Машина ОБСЕ. Архивное фото

Нозирони САҲА барои назорати интихобот ба Душанбе омаданд

8
(Таҷдидшуда 10:46 20.01.2015)
Клавдия Аранда (Claudia Aranda), сухангӯи намояндагии БДИПЧ-и САҲА гуфтааст, рӯзи 17 январ 14 тан нозири ин созмон барои назорати ҷараёни интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Душанбе омаданд.

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Нозирони намояндагии БДИПЧ-и САҲА барои назорати ҷараёни корзори интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба Душанбе омаданд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Клавдия Аранда (Claudia Aranda), сухангӯи намояндагии БДИПЧ-и САҲА гуфтааст, рӯзи 17 январ 14 тан нозири ин созмон барои назорати ҷараёни интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Душанбе омаданд.

Вай афзудааст, қарор аст дар ҳафтаи оянда боз 16 нафар нозирони ин созмон ба Тоҷикистон бирасанд. Клавдия Аранда мегӯяд, барои рӯшанӣ бахшидан ба барномаи нозирони БДИПЧ дар Тоҷикистон, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА имрӯз, 20 январ як нишасти хабарӣ дар меҳмонхонаи "Ҳайат Реҷенсӣ" баргузор хоҳад кард.

Нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз чанд сол ба ин тараф интихоботҳои президентӣ ва парлумонии Тоҷикистонро назорат мекунанд. Дар аксари маворид ин нозирон интихоботҳои Тоҷикистонро ношаффоф хондаанд.

8
Барчаспҳо:
нозирон, назорат, интихобот, БДИПЧ, парлумон, САҲА, Клавдия Аранда, Душанбе
Мавзуъ
Раҳмон: интихобот мардумро бояд бештар сарҷамъ кунад