ҲНИТ гардид.

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Сайидиброҳими Назар, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуривӣ аз шаҳри Кӯлоб ҳамчун номзади ҲНИТ ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ шудааст, хабар медиҳад сомонаи ин ҳизб.

Сайидиброҳими Назар дар рӯйхати ҳизбии номзадҳои ҲНИТ ба интихоботи парлуомнӣ мақоми дувумро соҳиб аст. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 ин мақомро Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизб соҳиб буд, ки дар натиҷа дувумин вакили парлумон аз ҲНИТ гардид.

Номзадии Сайидиброҳими Назар бо акрасияти орои вакилони конфронси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб номзади интихоботи парлумонӣ шудааст.

Собрание ПИВТ. Архивное фото
Официальная страница ПИВТ в Facebook

Ин номзад дар интихоботи соли 2010 низ аз рӯйхати ҳизбӣ пешниҳод шуда буд. Аммо натавонист вориди парлумон гардад. Дар соли 2011 низ дар интихоботи миёндавраӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамчун номзад пешниҳод гардид. Вале ба далели ворид накардани аъзои ҲНИТ ба қитъаҳои раъйдиҳӣ, аз идомаи мубориза дар интихоботи миёндавраи даст кашид. Дар натиҷа, аз ҳавзаи Сино Амирқул Азимов, намояндаи Ҳизби халқӣ-демократӣ барандаи интихобот гардид.

9
Барчаспҳо:
номзад, интихоботи парлумонӣ, Шуъбаи Кӯлоб, ҲНИТ, парлумон, Сайидумар Ҳусайнӣ, Амирқул Азимов, Сайидиброҳими Назар, Кӯлоб, Тоҷикистон
Мавзуъ
Феҳристи номзадҳои шаш ҳизб ба КМИР пешниҳод шуд