Мошини ОБСЕ. Акс аз бойгонӣ

Нозирони САҲА муаррифӣ шуданд

3
(Таҷдидшуда 14:26 20.01.2015)
Ҳайати нозирони Интихобот бо раҳбарии Миклош Ҳарасти аз 14 коршиноси асосӣ дар пойтахти кишвар иборат аст. Афзун бар ин, шурӯъ аз 24 уми январи соли ҷорӣ 16 нафар нозирони дарозмуддат ба манотиқи кишвар фиристода хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари (БДИПЧ) Созмони амият ва ҳамкории Аврупо расман ҳайати нозирони интихоботиаш дар Душанберо имрӯз, 20 январ зимни як нишасти матбуотӣ муаррифӣ кард, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Ҳайати нозирони Интихобот бо раҳбарии Миклош Ҳарасти аз 14 коршиноси асосӣ дар пойтахти кишвар иборат аст. Афзун бар ин, шурӯъ аз 24 уми январи соли ҷорӣ 16 нафар нозирони дарозмуддат ба манотиқи кишвар фиристода хоҳанд шуд.

Ба ҷуз аз ин, Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар 150 нафар нозиронро дар рӯзи интихобот, ки 1 марти соли 2015 баргузор мешавад, барои назорат аз рафти ин маърака дархост хоҳад кард.

"Миссия ҷараёни интихоботро мутобиқи уҳдадориҳои САҲА, дигар уҳдадориҳо ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба интихоботи демократӣ ва ҳамчунин мувофиқати онро бо қонунгузории миллӣ назорат хоҳад кард", — омдааст дар иттилоияи ин созмон.

Миклош Ҳарасти қайд кард, ки кори мо танҳо назорати интихобот аст.

"Мо барои дахолат кардан дар интихобот наомадем. Мо сарпараст ва сиёсатмадор нестем", — қайд кардааст ҷаноби Миклош Ҳарасти.

3
Барчаспҳо:
мутобиқат ба қонунҳо, баҳогузорӣ, манотиқ, нозирон, назорат, интихобот, БДИПЧ, САҲА, Миклош Ҳарасти, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
САҲА интихоботи Ӯзбакистонро идорашаванда номид
Рӯзи баргузории интихоботи ояндаи парлумонӣ дар ҶТ маълум шуд