Бузургмеҳр Ёров аз ноҳияи Рӯдакӣ номзад ба вакилӣ шуд

© Sputnik / Руслан Шалапуда / Гузариш ба медиабонкПарламентские выборы. Архивное фото
Парламентские выборы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин вакили мудофеъ қаблан дар феҳристи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳам ҷой гирифта буд.

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи шинохта, аз роҳи худпешбарӣ дар ҳавзаи якмандатии рақами 8-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон сабтином шуд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Ин вакили мудофеъ қаблан дар феҳристи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳам ҷой гирифта буд.

Ёров мегӯяд, барои сабти номаш дар ҳавзаи якмандатии рақами ҳашти ноҳияи Рӯдакӣ 670 имзо ҷамъоварӣ кардааст. Ҳавзаи якмандатии рақами 8-и ноҳияи Рудакӣ аз 78 участкаи интихоботӣ иборат мебошад.

Бузургмеҳр Ёров ҳоло дар созмони "Сипар" фаъолият дорад ва бештар дар баҳсҳои пурсарусадои додгоҳӣ аз ҷабрдидаҳо ҳимоят мекунад.

Охирин парвандаи пурсарусадое, ки Ёров ба ҳайси вакили дифоъ аз ҳуқуқҳои даъвогарон ҳимоят мекунад, баҳси додгоҳии раиси бозори "Ином"-и Шаҳритус бо яке аз пайвандони раисҷумҳури Тоҷикистон аст.

Лентаи хабарҳо
0