Выборы. Архивное фото

Раиси шаҳри Кӯлоб вакили Маҷлиси намояндагон шуданист

21
(Таҷдидшуда 17:20 22.01.2015)
Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон дар Тоҷикистон аз аҳзоби сиёсӣ идома дорад.

Душанбе, 12 янв — Sputnik. Абдуғаффор Азиз Раҳмонзода, мири шаҳри Кӯлоб ба сифати номзад дар ҳавзаи якмандатии интихоботии №37 Ҳизби халқии демократии Тоҷикиситонро   намояндагӣ хоҳад кард, менависад сомонаи ҲХДТ.

Абдуғаффор Раҳмонозада бо фармони президенти Тоҷикистон аз 5 январи соли 2012 раиси шаҳри Кӯлоб таъин гардидааст. Қаблан, дар вазифаҳои муовини раиси вилояти Хатлон, муовини вазири рушди иқтисод, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол кор кардааст. Дар сурати интихоб шуданаш ба вакилии парлумон мансаби мири шаҳри Кӯлобро канор хоҳад гузошт. Ҳавзаи мазкур (№37)-ро дар даъвати кунунии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ узви ҲХДТ Амирхон Сафаров намояндагӣ мекунад.

Зимнан, Ҳаёт Одинаев, собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ноҳияи аз ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҳисоби ҲХДТ номзад ба вакилӣ пешниҳод шудааст.

Бино ба иттилои Усмон Солеҳ, раҳбари шӯъбаи иттилоот ва таҳлили ҲХДТ, номзадии Ҳаёт Одинаев дар ҷаласаи Комиҷроияи ҲХДТ дар ин ноҳия ва номзадии Раҳмонозода дар Кӯлоб тасдиқ шуд. Ҳаёт Одинаев, аз соли 2005 то 2008 декани факултети иқтисоди ва идораи Донишгоҳи миллӣ, аз соли 2008 то соли 2011 вакили Маҷлиси намояндагон буд. Моҳи декабри соли 2011 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таин шуд, моҳи августи соли 2012 аз мақомаш барканор шуд.  

Усмон Солеҳ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҲХДТ номзадҳои худ аз 4 ҳавзаи шаҳри Душанберо муайян намудааст, иттилоъ медиҳад оҷонсии TojNews.

"Аз ҳавзаи Исмоили Сомонӣ Гулнора Бобоева, сардори раёсати илму маърифати дастгоҳи иҷроияи президент, аз ҳавзаи Сино,  Ҷамшед Саидов, раиси комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, аз ҳавзаи Шоҳмансур, Сӯҳроб Шарипов, вакил ва аз ҳавзаи Фирдавсӣ Маҳмадалӣ Ватанов пешниҳод шудаанд",- афзуд манбаъ.

Инчунин, аз ҳавзаи Бобоҷон Ғафуров номзадии Мавлуда Қаландарзода, муовини раиси Шӯрои адлия, аз ҳавзаи Ваҳдат номзадии Ҷамшед Муртазоқулов, устоди Донишгоҳи миллӣ  пешниҳод шудаанд.

Ба гуфтаи Усмон Солеҳ дар назар аст, ки аз ҳавзаи Панҷакент Хусрав Абдуназаров, роҳбари ин шаҳр номзад шавад.

Дар палатаи поёнии парлумони кунунии Тоҷикистон аз 63 курсии вакилӣ 55-тои он ба ҳизби ҳокими ҲХДТ рост меояд. Тибқи қонунгузории ҶТ оид ба интихобот ба МН-и МО 42 вакили парлумон аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 21 депутат тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.

Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон қарор аст, аввали моҳи марти соли равон баргузор шавад.

21
Барчаспҳо:
номзад ба вакилӣ, интихобот, ҲХДТ, Ҳаёт Одинаев, Абдуғаффор Азиз Раҳмонзода, Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Ваҳдат
Арестованный мужчина за оскорбление своей матери

Боздошту ҳабси сокини Душанбе барои дашному таҳқири модари пираш

568
(Таҷдидшуда 12:01 28.08.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе аз боздошти як марди 36 сола хабар медиҳад, ки модари пиронсолашро ҳақорату дашномҳои қабеҳ кардааст.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Қараев Аҳмад Пулодович истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Ф. Муҳаммадиев дар ҳолати мастӣ дар назди манзили истиқотиашон бо модари пиронсоли худ муноқиша ва нисбаташ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ӯро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додаст.

“Ин амали ӯ мавриди вокуниши шаҳрвандон ва истиқоматкунандагони бинои мазкур қарор гирифта, ҷиҳати андешидени чораҳои дахлдори қонунӣ ба кормандони милитсия муроҷиат намудаанд”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ба ҷойи эҳтиром ба майнӯшӣ машғул шудаву модари муштипари худро дар назди ҳамсоягону дигар шаҳрвандон мавриди дашному ҳақорат қарор дода, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст.

Ҳукми уламо ба марде, ки рӯза медошту зану фарзандонашро дашном дода, мезад

Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Қараев Аҳмад Пулодович парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикстон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

568
Тӯҳфаи Филлип Киркоров ба Максим Галкин, ҷураби помирӣ

Ҷураби помирӣ: тӯҳфаи солинавии Филипп Киркоров ба Максим Галкин

3002
(Таҷдидшуда 16:52 03.01.2017)
Филипп Киркоров ситораи эстрадаи рус дар барномаи солинавии "Максим Максим" ба барандаи барнома Максим Галкин ҷураби помирӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ситораи эстрадаи рус Филипп Киркоров дар барномаи солинави "Макисм Максим", ки 2-январи соли 2017 тариқи шабакаи 1-телевизиони Русия намоиш дода шуд,  ба Максим Галкин ҷураби помирӣ ҳадя карда,гуфт, ки онро холаи Мари махсусан барои Максим бофтааст, то бемор нашавад.

"Холаи Мари, ки ҳоло бо тарбияи фарзандонам машғул аст, ин "наски"-ҳоро махсус барои ту бофт",-гуфт Филипп Киркоров зимни тақдими тӯҳфа.

Максим Галкин-"Ман аз Якубович чӣ камӣ дорам",-гӯён онҳоро ба по кашид.

Алла Пугачева, примадонаи саҳанаи рус, ки низ дар барнома ширкат дошт, як пои ҷурабро санҷид. Барои ӯ собиқ шавҳараш ҷузвдони махсус ҳадя кард.

Ҷураби помирӣ-як қисми ҷудонашандаи либои зимистонаи мардуми Бадахшон ба шумор рафта, дар ҷаҳон ягона аст. Қариб ҳамаи занони ВМКБ аз ӯҳдаи бофтани ҷураби помирӣ мебароянд. Ҷураб асосан бо риштаи аз пашми гусфанд омодашуда,бофта мешавад. Ранги ҷурабро ҳар як бофанда бо табъи дили худ интихоб мекунад. Асосан рангҳои баланд: сурх, сабз, зард, сафед, сиёҳ ва ғайраҳо истифода мешаванд.

Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ-занони Помир ба фронт чандин ҳазор ҷураб таҳти шиори "Ҳама чиз барои фрот ва чиз барои ғалаба" равон карданд.

Мардуми Бадахшон ҷурабро ҳамчун тӯҳфа ба меҳмонони олиқадр ҳадя мекунанд.

3002
Барчаспҳо:
ҷураби помирӣ, барномаи солинавӣ, Русия
Мавзуъ
"Тоҷик Эйр": тӯҳфаи беҳтарин саломатӣ аст
Таҷлили Соли нав дар шаҳри Душанбе
Табрикоти шахсони машҳури Тоҷикистон: дӯстӣ бо Узбакистон, саломатӣ ва сулҳ
Пояс чемпиона UFC

Агар Ҳабиб наояд, кӣ барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад - раҳбари UFC номҳоро гуфт

0
(Таҷдидшуда 22:58 24.01.2021)
Имрӯз номзадҳои эҳтимолӣ барои унвони қаҳрамонӣ дар як мусобиқа ширкат варзиданд. Муборизаи яке аз онҳо шомро пеш мебурду задухӯрди дигар рӯйдоди бузург буд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки агар қаҳрамони феълии ин ташкилот дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ниҳоят карераи худро ба анҷом расонад, ба кӣ имконият медиҳад, то барои унвони қаҳрамонӣ мубориза барад.

Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ пас аз мусобиқаи UFC 257 изҳор дошт.

Ба гуфтаи Уайт, амрикоиҳо Дастин Поре ва Майкл Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук мубориза мебаранд.

"Агар Ҳабиб биравад, Поре ва Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд",- гуфт роҳбари UFC.

Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкор Поре ва Конор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.

Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.

"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт: "Дана биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.

Аммо ин гуфтаҳои Ҳабиб ба варзишкори дигари амрикоӣ Майкл Чандлер хуш наомад ва ӯ Ҳабибро ба майдони ҳарб даъват кард.

Бояд гуфт, ки ҳарду варзишгари эҳтимолӣ, ки барои камарбанд имкон дорад мубориза баранд, имрӯз дар мусобиқае, ки дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Абу-Даби баргузор шуда буд, ҳунарнамоӣ карданд.

Муборизаи Чандлер бо Дэн Ҳукер аз Зеландияи Нав барҷастатарини шом буд ва муқовимати Поре ва Макгрегор муборизаи асосӣ буд.

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

Поре дар даври дуввум бо нокаут пирӯз шуд, Чандлер рақиби худро бо зарбаҳои шадид дар даври аввал мағлуб кард.

 

 

0
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, қаҳрамонӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC